logo

ҳуқуқ

ДУЗДИИ СОЛИНАВИИ «БИЛАЙН»

Ба таваҷҷуҳи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Банда аз овони дар Тоҷикистон арзи вуҷуд намудани ширкати мобилии «Билайн» муштарии онам ва тӯли ин солҳо фикр мекардам, ки он ба муштариёни худ ҳалолу беғаразона хидмат мерасонад. Вале дар ин муддат аз баъзе найрангу ҳилаҳои маккоронаи ширкат, ки дар паси пардаи «хидмат ба муштариён» пинҳон будааст, мисли ҳазорон муштариёни ноогоҳ, бехабар мондаам. Рӯзе ҳамсарам шикоят кард, ки маблағи дар ҳисоби телефон доштааш бидуни истифода тамом шудааст. Ба нуқтаҳои хидматрасонии ширкат муроҷиат карда, фаҳмидам, ки он маблағ барои мусиқии ба ҷойи занги воридот садодиҳанда, он ҳам аз ҷониби худи ширкат бе огоҳии муштарӣ гузошта (як мусиқии гӯшхароши бемаънӣ!), сарф гаштааст. Ин сабаб шуду аз чанд найранги дигари ширкат, ки барои фиристодани паёмакҳо аз маълумоти нолозими китоби «Рекордҳои Гиннес», латифаҳои обшуста, эълони ҳар гуна бозиву озмунҳо ва дигар «хидматҳои хирсона» аз муштариён пули бе дарди миён мерӯёндаанд, огоҳӣ ёфтам ва бо исрору пофишорӣ қисмате аз он маблағҳои рабударо ба телефони худаму ҳамсарам баргардондам. Аминам, он чи ки банда барои худ кашф кардам, заррае аз ҳилаву найрангҳои ширкати мобилии «Билайн» аст, зеро дар нуқтаҳои хадамоти ширкат ҷабрдидагону шикоятгаронро хеле зиёд мушоҳида намудам.
Шаби Соли нав бо андешаи он ки шояд дар хадамоти ширкат тахфифҳо ҷорӣ шуда бошад, ба қисмате аз дӯстонам паёмакҳои табрикотӣ ирсол кардам, ки аз 14 калимаи тоҷикӣ иборат буд. Баъдан хостам маблағи дар ҳисоби телефонам бударо назорат кунам ва ҳисобро дидаму ҳуш аз сарам парид. Дар тӯли чанд дақиқаи ирсол шудани паёмакҳо аз маблағи дар ҳисоби ман буда, 17 сомонӣ ғайб задааст ё аниқтар беинсофона рабуда шудааст.
Баъди Соли нав ба нуқтаи хадамоти ширкат муроҷиат карда, сабаби якбора ва ногаҳонӣ аз ҳисобам ғайб задани маблағро ҷӯё шудам. Духтаре бо лаҳни зебову табассуми нарм ба мани соддаи аз замона қафомонда фаҳмонд, ки сабаби якбора аз ҳисоби телефон паридани 17 сомонии ман, бо забони тоҷикӣ ва ҳуруфи сириллик навиштани паёмак будааст. Яъне агар ман паёмакҳоро бо ҳуруфи англисӣ ё лотинӣ менавиштам, харҷи он як баробар арзон мебуд. Албатта, баҳс бо он духтарак, ки як хизматчии одӣ аст, суде надошт, зеро ин қоидаҳои маккоронаро хоҷагони ширкат, маҳз барои ғорати мардуми соддаву ноогоҳи мо муқаррар кардаанд.
Ман мехоҳам аз масъулони соҳаи алоқа, идораҳои дахлдор, махсусан аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пурсон шавам, ки ба ин ҷанобон кӣ чунин ҳуқуқ додааст, то дар Тоҷикистоне, ки забони давлатиаш тоҷикӣ асту алифбои расмиаш сириллик мебошад, чунин қоидаҳои муғризонаро ҷорӣ кунанд?! Чаро агар тоҷик дар кишвари соҳибистиқлоли худ бо ҳуруфи расмии давлатӣ паёмак фиристад, ба чунин «ҷарима» ё худ «ҷазои моддӣ» мувоҷҷеҳ мешудааст?! Ин магар поймол намудани ҳуқуқи шаҳрванди Тоҷикистон нест?!
Магар хоҷагони ширкатҳои мобилӣ намедонанд, ки ҳуруфи лотинӣ ё англисӣ барои аксари мардуми мо номафҳум ва душворхон аст? Медонанд, албатта медонанд! Вале ин ҳиллаи маккоронаи эшон, маҳз бо ғарази нопоки ғорату тороҷи мардум аст. Ҳар лаҳза ҳазорон паёмак бо тоҷикӣ ва ҳуруфи сириллик навиштаву ирсол мешаванд. Пас ин ҳолатро, ки миллионҳо сомонӣ тороҷ мешавад, кӣ назорат мекунад?! Ман бисёр мехоҳам, ки ба суолҳои худ аз мақомоти дахлдор посух ёбам.

Ортиқ ҚОДИР,
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.01.2015    №: 5    Мутолиа карданд: 1103

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед