logo

ҳуқуқ

ҶАЛБИ САРМОЯ ЯК РОҲИ РАҲОӢ АЗ БУҲРОН АСТ

- Имрӯз дар минтақаи Осиёи Марказӣ байни абарқудратҳо як мусобиқае идома дорад. Мо бояд кӯшиш намоем, ки чунин мусобиқаҳо Осиёи Марказиро хароб насозанд,- иброз дошт Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба андешаи мавсуф, яке аз бузургтарин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот аст.
- Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки онро халалдор созад. Ҳар яки мо вазифадорем, ки онро ҳифз намоем,- гуфт ӯ.
Дар мавриди муносибати Русияву Украина Х. Холиқназар гуфт, ки имрӯзҳо дар Минск музокирот идома дорад ва умед аст бо сулҳ  анҷом меёбад. Оид ба таҳримҳо алайҳи Русия ва таъсири он ба иқтисодиёти Тоҷикистон иброз дошт, ки марказ ҳанӯз моҳҳои август- сентябр як гузориши аз назари сиёсӣ ва иқтисодӣ муҳими таҳлилиро таҳия намуда, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Вазорати рушди иқтисод ва савдо низ гузорише омода кард. Ҳоло як нақшаи раҳоии кишвар аз ин мушкилот таҳия шудааст.
Назар ба гуфтаи директори марказ, имрӯз дар ҷумҳурӣ фазои хуби сармоягузорӣ вуҷуд дорад. Ҳар қадар бештар сармоя ба кишвар ворид шавад, ҳамон қадар ба манфиати  мост. Зеро ҳам ҷойҳои корӣ пайдо мешаванду ҳам коркарди ашёи хом роҳандозӣ мегардад.
-Агар ба таърихи рушди кишварҳои Чин, Малайзия, Сингапур назар кунем, мебинем, ки мушкилоти онҳоро фақат сармоягузорӣ ҳал кард. Бинобар ин як роҳи раҳоӣ аз буҳрон ва ҳалли мушкилот ҷалби сармоягузорӣ ба Тоҷикистон аст, - гуфт Х. Холиқназар.
Мунаввари САФАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.01.2015    №: 5    Мутолиа карданд: 670

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед