logo

илм

ҶИРМИ ОФТОБӢ БО НОМИ ТОҶИКИСТОН

Соли ҷорӣ як ҷирми офтобии нав бо номи Тоҷикистон ҳуҷҷатгузорӣ мешавад. Феълан нуҷумшиносони мо як кометаро пайгирӣ доранд, ки хати ҳаракати он аз Тоҷикистон мегузарад ва дар сурати наздик шудан ба Замин натиҷаҳои хавфнок дорад. Ҳоло олимон омилҳои пешгирии хавфи онро таҳқиқ мекунанд. Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои кишвар, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
   - Як ҷирми низоми офтобро Анҷумани ситорашиносони ҷаҳон ба номи астрономи тоҷик Гулчеҳра Қоҳирова гузоштааст. Ин ҳаштумин ҷирми осмонист, ки номи донишманди Тоҷикистонро мегирад. Онро  Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ ба номи  нуҷумшиноси   тоҷик  гузошт. Албатта, ин нишони қадрдонӣ ба пажӯҳиши олимони тоҷик дар илми кайҳоншиносист. Гулчеҳра Қоҳирова ходими илми Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, дар мавриди шиҳобҳои наздик ба замин пажӯҳиши пурарзиши илмӣ бурдааст. Иттиҳоди байналмилали астрономӣ  соли 2014 як астероидро таҳти рақами 24533  ба номи нуҷумшиноси тоҷик «Kokhirova» номгузорӣ кардааст. 12 – уми декабри соли рафта расонаҳои дунё аз фуруд омадани дастгоҳи кайҳонии «Розетта» ба рӯи шаҳоби Чурюмов – Герасименко хабар доданд. Светлана Герасименко, нуҷумшиноси тоҷикистонӣ ҳамроҳи фазошиноси украинӣ Клим Чурюмов ин кометаи думболадорро дар соли 1969 дар фазои Қазоқистон кашф кард. Ин думболадор, ки дар дурии 500 миллион километр аз замин қарор дорад, ба исми ҳар ду кашшофаш номгузорӣ шудааст.
 

Ҳарамгули ҚОДИР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.15    №: 8    Мутолиа карданд: 12843

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед