logo

ҳуқуқ

ВАКОЛАТИ СУДҲО БЕШТАР ГАРДИД

Прокурорҳое, ки амалҳои кор-рупсионӣ содир мекунанд ва талаботи «Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро вайрон менамоянд, аз ин ба баъд дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», бидуни ба охир расидани муҳлат аз вазифа барканор мешаванд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо ворид кардани  тағийру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» салоҳиятҳои мақомоти прокуратураро дар рафти тафтишот мушаххас карданд. Азизмад Холмуҳаммадзода, раиси комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати дастур ва ташкил, моҳият ва зарурати тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкурро чунин шарҳ дод:
- Тағйироти ба қисми 1 моддаи 13 пешниҳодшуда, мафҳуми «ба прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо баробар кардашуда» - ро мушаххас ва оммафаҳм мегардонад. Иловаҳои пешниҳодшуда, яъне муқаррар намудани асоси пеш аз муҳлат аз вазифа озод намудани прокурор бо сабаби интихоб шудан ба мақомоти намояндагӣ ва бинобар вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бо коррупсия, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо  ва дар ин замина баланд бардоштани масъулияти прокуророн ҷиҳати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд.
Илова ба сархати дуюми моддаи 18 асоси ҳуқуқии ваколати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати ташкили ҳайат ва раисӣ намудан дар ҷаласаҳои мушовараи прокуратураи генералӣ мушаххас мегардонад. Иловаи пешниҳодшуда ба қисми 4 моддаи 19, муқаррар мекунад, ки дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон прокурори дахлдор ва дар набудани ӯ муовини якум ё яке аз муовинони ӯ раисӣ мекунанд. Муқаррароти мазкур ба фаъолияте, ки айни ҳол дар асл прокуророни зикргардида иҷро мекунанд, асоси ҳуқуқӣ  мегузорад.
Тағйироти ба қисми 2 моддаи 23 пешниҳодшуда, меъёри мазкури қонуни конститутсиониро мушаххас гардонда, муқаррар мекунад, ки дахолати прокурор ба фаъолияти хоҷагӣ ва ё аз ҷониби он иваз намудани вазифаи мақомоти тобеи идора ва мақомоти назорат манъ аст.  Сархатҳои чорум ва панҷуми қисми 3 моддаи 24 дар таҳрири пешниҳодшуда муқаррар мекунанд, ки прокурор дар ҳолатҳои муқаррар намудаи қонунгузорӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати шаҳрванд, давлат, корхона, муассиса, ташкилот, новобаста аз шакли моликияташон, аз ҷумла ҷиҳати барқарор кардани зарари расонидашуда ба суд муроҷиат кунад, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун парвандаи ҷиноятӣ, истеҳсолоти парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро оғоз намояд, дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ ё моддӣ кашидан истеҳсолот оғоз кунад, маводро барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор фиристонад.
Таҳрири пешниҳодшудаи моддаи 42, асосҳои ҳуқуқии иштироки прокурорро дар ҷаласаҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раёсати суди вилоятҳо ва суди шаҳри Душанбе муайян мекунад. Меъёри мазкур муқаррар мекунад, ки иштироки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад,- иброз дошт Азизмад Холмуҳамадзода.
Ҳамакнун иштироки прокурор дар баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайянкардаи қонунгузории мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мурофиаи судӣ ҳангоми баррасии даъвои прокурор ҳатмӣ гардонида мешавад. Қонуни нав барои муфаттишони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашаъовар бидуни иҷозати суд ҳуқуқ намедиҳад, ки ҳуқуқҳои консититутсионии шаҳрвандонро назорат кунанд.
Танҳо бо иҷозати суд ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки мукотибаи телефонии хусусӣ ва манзили истиқоматии шаҳрвандонро назорат ва кофтукоб кунанд. Инчунин прокурорҳо ҳуқуқ надоранд, ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар корхонаҳоро новобаста аз шакли моликият тафтиши иқтисодӣ кунанд.  
Шерхон Салимзода, Прокурори генералӣ, дар суҳбат ба “Ҷумҳурият” моҳияти иловаҳои мазкурро чунин шарҳ дод:
- Тағйирот моҳияти мутобиқшавӣ ба қонунҳои амалкунада, аз қабили кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиавии маъмурӣ, гражданӣ ва дигар кодексҳое, ки тартиби баррасии парвандаҳоро ба танзим медароранд, доранд. Фарз кардем, мувофиқи Кодекси нави мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон акнун барои гузаронидани якчанд ҳаракат ва амали тафтишоти иҷозати суд лозим аст. Пеш ин иҷозатро прокурор медод ва дар ин маврид муайян шудааст, ки ба суд муроҷиат кардани муфаттиш ва корманди дигари фаврӣ бо розигии прокурор пешниҳод мешавад, ки ин масъала танзими худро ёфт, - зикр кард Шерхон Салимзода.
Масъалаи дуввуми рӯзномаи маҷлис “Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ,  прекурсорҳо ва дигар ҷиноятҳо» буд, ки аз тарафи вакилон дастгирӣ ёфт.  Искандар Солеҳзода, муовини вазири корҳои дохилӣ, зимни шарҳи муҳтавои созишнома иброз дошт, ки муборизаи муштарак бо терроризм бо тамоми шаклҳояш, аз ҷумла маблағгузории терроризм, фасод, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва тиҷорати инсон аз ҳадафҳои асосии санади мазкур мебошад.
-  Тибқи ин санад ҷонибҳо иттилои маҳрамонаро дар мавриди гурӯҳҳои террористӣ ва ширкати эҳтимолии шаҳрвандони ин кишварҳо дар бахшҳои мухталиф табодул хоҳанд кард. Тамоми намудҳои ҷиноят дар ин созишнома нишон дода шудааст. Созишномаи мазкур аз 15  модда иборат аст, ки на танҳо ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта, ҳатто намудҳои дигари ҷиноятҳо ҳам пешбинӣ шудаанд, то шарикони ҳар ду кишвар муомилоти корӣ дошта бошанд, - гуфт Искандар Солеҳзода.
Муовини вазири корҳои дохилӣ иброз дошт, ки айни ҳол иштироки 200 нафар шаҳрванди мо дар ҳодисаҳои Сурия ба қайд гирифта шуда, нисбат ба 50 шаҳрванд парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Масъалаи охир лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», ки татбиқи амалӣ шудани он аз буҷети давлатӣ маблағҳои зиёдро талаб намекунад. Вакилон лоиҳаҳои қонунҳои мазкурро баъди баррасӣ дастгирӣ карданд.
 
Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2014    №: 250    Мутолиа карданд: 784

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед