logo

ҳуқуқ

ВМКБ: 45 ҶИНОЯТ ДАР ЁЗДАҲ МОҲ

Дар Иҷлосияи бистуми (даъвати чоруми) Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни баррасии буҷети вилоят барои соли 2015 ва иҷрои буҷети соли 2013 изҳори нигаронӣ шуд, ки баъзе  роҳбарони идораву муассисаҳои буҷетӣ ба хароҷоти  ғайриқонунӣ, камомади пуливу молӣ, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои  буҷетӣ роҳ додаанд.
Дар ин хусус Тоҷиддин Мирзоев, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Раҳмони Гулзор чунин гуфт:

- Дар 11 моҳи соли 2014 - ум аз  тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии молиявӣ дар 221 идораву муассиса, ташкилоту корхонаҳои вилоят бо мақсади таъмини истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ санҷишҳои молиявӣ, инчунин доир ба маҷмӯи ташаккул ва иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшон санҷишҳо гузаронида шуданд.
Дар натиҷа маълум гардид, ки дар идораву муассисаҳо, ташкилотҳои шаҳри  Хоруғ ва ноҳияҳои мазкур дар маҷмӯъ ба маблағи 2,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ расонда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2013 қариб 800 ҳазор сомонӣ   бештар аст. Аз ҷумла, хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 554 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 246 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд. Ғайр аз ин, дар муассисаҳои тафтишгардида 1,1 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетии ғайримақсаднок истифодашуда ошкор шуданд. Дар ноҳияҳои Дарвоз зарари умумии молиявӣ 407,7 ҳазор, Ванҷ 445,5, Рӯшон бештар аз 530 ҳазор ва  шаҳри Хоруғ 335,2 ҳазор сомониро ташкил дод.
Аз маблағи умумии зарари молиявии ошкоргардида беш аз 1,9 миллион сомонӣ рӯёнида шуда,  71,2 дарсади он барқарор гардид.
Ҷиҳати бартараф намудани норасоиҳо ба унвони роҳбарони идораву муассисаҳо  пешниҳодҳо ирсол гардида, нисбат ба 123 нафар шахси масъул барои кирдорҳои содирнамуда ҷазоҳои интизомӣ ва моддӣ татбиқ ва 2 нафар аз вазифа озод карда шуданд.
Таҳлил ва омӯзиши содиршавии ҷиноятҳо нишон медиҳанд, ки дар қаламрави вилоят дар ин давра ба 45 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта ва 5 ҷинояти ғайрикоррупсионӣ роҳ  додаанд. Аз  ҷумла, 30 ҳолати азхудкунӣ ва исрофкорӣ, 5 қаллобӣ, 2 ҳолати суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, 3 сохтакории хизматӣ, ҳолатҳои суистеъмоли мақоми хизматӣ ва  сохтакории ҳуҷҷатҳо, хунукназарӣ ошкор гардиданд. Маблағи умумии зарар зиёда аз 585 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз он  118 ҳазор сомонӣ ҷуброн шуд.
Дар давраи тафтиш ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаи 50 нафар ошкор гашт, ки онҳо шахсони мансабдори идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, бонк, сохторҳои қудратӣ ва ғайра мебошанд.
Ошкору барқарорсозии зарари молиявӣ яке аз самтҳои афзалиятнок дар фаъолияти раёсат маҳсуб меёбад. Муфаттишони бахши тафтиш 19  парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд. 7 парванда ба итмом расонида шуд. Маблағи зарари ошкоргашта 87,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 69 ҳазор сомонӣ дар рафти тафтишот барқарор шуд. Судҳо  пешниҳоди   бахши  тафтишотро оид  ба рӯёндани  18,1  ҳазор  сомонӣ   қаноат  кунонданд.
Оид ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ» аз ҷониби кормандони раёсат 20 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба коррупсия ба маблағи 17,5 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шуд. Ҳуқуқвайронкунандагон тибқи қонунгузории маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои зиддикоррупсионӣ кормандон тавассути воситаҳои ахбори омма баромадҳо ва нишастҳои матбуотӣ доир намуданд.
Барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат оид ба паст кардани сатҳи коррупсия ва таъмини амнияти иқтисодии давлат аз кормандони раёсат иҷрои бемайлони талаботи ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ, аз қабили «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020», дар амал татбиқ намудани тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо карда мешавад. Бинобар ин ҳамаи мо ҷидду ҷаҳд дорем, ки дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сари вақт, пурра ва бо сифати баланди касбӣ амалӣ намуда, баҳри беҳтар кардани фаъолият дар самтҳои афзалиятнок тадбирҳои мушаххас андешем.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2014    №: 251    Мутолиа карданд: 539

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед