logo

сафарҳо

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Синҷон

13 март дар ҷамъбасти ҳамоиши 10-уми сарони давлатҳои аъзои Cозмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) дар шаҳри Теҳрон аз ҷониби роҳбарони аввали ҳайатҳои олимақоми ин кишварҳо ба 8 нафар аз ходимони барҷастаи илму фарҳанги кишварҳои аъзои ЭКО барои анҷом додани корҳои пурарзиши илмию кашфиётӣ ҷоизаҳои махсус супурда шуданд.

Барои саҳми намоён дар соҳаи иқтисод ба намояндаи Тоҷикистон – собиқ вазири корҳои хориҷии кишвар, академик Талбак Назаров ин ҷоизаи махсус тақдим гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Синҷони остони (вилояти) Кирмони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз як минтақаи озоди иқтисодӣ, ки дар масоҳати 1400 гектар доман паҳн намудааст, дидан намуд.
Ҳадафи аслӣ аз ин боздид омӯзиши таҷрибаи фарохи дӯстони эронӣ дар бунёд ва роҳандозии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва истифодаи минбаъдаи он дар ташкили минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мебошад.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҷиҳати ташкили минтақаҳои озоди иқтисодии Панҷ ва Ишкошим қарори махсуси Ҳукумати мамлакат қабул гардид ва рӯзҳои наздик боз ду минтақаи озоди дигар дар вилоятҳои Суғду Хатлон низ ташкил  хоҳад шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии  Синҷони вилояти Кирмон бо шарту шароит ва самарабахшии фаъолияти 5 корхонаи саноатӣ ва боғҳои пистаи машҳури эронӣ аз наздик шинос шуд.
Дар корхонаи Фрико, ки бо таҷҳизот ва технологияи нави муосир муҷаҳҳаз буда, дар истеҳсоли равғани рустанӣ машҳур аст, қарор шуд, ки дар ҳамкорӣ бо ин корхона дар Тоҷикистон як корхонаи муштараки равғанкашӣ бунёд карда шавад. 
Корхонаи равғанкашии Фрико дорои 600 нафар коргар буда, дар як сол то 240 ҳазор тонна равған истеҳсол мекунад.
Қобили қайд аст, ки дар ҳамин минтақаи озоди иқтисодӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаҳои истеҳсоли қанду шакар, пойафзол, коркарди санги мармар ва бастабандии писта дидан кард.
Ҳамагӣ дар ин минтақа 2700 нафар бо кори пурмаҳсул машғул мебошад.
Минтақаи озоди иқтисодии Синҷон дорои тамоми шабакаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ, бахусус роҳҳои оҳану мошингард, анборҳои бузурги нигаҳдории молу маҳсулот, яхдонҳои калонҳаҷм, шабакаҳои муназзами газу барқ, алоқаи телефонӣ, интернет, тиҷорати электронӣ, бонкҳои бо асъори миллию ҷаҳонӣ амалкунанда ва амсоли  инҳо мебошад. Дар он ҷо фурудгоҳ низ мавҷуд буда, барои воридоти сармояи дохилию хориҷӣ, техникаю технология, истеҳсолот, тиҷорати озод, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва дигар корҳои зарурӣ имтиёзоту сабукиҳои хеле зиёд дода шудаанд.
Омӯзиши таҷрибаи кишоварзони эронӣ дар бунёд ва парвариши боғҳои писта низ басо муҳим арзёбӣ гашт, зеро бунёди чунин боғҳо дар минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон низ оғоз гардидааст. Иқлими ин минтақаи Тоҷикистон барои чунин боғҳо мутобиқ аст, зеро, чунонки зикр гардид, барои нашъунамо ва бороварии хуби писта ҳаво дар зимистон бояд хунук ва дар тобистон хеле гарм бошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 600

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед