logo

ҳуқуқ

ҲАРАКАТ ДАР РОҲҲО ТАШВИШОВАР АСТ

Бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ дар байни ҷавонону наврасон, баланд бардоштани масъулияти падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда дар таълиму тарбияи фарзанд, роҳ надодан ба рондани воситаҳои нақлиёт аз тарафи ноболиғон ва риояи интизом ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва қабул гардид.

Саидзода Маҳмадсаид, сардори раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки бо зиёд гардидани миқдори парки автомобилӣ ҳолати бехатарии ҳаракат дар роҳҳои мамлакат дучори бунбаст аст.
Муносибати беэҳтиромонаи ронандагон ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, паст будани фарҳанги ҳуқуқии соҳибони нақлиёти автомобилӣ, ки махсусан дар ҳолати мастӣ мошин меронанд, боиси ташвиш ва изтироби ҷомеа гардидааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зиёда аз 17 фоизи садамаҳои нақлиётии сабтшуда бо сабаби идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ сар задаанд. Осебҳои садамаҳои нақлиётӣ аз ҳисоби умумии фавтидагон 19,7 фоиз ва захмбардоштагон 18,3 фоиз мебошад. Аз шумораи умумии садамаҳои нақлиётӣ қариб 5 фоизашро ноболиғон содир намудаанд, ки бар асари ин 11 нафар ба ҳалокат расида, 23 нафари дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Боиси ташвиш аст, ки рух додани садамаҳои нақлиётӣ аз ҷониби ноболиғон рӯ ба афзоиш аст.
Дар баробари афзоиши теъдоди садамаҳои нақлиётӣ, аз ҷои ҳодиса ғайб задани ронандагон низ зиёд шудааст. Дар соли 2013 ва нимсолаи аввали соли 2014 беш аз 80 ҳолати ғайб задани ронандагони воситаҳои нақлиёт аз ҷои ҳодиса ба қайд гирифта шудааст. Омӯзиш ва таҳқиқоти пешакӣ нишон медиҳанд, ки яке аз омилҳои мусоидаткунандаи ғайб задани ронандагон аз ҷойи садамаи нақлиётӣ, ин идораи воситаҳои нақлиёт бо рақамҳои қайди давлатии бегона ё қалбакӣ мебошад, ки дар натиҷа ошкор намудани чунин ҷинояткорон душвор гардида, дар баъзе ҳолатҳо муайян намудани онҳо ғайриимкон аст.
Назар ба гуфтаи сардори раёсати БДА ВКД, дар соли 2013  ва нимсолаи аввали соли 2014 беш аз 14  74660 ҳолати риоя накардани қоидаи ҳаракат дар роҳ ошкор шудааст, ки аз ин 14435 адад идораи воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 50663 ҳолат бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 1133 ҳолат бо рақамҳои бегона ва қалбакӣ ва 13889 далели итоат накардан ба талаботи кормандони милитсия оид ба манъ намудани воситаҳои нақлиётро ташкил менамояд, ки дар муқоиса ба давраи гузашта 2,8 маротиба зиёд аст.
Бинобар ин, барои пешгирӣ намудани чунин бенизомиҳо тибқи лоиҳа ба моддаҳои 313, 329, 333, 336, 337 ва 343-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо пешниҳод шудааст, зеро вазъи бамиёномада пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмуриро тақозо  мекунад. Мувофиқи тағйироти воридшуда барои идораи воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ва надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ ҳаҷми ҷарима аз 70 то 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо расид, ки он 3200 сомониро ташкил медиҳад.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.01.2015    №: 4    Мутолиа карданд: 525

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед