logo

энергетика

РАВШАНИВУ ГАРМӢ БА ҲАР ХОНАДОН

Ширкати «Помир Энерҷӣ» яке аз корхонаҳои калонтарини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, амалисозии барномаҳои соҳаи энергетикаро дар зимма дорад.

Ширкат аз соли 2002 дар асоси нахустин шартномаи  консессионӣ дар мамлакат ба муҳлати 25 сол бо маблағгузории аввалаи 25,8 миллион доллари ИМА, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Помир Энерҷӣ» баста шуд, фаъолият дорад. Он дар соли 2013 дар самти амалисозии барномаҳои ҳамкории  давлат ва бахши хусусӣ аз ҷониби Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ аз ҷумлаи панҷ лоиҳаи беҳтарини ҷаҳонӣ шинохта шуд. Имрӯз ширкат тамоми манотиқи вилоятро бо қувваи барқи хушсифат таъмин менамояд ва барои васеъ намудани доираи фарогирии муштариён, коҳиш додани  талафоти техникӣ ва баланд бардоштани эътимоднокӣ корҳои зиёдеро роҳандозӣ мекунад. Дар арафаи Соли нав Далер Ҷумъаев, директори кулли “Помир Энерҷӣ” доир ба  натиҷаҳои истеҳсолии ширкат дар соли 2014 ва пешомадҳои он чунин  ибрози назар намуд:
- Соли 2014 барои ширкат  соли  бобарор омад. Натиҷаҳои  истеҳсолии мо беҳтар ва дар роҳи баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии барқ қадамҳои нав ниҳода шуданд. Масалан, дар соли 2013 ҳамагӣ 74 дарсади истифодабарандагони барқи шабакаи марказӣ, яъне муштариёни шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Рӯшон, Ишкошим ва Дарвозро дар давоми 24 соат бо барқ таъмин карда бошем, дар соли 2014 ин нишондиҳанда ба 86 фоиз расид.
Ширкат истеҳсоли барқро сол ба сол зиёд карда, дар соли 2014 ҳаҷми фурӯши он ба 171,06 миллион кВт - соат расонда шуд, ки ин  назар ба соли гузашта 2,8 фоиз зиёд аст.
 Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти он ҷамъоварии маблағи барқи истеъмолгардида  мебошад. Соли 2013 қариб 85 фоизи ҳаққи барқро  аз муштариён ҷамъоварӣ намуд. Имсол ба ин  масъала   таваҷҷуҳ бештар гардид, айни ҳол қариб 100 фоизи пардохти  ҳаққи барқ таъмин шуд.
Талафоти қувваи барқ ҳам яке аз мушкилот ба ҳисоб  меравад. Азбаски ширкат шабакаҳои дар давоми солҳои дароз истифодашударо ба мерос гирифт, ин масъала барқчиёнро ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ месохт. Ба шарофати навсозии шабакаи барқтаъминкунӣ  ба мо муяссар гардид, ки сол ба сол миқдори талафоти барқро кам намоем.  Соли 2013 талафоти барқ 13,82 дарсадро ташкил дод, имсол ба 12,5 фоиз коҳиш ёфт.
Ҳамасола ҳаҷми умумии маблағгузории ширкат аз ҳисоби ҷалби   сармоягузориҳои хориҷӣ ва даромадҳои худӣ рӯ ба афзоиш дорад. Дар  давоми 14 сол ҳаҷми сармоягузорӣ ба 44 миллион доллари ИМА расонда шуд. Танҳо дар соли 2014 аз ҳисоби худӣ ва сармоягузориҳо дар доираи ҳамкории минтақавӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  қариб  4 385 ҳазор доллари ИМА воситаҳои асосӣ маблағгузорӣ гардиданд.
Соли равон бо қувваи кормандон шабакаи идоракунии дастгоҳҳои НБО - и «Наматгут» дар ноҳияи Ишкошим автоматӣ шуда, неругоҳ ба шабакаи марказии «Помир Энерҷӣ» пайваст гардид. Дар натиҷа таъминоти барқи муштариёни ноҳия, бахусус аҳолии водии Вахон (шумораи хонаводаҳо 2130 ва шумораи аҳолӣ қариб 18 ҳазор нафар) куллан беҳтар гашт. 
Ҳамчунин ҳоло 11 фоизи муштариёни Ванҷи Болоро  дар давоми 14-18 соат ва 3 фоизи муштариёни ноҳияи Мурғобро  дар давоми 8-10 соат дар як шабонарӯз аз қувваи барқ таъмин карда истодаем. Ин  ҳам  як  қадами  қатъӣ  барои  расидан  ба  ҳадафи ниҳоии  ширкат  мебошад, ки он 24 соат таъмин намудани аҳолии вилоят бо барқ аст. Маҳз  барои  расидан  ба  ин  мақсад соли  равон дар ноҳияи Ванҷ сохтмони НБО-и хурди “Мотравн” идома ёфт, нақшаи навсозӣ ва ба шабакаи барқии “Ванҷ” пайваст кардани НБО - и “Техарв” тарҳрезӣ гардид. Барои навсозии НБО - и “Оқсу” низ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Олмон маблағи зарурӣ ҷудо гашт, ки дар баҳор сохтмон оғоз меёбад.
Ширкат дар ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъа шабакаи  муосири АСКУЭ - ро васл намуд ва ҳоло ҳамаи нишондодҳо бо таври электронӣ ба умури танзими марказӣ ворид мегарданд. Дар назар аст, ки оянда ин амал дар ноҳияи Ванҷ низ ҷорӣ карда шавад.
Барои таъмини  сатҳи  баланди  хизматрасонӣ шабакаи нави биллингӣ ҷорӣ гардид ва аз ин баъд тамоми ахбор оид ба истифодабарии барқ ба воситаи паёмакҳо ба телефонҳои мобилӣ интиқол ёфта, пардохти ҳаққи барқ аз тариқи терминалҳо сурат мегирад.
Ба 3 масъалаи асосӣ – маош, такмили ихтисос ва шароити кории кормандон диққати ҷиддӣ медиҳем.  Соли 2015 мувофиқи нақша маоши кормандон 10 фоиз баланд бардошта мешавад.
Дар соли 2014 51 нафар кормандон ба баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ фаро гирифта шуданд, ки  аз  онҳо 29 нафар берун аз ҷумҳурӣ, дар мамлакатҳои ИМА, Олмон, Норвегия, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб, 18 нафар дар шаҳри Душанбе ва 27 нафар дар шаҳри Хоруғ савияи дониши худро баланд бардоштанд.
 «Помир Энерҷӣ» ба тайёр кардани кадрҳои болаёқат дар заминаи донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он аҳамият медиҳад. Соли 2014 дар Донишкадаи энергетикии Москва, Донишкадаи политехникии Харкови Украина, Донишгоҳи техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи шаҳри Хоруғ аз ҳисоби ширкат 21 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Дар ин сол «Помир Энерҷӣ» барои тайёр кардану бозомӯзии кадрҳо 391 305 сомонӣ сарф намуд.
Дар соли  нав азм  дорем, ки дар вилоят Маркази омӯзиши техникӣ кушоем ва алҳол ин масъала мавриди омӯзишу баррасии масъулони соҳа қарор дорад, ки ба он на фақат кормандони “Помир Энерҷӣ”, балки ҳамкасбонамон аз “Барқи тоҷик” ва “Де Афғонистон Брешна Ширкат” ҷалб хоҳанд шуд.
 Ширкат минбаъд ҳам барои таъмини ҳадафи асосии худ – равшанӣ ва гармӣ  ба ҳар як хонадон аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад бурд.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.01.2015    №: 1    Мутолиа карданд: 12058

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед