logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми панҷуми ҷаҳонии об, шаҳри Истанбул, 16 марти соли 2009

Мӯҳтарам ҷаноби Раис!
Мӯҳтарам иштирокчиёни форум!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Ман хеле хушнудам, ки дар ин форуми бузурге, ки дар ҳалли масъалаҳои муҳими об дар саросари ҷаҳон саҳми бузург дорад ва онро борҳо собит намудааст, имконияти суханронӣ дорам.
Бо истифода аз фурсат ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Ҷаноби Олӣ Абдулло Гул барои даъваташон ба чунин рӯйдоди муҳими ҷаҳонӣ арзи сипос менамоям.
Дар ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир ҳодисаҳои ногаҳонӣ зиёд рух медиҳанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз тадбирҳои зарурии кам кардани оқибатҳои тағйирёбии глобалии иқлим ва мутобиқ шудан ба онро наандешида, дучори таҳдиди нав – бӯҳрони молиявӣ гардид. Табиист, ки имрӯз дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тамоми воситаву имкониятҳо барои мубориза бо ин падида равона карда шудаанд. Вале фаромӯш набояд кард, ки масъалаи об бинобар аҳамияти хоса доштанаш, ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар миқёси байналмилалӣ бояд ҳамеша чун масъалаи афзалиятноктарин боқӣ бимонад.
Дар ин замина нақши калидии пешвоёни сиёсӣ, ки ҳатто дар чунин ҳолатҳои бӯҳронӣ низ ба масъалаи об афзалият дода метавонанд, дақиқан ба назар мерасад. Бояд зикр кард, ки созмондиҳандагони форуми имрӯза бо дарки моҳияти вазъи баамаломада дар таърихи чорабиниҳои ҷаҳонии об бори нахуст ҷараёни сиёсиро оғоз бахшиданд ва ҷаласаи имрӯза шоҳиди ин гуфтаҳост. Бешубҳа, ин иқдом ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо ҷиҳати таҳияи бархӯрди ягона барои ҳалли масъалаҳои об мусоидат хоҳад кард.
Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об - барои ҳаёт» ва ширкаткунандаи фаъоли чорабиниҳои ҷаҳонии об чунин иқдомро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ин раванд саҳми бештаре дошта бошад.
Тавре ки ман зикр кардам, яке аз хатарҳои асосии ҷаҳони муосир, ки ба захираҳои об дахл дорад, тағйирёбии иқлим мебошад. Ин проблема дар Осиёи Марказӣ, ки тағйирёбии иқлим дар он хосатан эҳсос мегардад ва бо сабаби бӯҳрони демографӣ печидатар мешавад, шиддати махсус пайдо кардааст.
Дар даҳсолаҳои охир пиряхҳои Тоҷикистон, ки манбаи асосии дарёҳои минтақа мебошанд, аз се як қисми ҳаҷми худро гум кардаанд, дар ҳоле, ки аҳолӣ якчанд баробар афзудааст. Мувофиқи мушоҳидаҳои олимон ин тамоюл устуворона идома дорад ва дар ояндаи миёнамӯҳлат ва дарозмуддат боиси кам шудани оби дарёҳо мегардад. Агар рушди босуръати иқтисодии кишварҳои минтақа, ки мувофиқи баъзе ҳисобҳо истифодаи об дар онҳо то соли 2030-юм 15-20 фоиз зиёд хоҳад гашт, ба назар гирифта шавад, ин тамоюл, воқеан, ба таври ҷиддӣ ташвишовар мегардад.
Паҳлӯи дигари масъала ақибмонда будани низоми обёрӣ мебошад. Мувофиқи баъзе маълумотҳо имрӯз дар Осиёи Марказӣ ҳангоми обёрӣ то 40 фоизи об бебозгашт масраф мегардад.
Ҳамаи ин аллакай боиси ба камобӣ ва норасоии барқ дучор шудани минтақаи мо гардидааст. Зимистони фавқулодда сард ва хушксолии фаслҳои баҳору тобистони соли гузашта бори дигар нишон доданд, ки дар минтақа ҳам барои истеҳсоли қувваи барқ ва ҳам барои танзими захираҳои об иқтидорҳо намерасанд.
Вазъи баамаломада моро водор менамояд, ки дар хусуси мутобиқшавӣ ба ин воқеият ва ба роҳ мондани идоракунии ҳамоҳангшудаи захираҳои оби минтақа тадбирҳои таъхирнопазир андешем.
Яке аз чунин тадбирҳо афзун гардонидани иқтидори обанборҳо дар кишварҳои болооб мебошад, ки барои ин шароити мусоиди ҷуғрофии маҳал ва ба низоми экологӣ камтаъсир вуҷуд дорад. Ин имконият медиҳад, ки танзими боэътимоди бисёрсола ва мавсимии ҷараёни об татбиқ карда шуда, истеҳсоли нерӯи барқи обӣ афзун ва истифодаи самарабахши захираҳои табиӣ таъмин карда шавад.
Тоҷикистон борҳо доир ба азхудкунии муштараки захираҳои бойи гидроэнергетикии худ, ки он дар ҳаҷми 527 миллиард киловатт-соат арзёбӣ мегардад, ташаббус зоҳир кардааст. Ин аз эҳтиёҷоти кунунии ҳамаи кишварҳои минтақа се баробар зиёд мебошад.
Бархӯрди оқилона дар масъалаи баҳрабардорӣ намудан аз захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ба давлатҳои минтақа имкон медиҳад, ки манфиатҳои умумии ҳама қонеъ гардонида шаванд.
Бинобар ин, мехостам зикр намоям, ки захираҳои газ ва нафт дар қиёси об барқарорнашаванда мебошанд ва мувофиқи нишондодҳои Стратегияи ҳамкории минтақавӣ доир ба истифодаи оқилона ва самарабахши захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ, ки дар доираи барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид – СПЕКА таҳия гардидааст, захираи онҳо дар минтақа барои 60-70 сол боқӣ мондааст. Ҳамзамон бо ин, агар мо аз ҳоло барои истифодаи фарогир ва самарабахши захираҳои гидроэнергетикии минтақа замина нагузорем, Осиёи Марказӣ дар оянда дучори мушкилоти ҷиддӣ хоҳад гашт.
Барои Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ офатҳои табиии марбут ба об, ки зиёд рух медиҳанд, проблемаи ҷиддист. Мувофиқи арзёбии коршиносон ин, пеш аз ҳама, ба таъсири тағйирёбии иқлим марбут аст. Бешубҳа, чунин офатҳо зарари зиёди иқтисодӣ мерасонанд ва имкониятҳои рушди устувори кишварро то андозае маҳдуд мегардонанд.
Бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо ба проблемаи мазкур Ҳукумати Тоҷикистон моҳи июни соли гузашта Конфронси байналмилалӣ оид ба кам кардани хавфи офатҳои марбут ба обро доир намуд.
Дар ҷараёни мубоҳисаҳои баргузоргардида пешниҳодот ва тавсияҳои нав ба миён омаданд, ки онҳо дар ҳуҷҷати ҷамъбастии конфронс – Эъломияи Душанбе инъикоси худро ёфтанд.
Аз ҷумла, аз ҷониби иштирокдорони конфронс ташаббусҳои Тоҷикистон дар бораи ихтисос додани қисми дуюми Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об – барои ҳаёт» ҷиҳати зиёд намудани кӯмак ба кишварҳои қафомонда ва рӯ ба инкишоф дар ҳалли проблемаҳои об ва инчунин ташкили Консорсиуми байналмилалӣ оид ба истифодаи оби кӯли Сарези Тоҷикистон барои таъмини кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ дастгирӣ ёфтанд.
Воқеан кишварҳои қафомонда ва рӯ ба инкишоф дар бобати ҳалли проблемаҳои об имконият ва иқтидорҳои маҳдуд доранд. Дар баробари ин, бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ проблемаи мазкурро печидатар мегардонад. Аз ин рӯ, дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои чунин кишварҳо ҳаётан муҳим мегардад ва ба ин бояд фондҳои дахлдори фавқулодда, ки таъсиси онҳоро мо дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод мекунем, мусоидат намоянд. Мо умедворем, ки иштирокдорони форум ин пешниҳодҳоро дастгирӣ хоҳанд кард ва ҳамин тариқ, дар сатҳи глобалӣ барои пешрафти минбаъдаи он заминаи лозима гузошта хоҳад шуд.
Созмон додани Консорсиум оид ба кӯли Сарез на танҳо барои абадан таъмин намудани аҳолии кишварҳои минтақа бо оби тозаи нӯшиданӣ имкон медиҳад, ки худ дар шароити тадриҷан кам гардидани захираҳои об дар минтақаи мо хеле муҳим аст, балки, дар айни замон хатари рахнашавии кӯлро, ки ба ҳаёти қариб 6 миллион аҳолии Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон таҳдид мекунад, паст мегардонад. Ин иқдом метавонад дар масъалаи ба ҳамкорӣ мубаддал намудани таҳдиду хатарҳо намунаи беҳтарин гардад.
Бояд зикр кард, ки чунин таҷриба дар минтақа аллакай вуҷуд дорад. Тавре ки маълум аст, дар нимаи дуюми асри гузашта Осиёи Марказӣ ба яке аз офатҳои калони экологӣ – хушкшавии баҳри Арал дучор гардид, ки дар натиҷаи истифодаи аз ҳад зиёди захираҳои об дар обёрии заминҳои нав ба миён омадааст. Бо мақсади сабук намудани оқибатҳои ин бӯҳрон ва нигоҳ доштани баҳр соли 1993 Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал таъсис дода шуд, ки дар айни ҳол он яке аз созмонҳои асосии минтақавиест, ки ба ҳаллу фасли масъалаҳои мураккаби об мусоидат мекунад.
Мехостам бори дигар зикр намоям, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманди минтақа буду ҳаст. Таъкиди нуктае бамаврид аст, ки ба Осиёи Марказӣ тақсимоти нобаробари захираҳои об хос мебошад. Оби асосии ҳавзаи баҳри Арал дар қаламрави Тоҷикистон ва Қирғизистон (зиёда аз 80 %) ташаккул ёфта, аз ҷониби Қазоқистон, Туркманистон ва ӯзбакистон (зиёда аз 85%) истифода мегардад. Аз ҷумла дар Тоҷикистон беш аз 56 фоизи захираҳои оби минтақа ташаккул меёбад, ки аз он мо танҳо наздикии 5 фоизашро истифода менамоему халос.
Табиист, ки мавҷудияти шаклҳои мухталифи истифодаи об ва ихтилофи истифодаи мавсимии захираҳои об ва манбаъҳои энергетикӣ, инчунин тақсимоти номутавозини онҳо на танҳо дар иқтисодиёт, балки миёни табиат, ҷомеаи башарӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ мухолифати манфиатҳоро ба миён меорад. Дар чунин шароит бояд дар истифодаи захираҳои об роҳҳои нави густариши муколамаву музокирот ва механизмҳои ҳамкориро дарёфт кард. Дар ин самт нақши калидии рушди дипломатияи об муҳим аст. Зеро маҳз об ҳам манбаи асосии некӯаҳволӣ ва ҳам амнияти минтақавӣ мебошад.
Омӯзиши ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об нишон медиҳад, ки вазъияти ба ҳам монанд дар дигар минтақаҳои ҷаҳон низ ҷой дорад. Чунин мешуморам, ки Соли байналмилалии дипломатияи об эълон шудани соли 2012 ба таҳкими ҳамкорӣ ва эҷоди муносибатҳои нав миёни кишварҳои канори дарёҳо дар танзими масъалаҳои марбут ба об мусоидат хоҳад кард.
Аз тарафи дигар, соли 2010-ум соли оғози қисми дуюми Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об – барои ҳаёт» мебошад ва эълон гардидани Соли байналмилалии дипломатияи об, бешубҳа, барои расидан ба ҳадафҳои даҳсола такони тоза хоҳад бахшид.
Тоҷикистон, ҳамчун кишвари ташаббускори Даҳсолаи амалиёт, татбиқи муваффақонаи онро мехоҳад ва аз ин рӯ, барои ба ин раванд ҷалб кардани шумораи ҳарчи бештари ҷонибҳои манфиатдор кӯшиш ба харҷ медиҳад. Бо ин мақсад Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки соли 2010-ум дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Об – барои ҳаёт»-ро ташкил намояд.
Мо барои дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои омодагӣ ва гузаронидани ин чорабинии муҳим ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро ба ҳамкорӣ даъват менамоем. Итминон дорам, ки аксари ширкаткунандагони форуми имрӯза ҷиҳати ҷамъбасти қисми якуми даҳсола ва таҳияи пешниҳодоти мушаххас барои татбиқи бомуваффақияти вазифаҳои қисми дуюми он ба мо ҳамроҳ хоҳанд шуд.
Дар фарҷоми суханронии худ бо изҳори ҳамин андешаи некбинона мехостам ба форум барори кор ва натиҷаҳои самарабахш орзу намоям. Барои ин созмондиҳандагони форум ҳамаи шароитро фароҳам сохтаанд.
Умедворам, ки нишасти мо дар миёни ақида ва таҷриба пули воқеан пайвандгар бино хоҳад кард, ки он ба шиори форум – «Бартарафсозии тафовут дар соҳаи об» мувофиқати пурра дорад. Аз таваҷҷӯҳатон сипосгузорам!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 521

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед