logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими гузоштани санги асос барои сохтмони Маҷмааи истеҳсолии нассоҷӣ дар ноҳияи Данғара, 19 декабри соли 2014

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирони муҳтарам!
Бо мақсади вусъат бахшидан ба раванди созандагиву ободонии кишвари азизамон имрӯз мову шумо шоҳиди оғози сохтмони яке аз бузургтарин корхонаҳои бофандагии мамлакат, яъне Маҷмааи истеҳсолии нассоҷӣ дар ноҳияи Данғара гардидем, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ корхонаи калонтарин ба шумор меравад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо, ҳозирони гиромӣ, аз ҷумла меҳмонони арҷмандро табрик гуфта, ба бунёдкорону сармоягузорони иншооти мазкур барори кор орзумандам.
Бояд гуфт, ки бо мақсади амалӣ намудани мувофиқатномаҳои сатҳи олӣ ва тибқи Ёддошти тафоҳуми байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати сармоягузории «Роҳи нави абрешим»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷиҳати сармоягузории сохтмони ин маҷмааи истеҳсолӣ байни Ширкати «Ҷунтай – Роҳи нави абрешим» ва Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» созишнома ба имзо расонида шуд.
Корхонаи муштараки имрӯза дар доираи татбиқи Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар мамлакат истеҳсолшаванда бо ҷалби сармояи мустақим дар ҳаҷми умумии 260 миллион доллари амрикоӣ, яъне қариб якуним миллиард сомонӣ бунёд карда мешавад.
Иқтидори корхона ба коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 90 миллион метри мураббаъ матои пахтагин дар як сол баробар буда, баъди пурра ба истифода супоридани он беш аз 6 ҳазор нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ, аз ҷумла занону духтарон аз ноҳияҳои Темурмалику Данғара ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд ва аз ин ҳисоб ба буҷети давлат ҳар сол зиёда аз 100 миллион сомонӣ маблағ ворид мегардад.
Ҳамчунин дар назар аст, ки барои таъмини корхона бо ашёи хоми ватанӣ майдони 15 ҳазор гектар заминҳои бекорхобида, камоб ва заминҳои нав обёрӣ гардида, дар онҳо бо истифода аз техникаву технологияҳои муосири кишоварзӣ кишти пахта ба роҳ монда мешавад.
Бояд гуфт, ки дар оянда имконияти ба 150 миллион метри мураббаъ дар як сол расонидани ҳаҷми истеҳсоли матои пахтагин дар ин корхона пешбинӣ шудааст. Бо ин мақсад ҳоло қариб 10 ҳазор гектар замин вобаста  шуда, дар ноҳияҳои Қубодиёну Ҷиликӯл, Носири Хусраву Данғара ва Шаҳритус барои кишти пахта дар соли 2015 - ум 5800 гектар замин омода гардидааст.
Вобаста ба ин, мехоҳам як масъаларо хотиррасон намоям, ки ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ ҳангоми сохтмон ва ба истифода додани нақби ирригатсионии беш аз чордаҳкилометраи Данғара вазифа гузошта шуда буд, ки дар оянда дар ин водӣ зиёда аз 100 ҳазор гектар заминҳои бекорхобида обёрӣ гардида, ноҳияи Данғара ба яке аз калонтарин минтақаҳои пахтакории кишвар табдил меёбад. Вале аз соли 1986 то ба имрӯз ҳамагӣ 9550 гектар, аз ҷумла тавассути амалисозии марҳалаи якуми Лоиҳаи азхудкунии заминҳои ноҳияи Данғара соли 2005-ум 2500 гектар замин мавриди истифода қарор дода шудааст. 
Ҳамзамон бо ин, дар доираи амалисозии марҳалаҳои дуюму сеюми лоиҳаи зикршуда ҷиҳати азхудкунии боз 3500 гектар замин корҳо идома доранд, аз ҷумла то охири соли оянда 1750 гектари он мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Бинобар ин, ба Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки ҷиҳати татбиқи босифати лоиҳа, бартарафсозии камбудиву норасоиҳои мавҷуда ва суръатбахшии ҷараёни азхудкунии заминҳои нав чораҳои мушаххас андешанд. 
Умуман, бо дарназардошти ба роҳ мондани кори самараноки маҷмааи истеҳсолии имрӯза фаъолияти чандин коргоҳу корхонаҳои дигари соҳа вусъати тоза гирифта, парвариши пахта ривоҷ меёбад ва аз ин ҳисоб боз ҳазорҳо нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. 
Қобили зикр аст, ки бо мақсади дар корхона истеҳсол намудани молу маҳсулоти рақобатпазир доир ба воридоти таҷҳизоту дастгоҳҳои навтарини технологӣ бо як қатор ширкатҳои машҳури ҷаҳон, аз ҷумла ширкатҳои «Ҷунтай - Роҳи нави абрешим» (Чин), «Ритер» (Швейсария), «Савио» (Италия) ва «Батлер» (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст, ки роҳбарону намояндагони онҳо имрӯз меҳмони мо мебошанд.
Бо истифода аз фурсат ба ҳамаи онҳо барои дастгирӣ ва ҳамкории судманд изҳори сипос менамоям.
Тибқи нақша навбати аввали корхона, яъне бахши ресандагӣ моҳи октябри соли 2015 ва навбати дуюму сеюм - бахшҳои бофандагиву рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ дар давоми соли 2016 ба истифода дода мешаванд.
Ҳамчунин бо мақсади таъмини корхона бо ашёи хом дар се ноҳияи вилояти Хатлон, ки дар ҳудуди онҳо заминҳо барои кишти пахта вобаста карда шудаанд, корхонаҳои пахтатозакунӣ бо иқтидори коркарди 80 ҳазор тонна пахта дар як сол бунёд карда мешаванд. Илова бар ин, ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои коргарону мутахассисони корхонаи имрӯза бунёди  4 бинои истиқоматии панҷошёна, боғчаи бачагона ва як хобгоҳ ба нақша гирифта шудааст.
Аз ин рӯ, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия якҷо бо соҳибкорону сармоягузорон зарур аст, ки ҷиҳати амалисозии саривақтии нақшаҳои тасдиқшуда, ҳарчи зудтар ба фаъолият даровардани ҳамаи коргоҳу корхонаҳои маҷмааи мазкур ва дар оянда ташкил кардани фаъолияти самараноку бетанаффуси он, инчунин бунёди инфрасохтори зарурии ҳозиразамон тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳозирони гиромӣ!
Рушди саноати сабук, аз ҷумла соҳаҳои бофандагиву дӯзандагӣ аз самтҳои афзалиятноку ояндадори иқтисоди миллӣ ба шумор меравад.  Зеро ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами чунин корхонаҳо дар баробари таъмини аҳолӣ бо молҳои саноатӣ ҳамчун соҳаҳои меҳнатталаб боиси таъсиси даҳҳо ҳазор ҷойи корӣ гардида, ба афзоиши буҷети давлатӣ мусоидат мекунад.
Барои ноил шудан ба ин мақсад дар кишвари мо ашёи хом ва қувваи кории фаровон мавҷуд буда, тавассути ба кор андохтани силсилаи корхонаҳои бофандагиву дӯзандагӣ мо метавонем дар самти коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба шуғли аҳолӣ қадамҳои устувор гузорем.
Бинобар ин, зарур аст, ки дар корхонаҳои мавҷуда ва сохташаванда технологияву таҷҳизоти муосир насб карда шуда, ба ин васила истеҳсоли молҳои рақобатпазир ба роҳ монда шавад.
Инчунин роҳбарону масъулони соҳа бояд дар хотир дошта бошанд, ки барои фаъолияти босамари иншооти мазкур коргарон (ресанда, бофанда) ва мутахассисони баландихтисоси муҳандисиву техникӣ лозиманд. Ҳоло дар мамлакат бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи рушди саноати сабук барои солҳои 2006 - 2015» бунёди корхонаҳои нав ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин ба роҳ мондани истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти саноати сабук идома дорад. Дар асоси талаботи барномаи зикршуда якчанд барномаҳои мушаххас қабул гардида, мавриди татбиқ қарор доранд.
Итминон дорам, ки дар натиҷаи амалишавии иқдомҳои созандаамон рушду тараққиёти соҳаи саноати мамлакат, аз ҷумла саноати сабук таъмин гардида, иқтидори истеҳсолии кишвар тадриҷан меафзояд ва барои сокинони кишвар ҷойҳои кори доимӣ ва маоши арзанда муҳайё карда мешаванд. 
Бо мақсади ҳарчи бештар ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар  мамлакат ба Ҳукумати кишвар зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати татбиқи саривақтии барномаҳои соҳа мунтазам чораҷӯӣ намояд. 
Имрӯз корхонаҳои саноатии кишвар талаботи бозори дохилиро асосан бо риштаи пахтагин, матои пахтагини тайёр, маҳсулоти дӯзандагӣ, қолину ҷуроб ва пойафзол таъмин мекунанд.
 Дар 11 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагӣ беш аз як миллиард сомониро ташкил додааст.
Бо вуҷуди ин, Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ва роҳбарони субъектҳои фаъолияти истеҳсолӣ ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда ва таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки ҳоло аксари корхонаҳои коркарди нахи пахта куҳнаву фарсуда шудаанд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки тавассути воридоти таҷҳизоту технологияҳои навтарин иқтидори истеҳсолии корхонаҳои коркард зиёд карда шавад.
Мавриди зикр аст, ки дар кишварамон аз соли 2008 инҷониб бо ҷалби сармояи хориҷӣ 8 корхонаи нави коркарди нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он сохта, ба истифода дода шудааст. Инчунин ҷиҳати таҷҳизонидани корхонаҳои соҳаи саноати сабук воридоти таҷҳизот ва технологияҳои муосир аз боҷи гумрукӣ ва андозҳо озод карда шудаанд.
Дар баробари ин, мехоҳам махсус таъкид намоям, ки то ҳанӯз миқдори зиёди нахи пахтаи дар кишвар истеҳсолшуда бе коркард, яъне ҳамчун ашёи хом ба хориҷи кишвар содирот гардида, механизми муайяни хариди он барои коркард дар дохили кишвар ҳоло ҳам роҳандозӣ нашудааст ва аз ин сабаб корхонаҳои ватании коркарди нахи пахта наметавонанд, ки бо иқтидори пурра фаъолият намоянд.
Инчунин ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҳалли саривақтии масъалаҳои рушди саноати сабуки мамлакат чораҳои дахлдор андешанд. 
Аз ҷониби дигар, масъалаи бо иқтидори пурра ба кор андохтани корхонаҳои коркарди нахи пахта, пеш аз ҳама, аз афзоиш додани ҳаҷми ҷамъоварии пахта вобаста мебошад.
Аз ин лиҳоз, ба вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати ба кор андохтани захираву имкониятҳои мавҷуда, алалхусус истифодаи самараноки обу замин мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Дӯстони азиз!
Ҳукумати мамлакат ҳар як иқдоми нек ва ташаббуси созандаи соҳибкорону сармоягузоронро ҳамеша мавриди дастгирӣ қарор дода, барои амалишавии мақсаду мароми онҳо ҳамаи шароити заруриро муҳайё намудааст. Зеро ҳадафи аслии ҳар яки мо ободу зебо сохтани Ватани азизамон мебошад, ки ба ин васила барои наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар шароити хуби кору зиндагиро таъмин намоем.
Итминон дорам, ки бо азму талоши Ҳукумат ва саҳми ҳар як фарди ватандӯсти бонангу номуси миллат соҳаи саноати сабуки мамлакат дар солҳои наздиктарин ба марҳалаи навбатии рушд ворид мешавад ва ин иқдом боиси боз ҳам таҳким ёфтани имкониятҳои иқтисодии давлати соҳибистиқлоламон ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон мегардад.
Барои ин ҳар як масъули сохтору мақомоти давлатӣ, соҳибкорону сармоягузорони баландҳиммат ва бонангу номуси мамлакат бояд софдилонаву садоқатмандона заҳмат кашанд.
Инчунин бо дарназардошти он, ки сол ба охир расида истодааст, ҳамаи  сохтору мақомоти давлатӣ, қабл аз ҳама, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарону фаъолонро зарур аст, ки ҷиҳати ҷамъбасти нишондиҳандаҳои сол, тайёрии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба мавсими зимистон, аз ҷумла таъминоти аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ бо қувваи барқу маводи сӯзишворӣ ва омодагӣ ба кишти баҳорӣ чораҳои бетаъхир андешанд.
Дар фарҷом бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати оғози сохтмони маҷмааи азими ресандагиву бофандагӣ ва дӯзандагӣ табрик гуфта, ба бунёдкорони иншоот саломатӣ ва барори кор орзумандам.
Ҳамчунин ба сармоягузорони давлати ба мо дӯсту ҳамсояи Чин барои дастгирии молиявии бунёди чунин корхонаи муқтадири замонавӣ, ки боз як рамзи дӯстӣ ва робитаҳои наздики кишварҳоямон хоҳад гардид, изҳори сипос менамоям.
Ҳамеша пирӯзу сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2014    №: 251    Мутолиа карданд: 521

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед