logo

фарҳанг

ВАЗЪИ НОХУБИ ПЕШНИҲОДИ МАВОД БА БОЙГОНИИ ДАВЛАТӢ

Дар Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ҳазор ҳуҷҷати синамо, 14 ҳазор суратҳуҷҷат ва 4 900 ҳуҷҷати садоӣ маҳфузанд. Баъди солҳои навадуми асри гузашта пешниҳоди маводи синамо, садо, маҷалла, рӯзнома ва санади хаттӣ аз тарафи ташкилоту идораҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ сурат нагирифтааст. Дар ҳоле ки аз соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маълумотҳои ниҳоии дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва ба нигоҳдории давлатӣ супоридани онҳо» қабул шудааст ва дар асоси он бояд ҳар як идораву ташкилот новобаста аз шакли фаъолият маводи таҳиякардаи худро баъди се сол ба бойгонии давлатӣ  пешниҳод кунад.
Ин нукта дар мизи гирд, ки ба мавзӯи «Ғанӣ гардонидани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ - аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуда буд, зикр гардид.  Ҳанифа Оймаҳмадова, директори Бойгонии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки имрӯз 1 394 хазинаи таърихӣ дар панҷ маҳфузгоҳ нигоҳ дошта мешаванд, ки аз нахустин қарору ҳуҷҷатҳо оид ба таъсиси Ҷумҳурии Мухтор ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд.
- Бойгонии  марказӣ симои таърихии миллат аст. Ҳадафи ин нишаст ҳам саҳм гузоштан дар ғанӣ гардонидани бойгониҳои кишвар мебошад, - гуфт директор.
Тоҷиддин Ҷалолов, директори  Бойгонии марказии давлатии ҳуҷ-ҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  12 ҳазор ҳуҷҷатҳои синамо, 14 ҳазор суратҳуҷҷатҳо ва 4 900 ҳуҷҷатҳои садоӣ иттилоъ дод.
- Дар суратҳуҷҷатҳо аксу таърихи нахустин қатора, нақлиёт ва аэроплане, ки ба Тоҷикистон оварда шудаанд, акси боздошти Иброҳимбек, садои Бобоҷон Ғафуров, Абулқосим Лоҳутӣ,  Садриддин Айнӣ, филм иборат аз панҷ қисм дар бораи фаъолиятҳои Бобоҷон Ғафуров ва ғайра маҳфуз аст.  Нахустин кори киносозони тоҷик В. Кузин, А. Шевич ва А. Гезулин – «Омадани аввалин поезд ба Душанбе», ки ҳанӯз соли 1929 ба навор гирифта шудааст, аз экспонатҳои пурқимат ба ҳисоб меравад,-  гуфт Тоҷиддин Ҷалолов.
Исматулло Саидов, директори Бойгонии назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ,  дар бораи таърихи таъсиси бойгонии кумитаи мазкур иттилоъ дод. Ба гуфти ӯ имрӯз бойгонии кумита аз 5 хазина -  овози радио, телевизион,  овозҳо,  филмҳо  ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои шахсӣ иборат аст.
- Дар оғоз  ин хазинаҳо дар алоҳидагӣ фаъолият доштанд, аммо ҳоло як шудаанд. Чандин маводи навориро ба шакли дискӣ - рақамӣ гузаронидем, ки дар таҷҳизоти замонавӣ истифода мешаванд. Дар сурати пешниҳоди низоми супоридани мавод ба идораҳои масъул аз тарафи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мо омодаи ҳамкорӣ  ҳастем,  -  зикр  кард  Исматулло Саидов.
Саъдулло Раҳимов, котиби Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, дар хусуси ба  роҳ мондани ҳамкориҳои Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ, ҷамъоварии маводи таърихие, ки дар дасти аҳолӣ аст, ёдовар шуда, иброз дошт, ки бояд сабти намоишҳои Фаррух Қосимов, Ато Муҳаммадҷонов, Маҳмудҷон Воҳидов, маҳсули кору ҳунари Борис Кимёгаров, Комил Арабов, ки ҳоло дар Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, дастрас карда шаванд. Ин шахсиятҳо дар таърихи театр ва синамои миллат нақши барҷаста доранд.
- Пайвандони ин шахсиятҳо дар қайди ҳаётанд ва мо метавонем, бо ёрии онҳо доир ба ҳаёт ва эҷодиёташон маълумоти заруриро ҷамъоварӣ  ва аксу навор намуда, дар бойгонӣ ҳифз кунем. Нақши онҳо дар эҳёи синамо ва театри миллии тоҷик дар асри 20 мондагор аст, - гуфт котиби Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон.
Толиб Раҳматуллоев, муовини раиси киностудияи «Тоҷикфилм», ёдовар шуд, ки то ба ҳол ягон муроҷиати хаттӣ дар бораи пешниҳоди мавод ба Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чашм нарасидааст, вагарна дар ин муассиса даҳҳо филмҳое ҳаст, ки мебоист ба бойгонии давлатӣ пешниҳод мешуданд.
Иштирокчиёни нишаст пешниҳод намуданд, ки ба ҳар як идораву ташкилоти  маводи бойгонӣ дошта дархости хаттӣ ирсол шавад, ҳатто ба ашхосе, ки доир ба фаъолияти касбию ҳунарӣ мавод доранд.

Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.14    №: 248    Мутолиа карданд: 880

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед