logo

паёмҳо

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2015, шаҳри Душанбе, 31 декабри соли 2014

Ҳамватанони азиз!
Дар ин лаҳзаҳо, ки хурду бузурги кишварамон бо эҳсоси фараҳу шодӣ ва бо нияту орзуҳои нек Соли нави мелодии   2015 - умро истиқбол менамоянд, ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат сидқан табрик мегӯям ва барои ҳар як хонаводаи тоҷик тандурустиву хушбахтӣ, рӯзгори орому осуда ва барори кору дастовардҳои тоза орзумандам.
Ба шарофати пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва заҳмати софдилонаи сокинони мамлакат соли 2014 дар кишвари азизамон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намуданд, иқдомҳои бунёдкоронаи давлату Ҳукумат ва ташаббусҳои соҳибкорони бонангу номуси мамлакат идома пайдо карданд.
Дар натиҷа пойдевори давлати миллиамон боз ҳам қавӣ ва нуфузу эътибори он дар арсаи ҷаҳон хеле таҳким ёфт ва муҳимтар аз ҳама, иқдому ташаббусҳои зикршуда боиси беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ гардиданд. 
Дар соле, ки сипарӣ мешавад, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои буҳронӣ рушди устувори иқтисодиёти мамлакат таъмин гардида, дар бахши сармоягузорӣ, соҳаҳои саноату кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ислоҳоту навсозиҳо идома пайдо карданд ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам тавсеаи бештар ёфтанд.
Дар сатҳи баланд баргузор шудани ҷаласаи навбатии Созмони  ҳамкориҳои Шанхай нишондиҳандаи беҳтарини сатҳи равобити мо бо созмонҳои бонуфузи минтақа ва ҷаҳон гардид ва Тоҷикистон имкон пайдо кард, ки ҷонибдории худро ба хотири таъмини амният ва рушди ҳамаҷониба дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин густариши ҳамкориҳои судманд миёни аъзои созмон бори дигар таъкид намояд.
Бузургдошти 600 - солагии яке аз фарзандони фарзонаи миллати куҳанбунёдамон – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, таҷлили бошукӯҳи бистсолагии бахтномаи халқамон - Конститутсияи Тоҷикистон низ аз чорабиниҳои муҳимми сиёсиву фарҳангии кишварамон дар соли сипаришаванда маҳсуб мешаванд.
Воқеан, қабули ин санади тақдирсоз, яъне Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвари мо дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи пешрафт ва муаррифии шоистаи кишварамон ба оламиён мебошад.
Ҳукумати мамлакат дар давоми соли 2014 ҳамаи саъю талоши худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи сокинони кишвар равона сохта, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, ҷавонону занон, дастгирии табақаҳои ниёзманду осебпазири ҷомеа, ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба таҳсилоти босифат, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳисси баланди миллӣ, инчунин бо ҷойи кор таъмин намудани шахсони бекор як силсила тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонид.
Дар Соли нави мелодӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони маҳбуби мо на танҳо татбиқи силсилаи барномаҳои муҳимми давлатие оғоз мешаванд, ки рушди устувори минбаъдаи мамлакатро таъмин мекунанд, балки якчанд чорабиниҳои пураҳамияти сиёсиву фарҳангӣ баргузор хоҳанд шуд, ки ҳар кадоми онҳо дар таърихи давлатдории халқамон саҳифаҳои навро боз хоҳанд намуд.
Чунонки мардуми кишвар огоҳанд, якуми марти соли 2015 маъракаи муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи вакилон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат - Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мешавад.
Итминон дорам, ки чорабинии мазкур дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ва бо ширкати фаъолонаи интихобкунандагон баргузор мегардад ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири ояндаи неки кишварамон бо масъулияти баланд намояндагони шоиставу арзандаи худро ба парламенти мамлакат ва маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб менамоянд.
Интихоботи навбатӣ бояд омили муҳимми боз ҳам таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон гардад. Фаромӯш набояд кард, ки мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ на як бору ду бор фарҳанги баланди сиёсӣ ва суннати таҳаммулгароӣ нишон додаем.
Соли 2015 инчунин як қатор чорабиниҳои арзишманди фарҳангӣ, аз ҷумла бузургдошти 700 - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000 - солагии Ҳисори Шодмон баргузор мегарданд, ки онҳо, бешубҳа, ба тавсеаву густариш пайдо кардани ҳисси ватандориву худшиносӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, таҳкими суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои неки ободкориву созандагии халқамон мусоидат хоҳанд намуд.
Имрӯз воқеияти зиндагӣ беш аз пеш талқин месозад, ки ҳар фарди бонангу номус, ватанхоҳу ватандӯст ва ҳимматбаланду саховатпеша бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ саъю талоши созандаи хешро ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон сарф намояд ва сарзамини биҳиштосоямонро боз ҳам маҳбубу машҳур гардонад.
Мо ҳанӯз масъалаву мушкилоти зиёди ҳалталаб дорем, ки ҳамаи онҳоро худамон, бо шукронаи сулҳу оромӣ, Ватани соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлоламон ҳаллу бартараф месозем.
Мардуми фарҳангиву ободгари Тоҷикистон ҳамеша ба оянда назари нек доранд ва бовар дорам, ки ҳамаи мо дар ҳамбастагӣ минбаъд низ барои фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар, таъмини зиндагии пурсаодати халқамон ва дастовардҳои нав қадамҳои устувор мегузорем.
Итминони комил дорам, ки Соли нави мелодии 2015-ум барои боз ҳам мустаҳкам гардидани пояҳои истиқлолият, таҳкими давлатдории миллӣ ва ваҳдату суботи ҷомеа силсилаи иқдому ташаббусҳои созанда амалӣ хоҳанд шуд.
Бо ибрози ҳамин орзуҳои нек бори дигар ҳамаи сокинони некбину некандеш, босабру таҳаммул ва сарбаланду қавииродаи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2015 сидқан табрик гуфта, барои ҳар яки шумо хонаи обод, рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафту ободӣ орзумандам.
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.01.2015    №: 1    Мутолиа карданд: 12135

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед