logo

ҳуқуқ

ВАҲҲОБИЯ ДАР НИҚОБИ САЛАФИЯ

Ҷӯрахон МАҶИДЗОДА,
сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии
Тоҷикистон, генерал - майори милитсия

«Салафия» аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънояш гузаштагон мебошад, ки дар маҷмӯъ «ас – салафу – с - солиҳ» - ро олимон ба маънои инкишоф додану тарғиб, тафсир, таълим, ташреҳ ва танзими ислом аз тарафи гузаштагони накӯкор дар 3 асри аввали пайдоиши ислом дар назар доранд.
Таърихи пайдоиш, инкишоф ва ташаккулёбии мазҳаби «Салафия» аз бисёр сарчашмаҳо чӣ аз ҷиҳати мусбӣ ва чӣ аз ҷиҳати манфӣ ба мо маълум аст.
Вале ҷараёни «Салафия» - и дар нимаи дуюми асри ХХ аз тарафи Носириддини Албонӣ тавлид шуда, аз мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоати Аҳмади Ҳанбал ба куллӣ фарқ мекунад.
Салафиёни имрӯза аз рӯи ақида ва кирдору рафторашон пайравони гузаштагони накӯкор набуда, баръакс ақидаҳояшон характери экстремистӣ дошта, онҳо душманони ислом мебошанд.
Хонандагони муҳтарам, биёед лаҳзае ба давраи Иттиҳоди Шӯравӣ баргардем, он даврае, ки ҷумҳурии мо дар иҳотаи коммунизми «карахт» қарор дошта, мардуми мусалмони оддии аҳли суннат ва ҷамоат тибқи мазҳаби Имоми Аъзам - Абуҳанифа тоату ибодат мекарданд.
Вале бо ҳар роҳу усул ва воситаҳои гуногун дар он давра нафарони камшуморе пайдо шуданд, ки дар мамлакатҳои арабӣ аз рӯи дастури ҷараёни Муҳаммади Абдулваҳҳоб ва Носириддини Албонӣ дарс омӯхта, тавонистанд дар як қатор ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва хусусан дар давлатҳои Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон охири солҳои 90 – уми асри гузашта ғояи характери экстремистӣ доштаи ин ҷараёнро дар шакли «Ваҳҳобия» паҳн намоянд.
Ҷараёни «Ваҳҳобия» дар давраи бозсозии горбачёвӣ ба дастовардҳои «назаррас» ноил гардид. Ба ҷонибдорони «Ваҳҳобия» дар ниқоби «демократия» муяссар гардид, ки дар Тоҷикистон оташи ҷанги шаҳрвандиро доман зананд. Онҳо мехостанд давлати тоҷиконро ба давлати исломӣ табдил диҳанд. Идеяҳои экстремистии худро асосан дар маъракаҳои «мавлуд», «рӯзи дафн», «намози ҷумъа», тариқи амри маъруф ва ғайра амалӣ мегардонданд. Халқи оддиро гумроҳ карда ба доми худ мекашиданд. Ҷараёни ташвиқоту тарғиботи «Ваҳҳобия» чунон тез ҳаракат мекард, ки ягон мақомоти салоҳиятдори давлатӣ садди роҳи он шуда наметавонист. Оҳиста - оҳиста ҷангу ҷидолҳо дар маъракаҳои динии (марг, мавлуд, намози ҷумъа) байни тарафдорони «Ваҳҳобия» ва мазҳаби аҳли суннати Имоми Аъзам сар мезананд, ки оқибати онҳо ба майдоншинӣ (бори аввал моҳи майи соли 1986 - ум дар назди бинои кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Қурғонтеппа) оварда расонданд.
Ниҳоят, онҳо аз рӯзҳои аввали солҳои 90 - ум сафи худро аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳ зиёд намуда, ҳизб ва ҷараёнҳои дар он вақт характери экстремистӣ доштаро (ҳизби демократии Тоҷикистон, ҳаракати Растохез, Лаъли Бадахшон ва ғайра) - ро ба доми худ кашида, ҳодисаҳои февралии соли 1990 - ро дар шаҳри Душанбе ташкил намуданд, ки он яке аз омилҳои асосии сарчашмаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Ҷараёни «Ваҳҳобия» дар байни роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон, ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва мақомоти салоҳиятдори қудратӣ тарғибот бурда, ба онҳо ёриҳои пулӣ расонида, барои дигар кардани сохти идоракунии ҳокимияти давлатӣ, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медоданд, то ки роҳбарияти қонунии ҳукумату давлатро сарнагун карда, фақат намояндагони «Ваҳҳобия» - ро дар курсиҳои мансабӣ шинонанд.
Оқибат онҳо ба мақсади худ расида, Ҳукумати муваққатӣ ташкил намуданд ва ба ин қонеъ нашуда, истеъфои Президенти кишвар ва Шӯрои Олиро талаб намуданд, ки ин ба маҳалгароӣ оварда расонд ва дар натиҷа Тоҷикистони тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.
Тоҷикистон имсол 23 - юмин солгарди Истиқлолияти хешро таҷлил намуд. Бояд гуфт, ки сарфи назар аз мураккабиҳои ибтидои даврони истиқлолият аз ҷумла ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, халқи тоҷик бо роҳбарии Сарвари хирадманди хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба сарҷамъӣ ноил гардад.
Маҳз, дар ҳамин давраи истиқлолият, давраи гузариш ба сохти нави иҷтимоию сиёсӣ имрӯз тарафдорони ҷараёни «Ваҳҳобия» дар ниқоби «Салафия» сар бароварда, мехоҳанд бо ҳар роҳу усул сафи худро зиёд гардонда, дар оянда бо роҳи иштирок дар маъракаҳои сиёсию давлатӣ мақсадҳои худро амалӣ созанд.
Мақсади онҳо иборатанд аз:
- оштинопазирӣ нисбат ба дигар мазҳабҳо, тарғиби зӯроварӣ нисбат ба онҳое, ки аз мазҳаби салафиён розӣ нестанд;
- ба ҷои аввал гузоштани ғояи ҷиҳод, ҳамчун аслиҳаи мубориза бар зидди ҳама гуна равияҳое, ки ба таълимоти салафиҳо мухолиф мебошанд;
- ҷаҳду талош баҳри нобудсозии системаҳои дигари идеологӣ ва диниву - мазҳабӣ, бо мақсади барқарор намудани ҳукмронии (хилофат) - и ягонаи ҷаҳонӣ;
- фаъолона истифода бурдани шаклҳои муташаккили фаъолияти сиёсию иҷтимоӣ, тарзу усулҳои муборизаи равонӣ;
- тақсим намудани ҷомеа ба «мусулмонон» ва «кофирон», муқобил гузоштани мусулмонон бо ғайримусулмонон (мусулмонони «ҳақиқӣ», ба ақидаи онҳо танҳо пайравони салафия ҳисобида мешаванд).
Аҳдофи мазкур идеологияи ҷараёни салафиро аз мазҳабҳои ривоҷёфта (ҳанафӣ, шофеӣ, моликӣ ва ҳанбалӣ), яъне мазҳабҳои аҳли суннат вал ҷамоъа ҷудо мекунанд.
Маҳз ҳамин ҷараёни мазҳаби «Салафия» дар ин ё он шакл ба идеологияи «фундаменталии» фидоии экстремизми динӣ ва ҳаракатҳои иҷтимоию сиёсӣ, ки дар ҷаҳони ислом васеъ паҳн шудаанд, мубаддал гаштааст.
Қаноти радикалию экстремистии ҷараёни «Салафия» барои терроризми байналмилалӣ ҳамчун пойгоҳи асосӣ ба шумор меравад. Гурӯҳҳои мустақили экстремистӣ ва тарғибгарони ғояҳои салафӣ асосан ба хадамоти махсус ва намояндагони воломақоми баъзе аз давлатҳои арабӣ алоқа доранд ва имрӯз тадбирҳое низ аз ҷониби доираҳои болоии ҳукмрони ин давлатҳо дар бобати вусъат додани таъсири идеологияи салафия дар миқёси байналмилалӣ андешида мешаванд ва дастгирӣ меёбанд.
20 октябри соли 2007 ҷараёни экстремистии «Салафия», дар рӯйхати «сиёҳ» - и Департаменти давлатии Амрико ҳамчун ташкилоти террористии байналмилалӣ ба қайд гирифта шуд.
Вақтҳои охир дар миқёси ҷумҳурӣ, махсусан дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд салафия ба таври ошкоро пайдо шуда истодааст, ки бо роҳҳои гуногуни ғайриқонунӣ шаҳрвандони ҷумҳуриро ба ин ҷараён ҷалб менамоянд.
Пешвоёни салафия аксаран аз ҷумлаи хатмкардагони донишгоҳҳои исломии давлатҳои Покистон, Сурия, Яман, Аморат ва махсусан шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошанд.
Дар навбати аввал онҳо вазифаи асосии худро дар вайрон кардани тарзи намозхонии мазҳаби ҳанафӣ мебинанд. Бо ин мақсад онҳо ҳангоми адои намоз дар масҷидҳои калонтарини ҷумҳурӣ, дар байни намозгузорони одӣ худро намоиш дода, баъд аз хондани сураи «Фотиҳа» бо овози баланд «омин» гуфта, ҳангоми саҷда дастҳояшонро ба ду тарафи китф мебардоранд ва намози суннатро нахонда, додгӯён аз байни мардум баромада мераванд. Онҳо аз рӯи қоида бо «супориши махсус» бо сархатибон ва намозгузорон ақидаҳои ҷараёни салафияро таърифу тавсиф намуда, пешниҳод менамоянд, ки мардум монанди онҳо намоз хонда, ба ғайр аз Худои яккаву ягона ва Пайғамбар (с) дигар саҳобаҳо ва зиёрати мазори онҳоро эътироф накунанд.
Чунин аст вазифаю мақсади асосии ҷараёни ғайриқонунии салафия, ки мо онро дар боло ба таври мушаххас дарҷ намудем. Аммо дар давраи аввал онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки худро эътирофгарони давлату ҳукумат нишон дода, дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ чунин корҳоро анҷом бидиҳанд:
- «наҷот додани» идеологияи салафия аз бадномкунӣ дар чашми пайравони дин ва дигар мазҳабҳо, «фош намудани фаъолияти ҷинояткоронаи гурӯҳҳои террористӣ»;
- табдил додани ҷиҳоди мусаллаҳ ба ҷиҳоди иттилоотӣ - равоние, ки ба «исломикунонӣ» аз рӯи намунаи дастури мазҳаби салафӣ равона гардидааст;
- ҷалб намудани намояндагони мақомоти қудратӣ ва ҳукуматӣ ба ҷараёни салафия;
- ворид шудан ба сохторҳои ҳокимияти давлатӣ;
- ворид шудан ба боварии ҳокимиятҳои чи кишварҳои мусулмонӣ ва чи кишварҳои ғайримусулмонӣ бо мақсади ба даст овардани имконоти нав барои паҳн намудани ғояҳои худ;
- таҳти шиорҳои ҳимояи ислом ҷалб намудани пайравони дин ба муборизаи сиёсӣ.
Хатари салафия бандҳои моддаи 3 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» - ро пурра дар бар гирифта, дар маҷмӯъ мақсади асосии он ғасби ҳокимият ва барпо намудани давлати исломии «Хилофат» тавассути барангехтани низои мазҳабӣ буда, ба меъёрҳои мазҳаби ҳанафия, ки дар ҷаҳони ислом, алалхусус ҷомеаи Тоҷикистон мақоми хосаро ишғол менамояд, қатъан зид мебошад.
Имом Абуҳанифа шариати дини мубини Исломро ба тарзи олӣ тафсиру ташреҳ дода, дар ин соҳа шогирдони бисёре тарбия намудааст, ки минбаъд осораш маҳз аз ҷониби шогирдон гирдоварӣ ва мураттаб гардидааст.
Аммо дар байни салафиҳои навбаромад ақидаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки ба мазҳаби ҳанафӣ ихтилоф доранд ва ба он туҳматҳои беасосро низ бор мекунанд.
Масалан Албонӣ дар китоби «Мухтасари Саҳеҳи Муслим», дар бораи аз осмон фуруд омадани ҳазрати Исо, менависад, ки Исо аз рӯи ақидаҳову рафтори мазҳаби аҳли салаф ва Қуръону ҳадис ҳукм мекунад, ба ғайр аз Инҷил ва мазҳаби ҳанафӣ. Бубинед, ки Албонӣ чӣ қадар бадбинӣ дар нисбати мазҳаби ҳанафӣ дошта, онро ба Инҷил баробар мекунад, яъне то ба дараҷае, ки гӯё ҳанафиён мухолифи Ислом бошанд, ки, албатта ақидаи мазкур аз ҳақиқат фарсахҳо дур мебошад.
Салафиёни нави Албонӣ шаклҳои гуногуни муборизаро барои паҳн кардани ақидаҳои худ ба роҳ андохтанд. Онҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, китобчаҳои алоҳида ва инчунин тариқи шабакаи ҷаҳонии интернет, мақом ва нуфузи худро рӯз то рӯз ошкоро амалӣ гардонда истодаанд. Яке аз чунин сайтҳое, ки салафияро таърифу тавсиф мекунад, ин сайти «www.saIafsaIih.narod.ru», мебошад. Ба воситаи ин сайт онҳо бо забони русӣ идеологияи беасоси салафияро дар ҷаҳон ва хусусан дар давлатҳои Осиёи Миёна паҳн менамоянд.
Бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои тарафдорони ҷараёни салафия, тамоми мақомоти салоҳиятдори ҳокимияти давлатӣ бояд ширкат варзида, муборизаро бар зидди онҳо дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоннок намоянд.
Дар ҳаракатҳои ҷонибдорони мазҳаби салафия ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар ҳама ҳолат дида мешавад. Онҳо, махсусан қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» - ро дағалона вайрон карда, бар хилофи талаботи моддаи 22 – и қонуни мазкур, дар ҷойҳои манъшуда, адабиётҳои гуногуни салафияро мефурӯшанд. Дар моддаи 22 - и қонун чунин муайян шудааст: «Адабиёти динӣ дар нашриётҳои давлатӣ, бо пешниҳоди ташкилотҳои динӣ, ба табъ мерасанд ва дар ҷойҳои махсус паҳн карда мешаванд».
Саркардагони ҳаракати салафия қонунгузории ҷориро «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» вайрон намуда, ба омӯзиши ғайриқонунии адабиёти зидди ҷамъиятӣ ва давлатӣ шаҳрвандонро ҷалб намуда, аз онҳо талаб менамоянд, ки аз рӯи урфу одатҳои нави худ, яъне навсалафия бо тарзи нав ибодат намоянд. Онҳо ба таълимдиҳӣ, дар ҷойҳои манъшуда бе иҷозати махсус машғул шуда, талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дағалона вайрон менамоянд.
Аз ин рӯ, 8 январи соли 2009 Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манъ намудани фаъолияти салафия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки баҳри пешгирии ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ хизмат хоҳад намуд.
Бояд ҳаминро қайд намуд, ки ба ҳамаи пешгириҳо нигоҳ накарда, ҳаракати салафия дар қаламрави ҷумҳурӣ авҷ гирифта истодааст. Ин буд, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 декабри соли 2014 равияи динии салафия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳоди экстремистӣ (ифротгаро) эътироф ва сомонаҳои интернетии ин иттиҳод чун воситаи ахбори омма баста шуд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2015    №: 7    Мутолиа карданд: 2610

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед