logo

маориф

НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР ТАЪМИНИ ИСЛОҲОТ

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун маркази асосии тарбияи кадрҳои омӯзгории мамлакат ҳамеша дар ҷомеа аз эътибори хоса бархӯрдор буд.
Ба таъбири Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, «муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони худ медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад». Ҳамчунин, соли ҷорӣ Сарвари давлат дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш ишора намуданд, ки «ин махзани илму адаб яке аз аввалин муассисаҳоест, ки дар давоми зиёда аз ҳаштод сол меъморони маърифату маънавиёт - омӯзгоронро ба камол мерасонад».
Ҳамин тавр, ин донишгоҳ беш аз 80 сол рисолати бузурги тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи омӯзгориро сарбаландона анҷом дода, айни замон аз рӯи 57 ихтисос мутахассисони соҳибкасбро омода менамояд. Танҳо дар давоми 23 соли соҳибистиқлолии кишвар 31 ҳазор нафар дар ин боргоҳи маърифат сабақ гирифтаву соҳибмаълумот гардидаанд.
Се сол ин даргоҳи муътабарро Абдуҷаббор Раҳмонов роҳбарӣ намуд. Вай  олими дақиқназар, роҳбари кордон, инсони фурӯтану хоксор, равшанзамир, некмаҳзару  соҳибрисолат буда, байни  аҳли маорифи ҷумҳурӣ бо кору пайкори созанда, фидокориву ҳақталошӣ ва поктинатӣ соҳибмақом гашта, ҳамеша ҳамкасбонро ба номуси ватандорӣ ва маърифатгустарии ҷомеа ҳидоят мекунад. Симо ва шахсияти вай барои ҳар яке аз мо  намунаи ибрат ва шоистаи пайравист.
Бо раҳнамоии вай Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар ҷабҳаҳои таълиму тарбия ба як ҷаҳиши қобили мулоҳизае даст ёфта, барои ҳайати кормандону устодон ва донишҷӯён шароити муносибтари таълимию эҷодӣ муҳайё шуд. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва ибтикори бевоситаи эшон дар давоми ду соли охир бинои наву замонавии таълимӣ бо маблағи 11 миллион сомонӣ бунёд гардида, шурӯъ аз соли таҳсили нав мавриди истифода қарор гирифт, ки ин яке аз муваффақияти назаррас дар солҳои соҳибистиқлолӣ аст.
Дастоварди дигар таҳияи «Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои солҳои 2014 - 2019» мебошад. Дар доираи татбиқи ин барнома барои рушду таъминоти донишгоҳ маблағи беш аз 15 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Татбиқи барномаи мазкур имкон медиҳад, ки заминаи моддиву техникии донишгоҳ таҳким ёфта, технологияи нав ба низоми таҳсил ворид гардад. Тӯли солҳои роҳандозии барнома дар донишгоҳ ташкили гармхонаҳои хурди таълимӣ, бунёди лабораторияҳои химия, зоология, астрономия ва геология, ташкили синфхонаҳои нави лингофонӣ барои омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, инглисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, русӣ, чиноӣ ва кореягӣ, таҷҳизонидани синфхонаҳои компютерӣ, коргоҳҳои таълимӣ - истеҳсолӣ, бунёди маҷмааи варзишии замонавӣ, таъсиси корхонаи ис-теҳсоли таҷҳизоти таълимӣ, коргоҳи коркарди пластика ва иҷрои як қатор корҳои дигар ба нақша гирифта шуд. Пурра амалӣ гардидани барномаи мазкур имкон фароҳам меоварад, ки  донишгоҳ ба маркази илмию инноватсионии муосир ва яке аз муассисаҳои пешсафи таҳсилоти олии касбии кишвар табдил ёбад.
Фақат шароити мусоид метавонад фазои психологиву педагогиро эҷод намояд, то ки аҳли маърифат, яъне омӯзгорон ва донишҷӯён тавонанд бо неруи тавоно амали созандаеро ба анҷом расонанд. Ба ин маънӣ, бо талошҳои пайгирона Абдуҷаббор Раҳмонов ба хубӣ тавонист, ки дар муддати кӯтоҳ ҳамин гуна шароити мавриди назарро фароҳам биёварад ва бешубҳа, ин гуна муҳит ба таҳқиқгарону муҳассилон имконоти фаровонеро баҳри пешрафту рушди соҳа дар ихтиёр қарор дод. Аз ин дидгоҳ, бо дарки дурнамои парвариши зеҳнии насли оянда ин шахсияти дилогоҳу соҳибназар мунтазам конфронсҳои илмию методии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро дар донишгоҳ баргузор намуд, ки мазмуну муҳтавои онҳо бозтоби андешаҳою фаҳми солими ин марди хираданд.
Ҳамчунин бо мақсади таъмини самаранокӣ ва танзими раванди таълиму тарбия ва рушди илмии донишгоҳӣ тайи се соли охир дар донишгоҳ зиёда аз 70 санади меъёрии ҳуқуқӣ, монанди Оинномаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ, “Қоидаҳои тартиби дохилидонишгоҳии ДДОТ ба номи С. Айнӣ”, “Тавсиянома доир ба мақоми омӯзгори ДДОТ ба номи С. Айнӣ”, “Дастурамали вазифавии кормандони ДДОТ ба номи С. Айнӣ”, “Низомнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотдиҳӣ дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ”, “Нақшаи дурнамои таъминоти кадрии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои солҳои 2013 - 2019” ва ғайраҳо таҳия ва тасдиқ шуданд.
Дар ин давра сохтори донишгоҳ такмил ёфт, як қатор бахшу шуъбаҳои нав таъсис дода шуд. Таъсиси Маркази илмӣ - инноватсионӣ, Маркази мониторинги сифати таҳсилот, Бахши таҳияи тестҳо, шуъбаи муҳандисӣ ва хоҷагидорӣ, шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ, бахши таҳияи грантҳо ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва ғайраҳо таъсис дода шуд. Чунин тағйирот барои пешбурди таълим, назорати самараноки он мусоидат намуда истодааст.
Дар ин давра раванди гузариш ба низоми кредитии таҳсилот дар донишгоҳ татбиқ шуд. Агар соли таҳсили 2011 - 2012 шумораи донишҷӯёни дар низоми кредитӣ таҳсилкунанда дар 128 гурӯҳ 2756 нафарро ташкил дода бошанд, соли таҳсили 2014 - 2015 дар 13 факултет аз шумораи умумии 4673 нафар донишҷӯ 3790 нафари онҳо дар 168 гурӯҳи академӣ ба ин низом фаро гирифта шудаанд.
Аз соли 2012 инҷониб дар донишгоҳ бо мақсади омӯзиши моҳияти низоми кредитӣ ва фаҳмиши дурусти он бо саъю кӯшиши Абдуҷаббор Раҳмонов ҳамасола ҳудуди 12 семинари таълимию методӣ бо иштироки мутахассисони соҳа ташкил шуд. Натиҷаи ҳамин буд, ки соли 2013 нишондодҳои омории донишазхудкунӣ дар гурӯҳҳои низоми кредитӣ нисбат ба гурӯҳҳои анъанавӣ рӯ ба афзоиш оварда,  75% - ро  фаро гирифт.
Давоми се соли охир барои 57 номгӯи ихтисосҳои амалкунанда стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ барои зинаҳои “бакалавриат” ва “мутахассис”, 42 номгӯйи нақшаҳои нави таълимӣ барои таҳсилоти зинаи “магистратура” ва нақшаҳои нави таълимӣ барои 24 ихтисоси шуъбаи ғоибона таҳия шуда, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм тасдиқ гардиданд. Бояд зикр кард, ки соли 2012 бори аввал 143 нафар хатмкардагони зинаи бакалавриат ба магистратура қабул гардида, солҳои минбаъда бо афзоиши шумораи магистирҳо ба ҳукми зинаи устувори таҳсилот табдил ёфт. 
Ба баланд бардоштани сатҳу сифати дониши таълимгирандагон дар донишгоҳ таваҷҷуҳи махсус равона шуд. Барои қиёс, агар азхудкунӣ дар сессияи зимистонаи соли 2012 68% бошад, ин рақам соли 2014 ба 76% расид.
Пайвастан ба низоми таҳсилоти бай-налмилалӣ тақозои замон буда, омили асосии рушду нумуи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар маҳсуб меёбад. Чунин ислоҳоти густурда дар донишгоҳ бо роҳбарии собиқ сарвари таълимгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурию Вазорати маориф ва илми мамлакат роҳандозӣ шуд.
Яке аз омилҳои самараноки омода намудани донишҷӯён ба санҷишу имтиҳонҳо дуруст ва самаранок татбиқ намудани талаботи стандарти таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълим мебошад.  Бо назардошти ин аҳдоф мунтазам таҳия ва такмили маҷмӯи таълимию методӣ анҷом дода шуда, дар раванди таҳсилот ҷорӣ мешавад. Ин гуна ислоҳот дар низоми таълими донишгоҳӣ тайи се соли охир ба ҳукми анъана даромад.
Бо назардошти ҳолати воқеӣ Абдуҷаббор Раҳмонов пайи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм донишгоҳро аз камбуди ҷиддии техникӣ бароварда,  шароитеро барои муҳассилин ва омӯзгорон муҳайё намуд, ки онҳо тавонанд ба дастовардҳои илмию фановарии донишмандони ватанию хориҷӣ дастрасӣ дошта бошанд. Маҳз ҳамин дигаргуниҳо боиси он гардиданд, ки дар як давраи кӯтоҳ сифати корҳои илмӣ ва ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ дар донишгоҳ рӯ ба беҳбуд биёрад.
Дар давоми солҳои 2012 – 2014 дар масъалаи таъмини донишгоҳ бо компютер ва дигар воситаҳои муосири таълимӣ корҳои назаррас анҷом ёфтанд. Агар соли 2011 дар донишгоҳ ҳамагӣ 321 адад компютери навъи Рентиум 1-3 ва 77 адад принтер вуҷуд дошта бошад, бо истифода аз захираҳои дохилӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилоту шахсони алоҳида ин шумора ба беш аз 900 адад компютери навъи Рентиум 4 ва 200 адад принтер расонида шуд.
Айни замон дар донишгоҳ 19 синфхонаи компютерӣ, 3 китобхонаи электронӣ, 4 синфи лингофонӣ ва 27 лаборатория фаъол буда, факултетҳо дорои 35 тахтаи электронӣ ва 21 проектори ҳозиразамон мебошанд. Бояд зикр намуд, ки то соли 2012 дар донишгоҳ ягон синфхонаи лингофонӣ ва  китобхонаи электронӣ вуҷуд надошт. Дар як муддати кӯтоҳ тамоми сохторҳои донишгоҳ бо шабакаи Интернет пайваст гардида, шумораи истифодабарандагони китобхонаи электронӣ аз 800 - 1000 нафар дар як ҳафтаи соли 2012 ба 3500 – 4000  дар як ҳафтаи соли 2014 расид.
Тибқи талаботи «Барномаи давлатии рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2020» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парки технологӣ” соли 2011 дар донишгоҳ Парки технологӣ ташкил карда шуд. Соли 2012 ба фаъолияти парки мазкур диққати зарурӣ равона гардида, дар сохтори он сехи дӯзандагӣ ва сехи коркарди чӯб таъсис ёфт. Агар яке аз ҳадафҳои асосии ташкили Парки технологӣ ин пайванди илм бо истеҳсолот бошад, ҳадафи дигари он ба даст овардани даромад мебошад. Дар ин замина аз ҷониби Парки технологӣ аз моҳи январ то моҳи ноябри соли ҷорӣ тавассути хидматрасониҳо ба хазинаи донишгоҳ беш аз 75000 сомонӣ ворид гардид.
Дар донишгоҳ ба рушди илм таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Ҷамъбаст ва натиҷагирии фаъолияти дусолаи илмии устодону омӯзгорон далолат бар он мекунад, ки онҳо сол то сол ба корҳои илмӣ бештар рӯй оварда истодаанд. Таъмини донишҷӯён бо маводи таълимӣ ҳамеша дар мадди назари раёсат қарор дошта, ҷиҳати беҳдошти вазъ дар ин самт корҳои назаррас ва шоиста ба сомон расонида шуд.
Соли 2012 дар донишгоҳ аз рӯи 9 мавзӯи фармоишии аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда кор мебурданд. Соли 2014 бошад, 15 мавзӯи фармоишӣ коркард шуда истодааст ва миқдори омӯзгорони татбиқкунандаи мавзӯъҳо ба 74 нафар расид. Дар давоми ду соли охир ду нафар устоди донишгоҳ рисолаи докторӣ ва 17 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд. Ҳоло дар назди Шӯрои ҳимояи педагогика 40 нафар аспирантону унвонҷӯён дар навбати дифои рисолаҳои номзадӣ ва 8 нафар дар навбати дифои рисолаи докторӣ қарор доранд.  Ҳамин тавр, айни замон шумораи устодони тасвибии унвондор 158 нафар (37%) мебошад, ки аз инҳо 35 нафарашон (8 %) доктори илм ва 127 нафарашон (29%) номзади илм мебошанд.
Барои дастгирии ҳайати устодон дар самти нашри мақолаҳои илмии онҳо маҷаллаи илмӣ  бо номи “Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ” ба рӯйхати маҷаллаву нашрияҳои илмии тақризнависӣ, ки Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия барои интишори натиҷаҳои илмии асосии рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ тавсия медиҳад, дохил карда шуд. Ҳамчунин нашрияи “Омӯзгори ҷавон” ба таври мунтазам ҳар моҳ ду маротиба дар ҳаҷми 16 саҳифа ба нашр мерасад, ки ба минбари андешаҳои созандаи донишҷӯёну устодон ва василаи баландбардории худшиносӣ ва ифтихори миллии онҳо мубаддал шуд.
Соли 2013 бори нахуст барои муаррифӣ намудани донишгоҳ дар байни муассисаҳои илмию таълимии хориҷӣ намунаи дипломи доктори фахрӣ, профессори фахрӣ бо нишон додани рамзҳои кишвар ва донишгоҳ омода шуд. Ҳамзамон, барои ҳавасманд намудани донишҷӯён ба таҳсил ва эҷодкорию корҳои илмӣ аз соли 2012 инҷониб ба иловаи Стипендияи президентӣ, инчунин 4 стипендияи номии дигар таъсис ёфтааст.
Донишҷӯён дар даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар соли 2014 як ҷои якум, як ҷои дуюм ва ду ҷои сеюмро соҳиб шуданд. Ҳамчунин дар дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” фаъолона ширкат варзиданд. Инчунин дар донишгоҳ 59 маҳфилҳои илмии донишҷӯён амал менамоянд.
Равобити байналмилалии донишгоҳ бо муассисаҳои илмию таълимии хориҷӣ сол то сол вусъат меёбад. Аз соли 2012 инҷониб донишгоҳ бо зиёда аз 35 муассисаи таълимии кишварҳои хориҷӣ созишномаю тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Ба ҳамин тариқ, дастовардҳо дар тӯли се соли охир  гувоҳ бар онанд, ки аҳли таҳқиқ, устодон ва донишҷӯён дар фаъолияти ҳамешагӣ ба комёбиву муваффақияти баланд ноил гаштаанд. Ҳамзамон, бо дарназардошти талаботи замони муосир раёсати донишгоҳ аз имконоти мавҷуда ҷиҳати тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир аз ҳама гуна воситаҳо пурсамар истифода менамояд.

Абдусамад МУЛЛОЕВ,
доктори илмҳои филологӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.14    №: 247    Мутолиа карданд: 784

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед