logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии Гузориши ЮНЕСКО дар масъалаи об, шаҳри Истанбул, 16 марти соли 2009

Мӯҳтарам ҷаноби Раис!
Мӯҳтарам ширкаткунандагони  форум!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Барои ман мояи ифтихор аст дар ин чорабинии ниҳоят муҳими форум, ки дар он Гузориши сеюми аз ҷониби ЮНЕСКО ва дигар сохторҳои Созмони Милал омодашудаи фарогир дар бораи рушди оби ҷаҳон муаррифӣ мегардад, дар назди ҳозирини гиромӣ суханронӣ намоям.
Итминон дорам ин гузориш, ки дорои аҳамияти бузурги илмист, метавонад барои ниҳодҳои гуногуни миллӣ ва минтақавӣ,  сиёсатмадорон ва аъзоёни порлумонҳо дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими вобаста ба об дастури амал гардад. Он барои чунин минтақаҳое, ба мисли Осиёи Марказӣ низ, ки дар он об омили муҳимтарини иқтисод ва муҳити зист аст, хеле зарур мебошад.
Таҳқиқоти дар гузориши мазкур дар сатҳи кишварҳо ва минтақаҳои гуногун овардашуда метавонад на танҳо барои шиносоӣ бо вазъи воқеии об мусоидат намояд, балки баҳри истифодаи василаву технологияҳои муосир ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд дар ҷодаи таъмину истифодаи об имконият фароҳам меорад.
Маълум аст, ки рушди иқтисодӣ бо истифодаи оқилонаи захираҳои об пайванди ногусастанӣ дорад.
Мутобиқан, пешрафти иқтисодиёт ва афзоиши аҳолӣ масрафи зиёдтари обро тақозо менамояд ва аз ин лиҳоз, инсониятро мебояд, ки баробари қонеъ гардонидани эҳтиёҷи фундаменталии худ ба об, ҷиҳати нигоҳдошти низоми осебпазири экологии сайёра тадбирҳои амалӣ андешад.
Аммо, омилҳои дигаре, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, хусусиятҳои миллӣ ва минтақавӣ, навовариҳои технологӣ ва тамоюлоти рушди иқтисоди ҷахонӣ низ ҳастанд, ки метавонанд дар кори арзёбӣ ва банақшагирии масъалаҳои марбут ба об дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ унсурҳои асосӣ бошанд.
Хонумҳо ва ҷанобон!
Тавре ки имрӯз такроран таъкид шуд, тағйирёбии иқлим дар миқёси олам, бӯҳрони шадиди энергетикӣ, озуқавӣ ва молиявӣ ба вазъи захираҳо ва идоракунии об таъсири манфӣ мерасонанд. Равандҳои глобалии солҳои охир шароити бо об ва озуқаворӣ таъмин намудани миллионҳоро боз ҳам печидатар месозанд, алалхусус онҳо ба табақаҳои камбизоат зарари бештар мерасонанд. Ин равандҳо метавонанд суботи сиёсиро халалдор сохта, барои ба миён омадани низоъҳои мухталиф дар кишвар ва минтақаҳои ҳассос замина фароҳам созанд.
Бидуни шак, об яке аз омилҳои муҳимтарини дастёб шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва умуман рушди устувор мебошад. Бинобар ин, идораи оқилонаи захираҳои об яке аз ҷузъҳои асосии тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва иҷрои вазифаҳои дигаре, ки аз ҳадафҳои зикршуда бармеоянд, ба шумор меравад.
Тағйироти иқлим асари худро ба одамон ва муҳити зист тавассути таъсири он ба захираҳои об мегузорад. Кишвари мо ва умуман Осиёи Марказӣ мисоли равшани ин раванд шуда метавонад.
Хушксолии пай дар пайи солҳои охир на танҳо боиси коҳиши истеҳсолоти кишоварзӣ гардид, балки ба пайдоиши бӯҳрони энергетикӣ низ сабаб шуд. Чунонки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар зарфи 17 соли охир дар Осиёи Марказӣ ва хусусан дар Тоҷикистон се маротиба хушксолии пай дар пай омад. Имсол ва солҳои оянда низ мо намедонем чӣ ҳолат моро дар пеш аст, чунки касе инро дақиқан пешгӯӣ карда наметавонад.
Барои Тоҷикистон, ки аз дигар манобеи энергетикӣ маҳрум аст, маҳз рушди соҳаи гидроэнергетика кафили беҳтар шудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, таъмин намудани некӯаҳволии мардум ва инчунин комёб гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола шуда метавонад. Кишвари мо, ки роҳи ба баҳр баромад надорад, мутмаин аст, ки истифодаи оқилонаи захираҳои об ҷиҳати ба рушди устувор ноил шудан нақши калидӣ дорад.
Аз ин лиҳоз, стратегияи мо талаботи муҳити зист ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти воқеии кишварҳои ҳамҷаворро ба назар мегирад.
Бори дигар дар чунин як ҳамоиши обрӯманд мехоҳам изҳор намоям, ки нақшаву лоиҳа ва пружаҳои мо ҳеч гоҳ бар зарари ягон кишвари ҳамсоя нахоҳад буд. Ба маълумоти шумо мерасонам, ки қариб 60% оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз сарзамини Тоҷикистон сарчашма мегирад, вале танҳо 5% онро мо истифода мебарем. Мутмаинам, ки даҳҳо мамолики дигари ҷаҳон низ дар чунин ҳолат қарор доранд. Вобаста ба ин, мо об ва сарфаи оқилонаи онро ҳамчун василаи асосии таҳкими ҳамкорӣ дар минтақаамон медонем. Аз ин хотир, мо ба истифодаи одилонаи об ба нафъи тамоми халқҳои Осиёи Марказӣ манфиатдорем.
Тоҷикистон истифодаи оби мусаффои нӯшидании кӯли Сарезро чун яке аз тадбирҳои ҳаллу фасли масъалаи таъмини об ва беҳдошт, пешниҳод намуд. Ҳаҷми захираи оби ин кӯл зиёда аз 17 километри мукааб буда, онро метавон барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти миллионҳо сокинони минтақа истифода бурд. Сарез танҳо як кӯли мо, як манбаи табиии захираи оби тоза аст. Ин манбаъ метавонад минтақаи Осиёи Марказиро абадан бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намояд. Мо инро пешниҳод намудаем. Чунонки мову шумо медонем, ба шаҳри Истанбул аз шаҳри Анқара, аз масофаи беш аз 300 км оби ошомиданӣ бо қубур интиқол дода мешавад. Байни кишварҳо барои таъмини газу нафт ба масофаи ҳазорҳо км қубурҳо кашида мешаванд. Чаро мо кишварҳои ҳамсояи худро бо ҳамин усул бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин накунем. 99% аҳолии Тоҷикистон мусулмонанд ва тибқи ҳидоятҳои дини мубини Ислом об додан ба ташнагон аз беҳтарин корҳои савоб аст.
Ҳамзамон, ин иқдом барои пешгирии хатари раҳнашавии сарбанди табиии ин кӯл, ки ба қисми зиёди Осиёи Марказӣ таҳдид менамояд, мусоидат хоҳад кард. Умедворам, ки ин пешниҳод мавриди таваҷҷӯҳи сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор хоҳад гирифт.
Тайи даҳсолаҳои охир, коҳиш ёфтани ҳаҷми пиряхҳо дар мавзеи сароби дарёҳои асосӣ, ки бар асари тағйирёбии глобалии иқлим ба вуқӯъ пайвастааст, дар минтақаи мо боиси нигаронии ҷиддӣ мегардад. Тибқи иттилооти расонаҳои мухталиф, дар ин муддат, масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон қариб 35 фисад кам шудааст.
Афзоиши минбаъдаи ин раванд дар Осиёи Марказӣ метавонад на танҳо таъмини устувор бо обро зери хатар гузорад, балки боиси дар ояндаи наздик сар задани протсессҳои дигари манфӣ гардад.
Бинобар ин на танҳо дар назди ниҳодҳои миллии минтақа, балки дар назди сохторҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ низ вазифаҳои пурмасъул гузошта мешаванд. Аз ин рӯ, қабл аз ҳама мебояд тағйироти табиӣ ва алалхусус таҳаввулоти захираҳои об ва дурнамои таъсири онро ба рушди устувор мавриди омӯзиш қарор дод.
Дар ин мабно ва дар вазъияти тавсеаи бӯҳрони об, ба ақидаи мо, зарурати таҷдиди назар ба стратегия ва тадбирҳои истифодаи муштараки захираҳои оби Осиёи Марказӣ ба миён омадааст.
Мо бар онем, ки зиёд намудани иқтидори обанборҳо яке аз чораҳои муассири танзимкунандаи обҳои ирригатсионӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ баҳри таъмини рушди устувор шуда метавонад.
Айнан бо ҳамин тариқа таҷдиди назар ба стратегия ва мавқеъгириҳо дар сатҳи глобалӣ низ зарур аст, ки он аз ҷумла ба асноди ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи об дахл дорад ва имрӯз мутобиқати ин аснодро ба андозаи хатару таҳдидҳои муосир мувофиқ бояд кард.
Баробари ин, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҷомеа ва муҳити зист ба об, адолати иҷтимоӣ дар идоракунии муштараки захираҳои табиӣ, такмили қонунгузории марбут ба об ва таъмини василаҳои самаранок ва шаффофтари тақсимоти ин захираҳо бояд меъёри асосӣ бошанд. Имрӯз бошад, беш аз 40% захираҳои об дар Осиёи Марказӣ аз сабаби ақибмонда будани тарзҳои обёрӣ, бебозгашт масраф мешаванд.
Идораи оқилонаи захираҳои об дар ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ бояд бо назардошти истифодаи сарфакорона ва мутақобилан судманди на танҳо об, балки дигар сарватҳои табиӣ низ ба роҳ монда шавад.
Барои ҳамин, маҳз чунин мавқеъгирӣ метавонад ба таъмини рушди устувор ва ҳифзи муҳити зист барои наслҳои оянда мусоидат намояд.
Барои расидан ба ин ҳадаф, қабл аз ҳама бояд мубодилаи доимии иттилооти воқеӣ ба мақсади вокуниши саривақтӣ ба тағйироти фавқулодда дар системаи «иқлим-об» ва истифодабарии замин сурат гирад.
Бинобар ин, ҳуқуқ ба об, ки онро Созмони Милали Муттаҳид эълом доштааст, бояд чун «василаи ҳаётан муҳими шарафи инсон» ва чун «замина барои татбиқи ҳуқуқҳои дигари инсон» арзёбӣ гардад.
Бар ин асос, мо вазифадорем, ки воситаҳои самараноктари истифодаи оқилонаи обро барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти тамоми аҳли башар бо назардошти қатъии талаботи қонунҳои табиату муҳит таҳия намоем.
Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон чун ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об - барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015, пешниҳод менамояд, ки марҳилаи дуюми ин даҳа барои пиёда сохтани чораҳои мушаххас дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба таъмини табақаҳои камбизоат ва осебпазири аҳолӣ бо оби нӯшиданӣ ва шароити зарурии санитарӣ бахшида шавад.
Ҳамзамон дар баробари сафарбар кардани имкониятҳои дохилӣ ва берунии молиявӣ, зарурати равона сохтани кӯшиши кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо ба татбиқи тадбирҳои расонидани хизмати аввалиндараҷа оид ба таъминот бо об ва санитария, сохтмони васоити марбутаи техникӣ, мусоидат ба инкишофи технологияи муосир дар ин бахш ва беҳтар намудани сифати хадамот тибқи талаботи замонавии техникӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ ба миён меояд.
Ҳамаи ин масъалаҳо баррасии пайвастаро дар ҷаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ бо иштироки ҳамаи кишварҳои олам тақозо менамояд.
Ба мақсади арзёбии марҳилавии пешрафт дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии об ва муайян сохтани вазифаҳо барои қисмати дуюми Даҳа мо пешниҳод намудем, ки соли 2010 дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ даъват карда шавад. Он метавонад саҳнаи баррасии муқаддамотии дастовардҳо, мушкилот ва таҷрибаи дар доираи ин Даҳа андӯхташуда гардад.
Изҳори умедворӣ менамоям, ки ЮНЕСКО, муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид, Шӯрои Ҷаҳонии об ва дигар созмонҳои байналмилалие, ки имрӯз дар ин маросим ҳузур доранд, ташкилотчиёни комилҳуқуқи конфронси мазкур мегарданд ва барои таъмин намудани сатҳи баланди ташкилии он мусоидат хоҳанд намуд.
Аз фурсат истифода бурда, ман ба Директори генералии ЮНЕСКО ҷаноби Коичиро Матсуура, Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия, Президент ва Сарвазири ин кишвар ва ҳамаи ташкилкунандагони ин форум барои муҳайё намудани шароити олии корӣ изҳори миннатдорӣ мекунам.
Барои таваҷҷӯҳатон сипосгузорам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 505

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед