logo

ҳуқуқ

ОСУДАГИИ ХАЛҚ АЗ РИОЯИ ҚОНУН АСТ

Муҳаммад АРБОБЗОДА,
прокурори ВМКБ, мушовири адлияи дараҷаи 1

Асоси танзими муносибатҳои ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро меъёрҳои ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд. Ҳар давлат вазифадор аст, ки ҳифзи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳуқуқи инсон ва аз ҷониби ҳар шаҳрванд риоя шудани ин меъёрҳоро дар ҷомеа тавассути сохторҳои  худ таъмин намояд. Яке аз чунин фишангҳо, ки волоияти қонунро таъмин менамояд, мақомоти прокуратура мебошад. Бо  вуҷуди  он  ки ин мақомот дар давлатдории тоҷикон таърихи  басо  куҳан дорад, вале бисёре аз олимони соҳа таъсиси расмии онро ба солҳои аввали ташкили Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон рабт  медиҳанд. Бинобар   гувоҳии санадҳои таърихӣ, 14 декабри соли 1924 Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Комиссариати халқии адлия ва Прокуратураи давлатии ҶМШС  Тоҷикистон»  қарор қабул кард ва  22  декабри соли 1924 прокуратураи ҶМШС  Тоҷикистон дар назди Комиссариати халқии адлия   чун мақомоти мустақил ба кор шурӯъ намуд. Вале дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳанӯз сохторҳои он ташкил нашуда буданд. Танҳо дар асоси Фармони Комиссариати Халқии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 1926 прокуратураи ВМКБ ташкил шуда, аввалин прокурори вилоят О.Рязантсев  аз 17 январи соли 1927 ба иҷрои вазифаи хизматӣ шурӯъ намудааст.
Прокуратураи вилоятӣ аз 2 нафар корманд – прокурор ва котиб иборат буда, бинобар мавҷуд набудани мутахассисони риштаи ҳуқуқ аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ ба вазифаҳои прокурору муфаттишон  асосан намояндагони халқи рус ва дигар миллатҳо таъйин мегардиданд. Онҳо  дар шароити ниҳоят мураккаб фаъолият намуда, зуд – зуд иваз мешуданд ва ин ҳолат ба самаранокии кори  прокуратура таъсири манфӣ мегузошт.
29 майи соли  1933 ба  вазифаи прокурори вилоят  сокини шаҳри Хоруғ, яке аз барпокунандагони ҳокимияти Шӯравӣ дар Помир Қирғизбек Қонунов таъйин гардида, дар ин вазифа то моҳи октябри соли 1938 фаъолият намуд. Дар авҷи солҳои таъқибкунӣ роҳбари ин мақоми баландпояи прокуратураи вилоятӣ   бо иттиҳоми  хиёнат ба ватан ба ҳабс гирифта шуда, баъди 8 моҳ аз ҳабс озод  ва  ба вазифаи ёрдамчии Прокурори Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъйин гардид. Аз соли 1944 то моҳи майи соли  1959 вазифаи прокурори вилоятро кадри маҳаллӣ Муқаиршо Донаёров иҷро намудааст.       
Солҳои аввали ташкилёбӣ  мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ ба камбудии шадиди кормандони ҳуқуқ рӯбарӯ гардида, ба мақсади бартараф намудани ин мушкилот  дар  назди  Комиссариати халқии адлия курси 2 - моҳа кушода шуд, ки  дертар дар заминаи он  мактаби 2 - солаи ҳуқуқшиносӣ таъсис ёфт.
Солҳои аввал дар ҳудуди вилоят прокуратураҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ вуҷуд надоштанд. Танҳо аз соли 1935 дар дастгоҳи прокуратураи вилоят вазифаи ҷонишини прокурор, сармуфаттиш ва котиба ҷорӣ карда шуда, прокуратураҳои  ноҳияҳои  Шуғнон, Мурғоб, Вахон, Бартанг, Рӯшон, Ишкошим ва Ванҷ таъсис ёфтанд, ки воҳиди кории онҳо аз прокурор ва муфаттиш иборат буд.
Баҳри баланд бардоштани малакаи корӣ ва дониши ҳуқуқии кормандони прокуратура аз соли 1935 курсҳои кӯтоҳмуддат ва кружокҳои (даврҳои)  ҳуқуқшиносӣ   кушода шуда, ҳамзамон  барои омӯзондани забони тоҷикӣ ба кормандони прокуратура  аз  дигар миллатҳо  ва ба  кормандони маҳаллӣ омӯзиши алифбои лотинӣ ба таври маҷбурӣ ба роҳ монда шуда, моҳе чор маротиба  чунин машғулиятҳо   гузаронида мешуданд. Аз  моҳи  майи соли 1945   дар  прокуратураи  ВМКБ  комиссияи аттестатсионӣ ба фаъолият шурӯъ намуд ва кормандоне, ки баҳри баланд бардоштани савияи дониши худ кӯшиш накарданд, ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда,  маҷбуран барои таҳсил   ба мактаби ғоибонаи ҳуқуқшиносӣ  ба шаҳри Душанбе фиристода шудаанд.
То соли 1950  прокуратураҳои шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят  бинои маъмурӣ надошта, дар биноҳои кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо кор  мекарданд.  Дар давоми солҳои 1950 – 1970 биноҳои маъмурии прокуратураҳо дар ноҳияҳои Ванҷ, Мурғоб, Ишкошим ва Шуғнон сохта ба истифода  дода шудаанд. Биноҳои прокуратураҳои ноҳияҳои Дарвоз ва Рӯшон  танҳо  дар  замони   истиқлолияти миллӣ -соли 2004 - ум  сохта  ба истифода дода шуданд.
Аз соли 1959 то давраи соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварии прокуратураи вилоятро  Кенҷабой Урунов (1959 – 1962),  Г.Г. Количев (1962 – 1964), Қаюм Азизов (1964 – 1969), Ғафур Шаропов (1969 – 1973), Н. Зарипов (1973 – 1976), Имомқул Наврузқулов  (1976 – 1986), А.Ф.Иванов (1986 – 1990) ва аз моҳи августи соли 1990 то моҳи августи соли 1992  С.Ҷумаев   иҷро намуданд.      
Саҳми  И. Наврузқулов дар  таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар вилоят басо калон аст. Меҳнати садоқатмандонаи  ӯ бо медалу ифтихорномаҳо  қадр шуда, аз байни кормандони мақомоти прокуратураи  ВМКБ   нахустин касест, ки бо унвони «Ҳуқуқшиноси шоистаи ҶШС Тоҷикистон» мушарраф гардидааст.
Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар вазифаҳои гуногун  Н. Азизуллоев, С. Хоҷаев, Ғ. Абдуллоев, В. Ақдодов,  М. Саидбеков, М. Шофақиров, А. Ақжол-беков, М. Муқаиршоев пурмаҳсул фаъ-олият намуда, барои меҳнати софдилона В. Ақдодов, М. Саидбеков., М. Шофақиров ва М. Муқаиршоев бо унвони «Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  сарфароз  гардиданд.
9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон мустақилият ва соҳибихтиёрии худро эълон намуд. Новобаста аз душвориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ  ва иҷтимоӣ Тоҷикистон дар роҳи таъмини истиқлолият қадамҳои устувор гузошта, барои фаъолияти мақомоти прокуратура шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Вале дар натиҷаи кашмакашҳои сиёсии  дохилии  соли 1992 дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ сар зада, риштаи ҳаёти ҳазорҳо нафар канда шуда, даҳҳо ҳазор нафар гуреза шуданд. Ба иқтисоди мамлакат зарари ниҳоят вазнин расонда шуд ва қисми зиёди мутахассисони варзида, аз ҷумла ҳуқуқшиносон кишварро тарк карданд.
Дар чунин вазъияти муташанниҷ кормандони прокуратураи ВМКБ  дар ҳамкории зич бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти қудратӣ барои мустаҳкам намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ андешидаанд.
Баъди иҷлосияи 16 - уми  Шӯрои  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва зимоми давлатдориро ба даст овардани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нисбатан муътадил гардид. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ  ҳанӯз дар дасти аҳолии вилоят, махсусан сокинони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон миқдори зиёди яроқи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ мавҷуд буда, бо истифода аз онҳо ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз қабили куштор, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, ба гаравгон гирифтани шаҳрвандон содир мешуданд.
Бо назардошти вазъияти баамаломада ва бо мақсади решакан кардани сабабу шароитҳои содиршавии ҷиноятҳо назорати прокурорӣ ҷиҳати иҷрои Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 2 аз 2 январи соли 1994 «Дар бораи худихтиёран супоридан ва мусодира намудани яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таҳти № 464 аз 12 апрели соли 1996 «Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор» ва дигар қонунгузориҳо пурзӯр шуд.           
Дар натиҷа аз гурӯҳҳои силоҳбадаст миқдори зиёди яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ мусодира гардида, аз гардиши ғайриқонунӣ садҳо килограмм  маводи нашъадор гирифта шуда, ҷинояткорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Аз ҷониби кормандони прокуратураи вилоят тамоми имкониятҳо баҳри ба эътидол овардани вазъияти сиёсию иҷтимоӣ истифода шуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ муяссар гардид, ки сатҳи ҷиноятсодиркунӣ дар вилоят, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин кам шуда, зиёда аз 30 ҳазор гуреза ба ҷои зисти пештара баргардонда шудаанд.
Тадриҷан мустаҳкам гардидани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, асосан ҷинояткории муташаккилона, зоҳир намудани принсипнокӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба гурӯҳҳои ҷинояткор табъи дил набуд. Бо ин асос дар давоми ин солҳо аз ҷониби онҳо чандин маротиба кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура мавриди ҳамла қарор дода шуда, куштор ва суиқасди ҷисман нобуд кардани онҳо амалӣ карда шудааст.
Вале ҳамаи ин кӯшишҳои ҷинояткорона иродаи кормандони прокуратураро шикаста натавониста, онҳо вазифаҳои хизматии худро софдилона иҷро мекунанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандони прокуратура  диққати ҷиддӣ дода шуда, пас аз ба вазифаи Прокурори генералӣ таъйин гардидани мушовири ҳақиқии давлатии адлия Шерхон Салимзода кормандон танҳо дар асоси озмун ба кор қабул гардида, дар ҷараёни кор  бозомӯзии онҳо ташкил шудааст. Аз ҷумла, дар давоми солҳои охир  тамоми мутахассисони ҷавон, ки дар прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият намуданд, ба бозомузӣ фаро гирифта шудаанд.
Баҳри фароҳам овардани шароити корӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, соли 2004 бинои маъмурии прокуратураи ноҳияи Рӯшон соли  2009 прокуратураи ноҳияи Дарвоз, соли 2010 бинои маъмурии прокуратураи ВМКБ, соли 2012 прокуратураи ноҳияи Ванҷ ва соли 2013 бинои маъмурии прокуратураи ноҳияи Шуғнон сохта, ба истифода дода шуд ва бо тамоми асбобу анҷом ва таҳҷизоти техникӣ таъмин гардиданд. Собиқ бинои маъмурии прокуратураи ВМКБ ба прокуратураи шаҳри Хоруғ дода шуда, биноҳои маъмурии прокуратураҳои ноҳияҳои Роштқалъа, Мурғоб ва Ишкошим аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд.
Баъди бетартибиҳои оммавии 21 майи соли 2014, ки бинои прокуратураи ВМКБ ва таҷҳизоти он ба коми оташ рафт, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ бо маблағгузории зиёда аз 940 ҳазор сомонӣ таъмиру тармим ва бо таҳҷизоти зарурӣ таъмин гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.  
Дар ин  муддат   барои  истифодабарӣ  ба дастгоҳи прокуратураи ВМКБ, прокуратураҳои шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Роштқалъа, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон автомошинҳои хизматӣ ҷудо гардида, инчунин дастгоҳи прокуратураи ВМКБ, прокуратураҳои шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон ва Рӯшон пурра бо техникаи криминалистӣ таъмин шуданд.
Аз ҷониби роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнати софдилонаи кормандони прокуратураи вилоят қадрдонӣ шуда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ  3 нафар корманди собиқадор – М. Саидбеков, М. Шофақиров ва М .Муқаиршоев бо унвони фахрии «Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудаанд. Инчунин собиқ прокурори ноҳияи Ванҷ  Н. Мамадатоев бо ордени «Шараф», И. Наврузқулов, Б. Баҳриев, В. Пайшанбиев ва М. Арбобзода   бо  медали  «Хизмати шоиста»  ва муовини прокурори ВМКБ Н. Дилшодзода  бо медали «Ҷасорат» сарфароз гардонида шудаанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.14    №: 245    Мутолиа карданд: 776

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед