logo

муҳоҷират

МУҲОҶИРАТ БОЯД ОГОҲОНА БОШАД

18 - уми декабр мардуми ҷаҳон Рӯзи муҳоҷиронро қайд мекунанд, ки далели  арҷ гузоштан ба кӯшишу талошҳои сангини онҳост. Фарзандони Тоҷикистони азизи мо низ имрӯз дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон кор мекунанд. Ин тақозои замони ҷаҳонишавии иқтисодию иҷтимоӣ, падидаи маъмулӣ дар ҳама кишварҳои рӯ ба рушд, хоса ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ аст. Муҳоҷирони кории тоҷик ҳоло бештар дар Русия кор мекунанд.
Аммо кор кардану пул ёфтан осон нест, муҳоҷирин онро ба ивази ранҷи бешумор ва дар басо маврид дар пасманзари  таҳқиру озор дидан ба даст меоранд. Бештар аз яку ним моҳ аст, ки ҳамдиёри мо, ҳамшираи тиббӣ Гулрухсор Рофиеваро дар Яман одамрабоён  гаравгон гирифтаанд ва бо вуҷуди кӯшишҳои зиёди дипломатҳои тоҷик, русу араб, миёнҷигии шайхони муътабари қабилаҳои яманӣ ӯро аз банди асорат раҳо намекунанд.  Бо сабабҳои гуногун ҳар сол даҳҳо муҳоҷирони тоҷик дар мусофират вафот мекунанд.
Ҳунари хуб, ҳушёрию ҷаҳонбинии васеъ ва дилёбию кӯшиш мебояд, то муҳоҷир дар хориҷи кишвар кор ёбаду дастмузде пайдо намояд. Ба наздикӣ бо ҷавонзане суҳбат доштам, ки аз Русия баргашта буд. Ӯ гуфт, ки дар фурудгоҳи Внуковои Маскав пас аз тафтиши расмии гумрукию сарҳадӣ бидуни эроду фишоре хуш гуселаш кардаанд. Аммо дар фурудгоҳи Душанбе дар шиносномааш муҳри рондашуда (депортатсия) - ро дида ҳуш аз сараш паридааст. Ҷавонзан бо ашки чашмон ҳасрат мекард, ки ба Панҷакент бо зарурат, барои чанд рӯз омада буду бояд ба зудӣ назди шавҳар ва ду кӯдакаш бармегашт. Акнун роҳи Русия ба рӯи ӯ баста аст.
Ин қисса аз қиссаҳои бешуморест, ки ҳамарӯза дар кишвари паҳновари Русия рух медиҳанд. Дар ёдамон ҳаст қазияи ду ҳавопаймои Русия, ки марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур карда буданду халабонҳо дастгир шуданд. Ҳамон замон бо чораҳои «асимметрии» масъулони вақти Русия оҷилан садҳо муҳоҷири бегуноҳи тоҷик аз ҳудуди Русия берун карда шуданд. Ба қарибӣ  Вазорати корҳои дохилии Русия қазияи ГТА - ро расонаӣ кард. Гӯё ҳайати дастаеро боздошт намудаанд, ки ба тақлид ба бозии компютерии  ГТА (Grand Theft Auto) дар роҳи назди Маскав одамкушӣ мекардаанд. Ва гӯё ин кори дасти чанд шаҳрванди Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон будааст. Ҳамон шабу рӯз садҳо тоҷики бегуноҳ ба якборагӣ аз Русия ронда шуданд. Аммо баъдан дар ҷараёни тафтишот номи гунаҳкорони дигарро ба забон оварданд ва ҳатто намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин гуфтааст: «фарзияи он, ки аъзои даста ба бозии компютерии ГТА тақлид мекарданд, тасдиқ наёфт». Рӯзе пас аз пахши ин ҳангомаи пурсару садо полисе бо баҳонаи бечипта вориди метро шудан як тоҷикро дар метрои Маскав латукӯб намудааст ва ин хабар низ дар саҳифаҳои матбуоти ҷаҳон дар қатори рӯйдодҳои ташвишбор ҷой дода шуд.
Сару садои ГТА ҳамон тавре, ки ногаҳонӣ пайдо шуд, ногаҳонӣ аз ВАО нопадид гашт. Аммо тавре дар як мақоли тоҷикӣ гуфта мешавад, «рафт соли қаҳтию монд сони сӯхтаи модарам», дар пайи як баҳона ва  воҳимаи бепоя садҳо тоҷики соҳибкасбу бегуноҳ аз Русия ронда шуданд. Тибқи пешгӯии коршиносон, раванди ихроҷи муҳоҷирон минбаъд тамоюли афзоиш пайдо мекунад.
Дар Русия имрӯз на танҳо муҳоҷирони кории ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мавриди таҳқиру хушунати миллатгароён қарор мегиранд, балки роҳи баъзе нафароне, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ дар кишварҳои Сурияю Ироқ ва Афғонистон пайвастаанд, аз ҳамин ҷо ибтидо гирифтааст. Гумон меравад, дар ин кор идораю доираҳои махсуси сиёсии манфиатҷӯ даст доранд. Чунин ба назар мерасад, ки муҳоҷират - ин падидаи соф иҷтимоӣ низ акнун олуда ба сиёсат шудааст, ки басо хатарноку ташвишбор мебошад.
Дар чунин вазъи мураккаби ҷаҳони муосир фақат ҳушёрии сиёсӣ, донистани забонҳо, ҳуқуқҳои конститутсионии мардуми кишваре, ки дар он ҷо муҳоҷират сурат мегирад, эҳтирому муносибати самимӣ доштан ба онҳо, риояи тартибот, маданияти баланд, ахлоқу одоби ҳамидаи инсонӣ метавонад муҳоҷиронро аз вартаи гумроҳию бадбахтӣ наҷот бахшад. Ҳамчунин шиддату миқёси воқеаҳои рӯзҳои мо тақозо мекунад, ки чун дар баъзе кишварҳои ҳамсоя маҳаллаҳо ва ҷамоатҳо  дар бораи ному шумораи муҳоҷирон ва кишвари сукунати онҳо  маълумоти дақиқ дошта бошанд. Яъне, муҳоҷират на таваккалӣ, балки огоҳона сурат гирад, рӯзгор ва тақдири муҳоҷирон таҳти назорат бошад.

Луқмон ҚУРБОН,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.14    №: 248    Мутолиа карданд: 13601
26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед