logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози сохтмони роҳи оҳани Душанбе –Қӯрғонтеппа, ноҳияи Ваҳдат, 19 марти соли 2009

Ҳамватанони азиз!
Мутахассисон ва роҳсозони мӯҳтарам!

Халқҳои орёнажод, аз ҷумла мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳанӯз аз давраҳои қадим ҷашни суннатии соли нави аҷдодии худ, яъне Наврӯзро бо омодагӣ ба кишти баҳорӣ, тозаву ободсозии муҳити зист ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ истиқбол мегирифтанд. Мо низ мувофиқи ин таомули наҷиби ниёгони худ имрӯз дар остонаи иди бузурги миллиамон – Наврӯзи Аҷам ба сохтмони роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа, ки барои кишвари соҳибистиқлоламон аҳамияти хоса дорад, шурӯъ менамоем.
Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми мардуми Тоҷикистон ва  шумо – ҳозирини гиромиро ба муносибати фарорасии соли нави аҷдодӣ, Наврӯзи ҳуҷаста самимона табрику таҳният мегӯям ва бароятон рӯзгори хушу осуда, хонаободӣ ва барори кор орзумандам.
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон мо қадру қимати роҳро, ки барои давлати мо дорои аҳамияти ҳаётӣ ва омили муҳимтарини рушди мамлакат мебошад, басо хуб эҳсос намудем. Бинобар ин, ҳанӯз аз солҳои нахустини истиқлолият аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишварамонро дар қатори таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқавории он яке аз ҳадафҳои стратегии давлати худ эълон кардаем. 
Дар доираи татбиқи ин ҳадафи муҳим мо дар давоми солҳои истиқлолият бунёду азнавсозии як қатор роҳҳои оҳану мошингард, нақбу пулҳоро анҷом додем ва Тоҷикистонро ба як қаламрави воҳид табдил дода, роҳҳои онро аз самтҳои гуногун бо кишварҳои ҳамсоя  пайваст намудем.
Дар баробари ҳамаи корҳои баанҷомрасида дар соҳаи роҳсозӣ ҳоло татбиқи боз 12 лоиҳаи инвеститсионӣ идома дорад, ки маблағи умумии онҳо қариб 2 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Воқеан, ҳар як кишвари пешрафта бидуни бунёд ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани шабакаҳои дохилии коммуникатсионӣ ва роҳҳои мошингард рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии худро таъмин карда наметавонад.
Бо дарназардошти ин омил мо ба сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа шурӯъ кардем, ки пойтахти мамлакатамонро бо яке аз вилоятҳои калонтарини кишвар - вилояти Хатлон мепайвандад ва дар ташаккули қаламрави воҳиди кишвар боз як иқдоми бузург хоҳад шуд. Ин роҳ ҳамзамон бо интиқоли хеле арзони молу маҳсулот дар ҳифзи амнияти озуқавории ҳам сокинони пойтахт ва ҳам аҳолии вилояти Хатлон нақши муассир бозида, дар маҷмӯъ барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардуми кишвар заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Дар ояндаи начандон дур роҳи мазкур ҷузъи шоҳроҳи қаторагарди Чин – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон хоҳад шуд, ки дар робита ба бунёди он ҳоло музокироту омӯзишҳо идома доранд. Дар сурати амалӣ гардидани ин лоиҳаи бузург имконияти транзитии кишвар афзуда, Тоҷикистон тавассути роҳҳои оҳани байналмилалии трансосиёӣ низ ба бандарҳои баҳрӣ мебарояд.
Дар шароити начандон мусоиди молиявию иқтисодӣ ба бунёди роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа  шурӯъ намудани мо идомаи мантиқии сиёсати иқтисодии давлат дар самти татбиқи ҳадафи стратегии аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани мамлакат мебошад. Мувофиқи лоиҳа ҳаҷми умумии маблағи сохтмони роҳи оҳани мазкур қариб 500 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки дар доираи он 46 километр хати роҳи оҳан,  1100 метр нақб, 9 пул ва 2 гузаргоҳ бунёд гардида, садҳо ва ҳазорон нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ соҳиби кор хоҳанд шуд.
Бояд таъкид кард, ки баъди сохта ба истифода додани роҳи оҳани мазкур масофаи хати ҳаракати қатораи Душанбе - Қӯрғонтеппа ҳамагӣ 125 километрро дарбар мегирад ва фосилаи он 338 километр кӯтоҳ мешавад. 
Муҳимтар аз ҳама, арзиши боркашонӣ чор баробар паст мегардад, ки ин, албатта, ба арзон шудани молу маҳсулот дар бозорҳо ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон бо ин, барои кишоварзони вилояти Хатлон имкон пайдо мегардад, ки молу маҳсулоташонро тавассути қатора ба бозорҳои пойтахт ва берун аз он бо хароҷоти камтар  интиқол диҳанд.
Илова бар ин, бунёди роҳи оҳани  Душанбе - Қӯрғонтеппа  барои корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шароити боркашонӣ фароҳам меорад ва мушкилоти ҳамлу нақли таҷҳизот ва маводи зарурӣ бартараф гардида, боиси афзудани иқтидори истеҳсолии онҳо мегардад.
Мувофиқи ҳисоби пешакии мутахассисон фоидаи иқтисодии роҳи оҳани мазкур дар як сол 46 миллион сомониро ташкил хоҳад дод, яъне маблағи сохтмони он дар муддати 10 сол пӯшонида мешавад. Дар айни ҳол қисми маблағгузорӣ ва сохтмони роҳро Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ки дорои мутахассисони бомаҳорат ва ботаҷриба мебошад, ба ӯҳда гирифтааст.
Дар баробари ин, ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия зарур аст, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар масъалаи ба сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа ҷалб намудани сармояи хориҷӣ чораҷӯӣ намоянд. Ҳамчунин бо ҳамкории Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар бораи ба сохтмони роҳи оҳани мазкур сафарбар кардани шумораи ҳарчи бештари мутахассисону коргарони соҳибтаҷриба ва техникаи мавҷудаи роҳсозӣ тадбирҳо андешанд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ҳоло Тоҷикистон дар бунёди роҳи оҳан дорои иқтидору имкониятҳои зарурӣ, аз ҷумла кадрҳову мутахассисони бомаҳарот ва техникаи роҳсозӣ мебошад. Метавон гуфт, ки роҳсозони мо дар шароити хеле душвори сиёсиву иқтисодӣ дар сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб таҷриба андӯхта, бо бунёди 155 километр роҳи оҳан собит намуданд, ки аз ӯҳдаи мушкилтарин корҳои роҳсозӣ мебароянд. Аз ин рӯ, мо итминони комил дорем, ки бо азму иродаи қавии созандагӣ ва кору пайкори ватандӯстона сохтмони иншооти имрӯзаро низ муваффақона анҷом медиҳем.
Ҳозирини гиромӣ!
Мову шумо дар остонаи фарорасии Соли нави аҷдодӣ, эҳёи табиат ва фасли оғози киштукор қарор дорем. Зеро имрӯзҳо ба диёри зебову биҳиштосои мо баҳор бо қадамҳои сабзи худ муждаи расидани мавсими киштукор, ниҳолшинонӣ, кандани ҷӯю обравҳо, тозаву озода кардани хонаву ҳавлӣ ва ободонии кӯчаву хиёбонҳоро овардааст.
Бинобар ин, мехоҳам бо истифода аз фурсат ба тамоми роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва кулли ҳамватанонамон, бахусус деҳқонону кишоварзони соҳибтаҷриба, аз ҷумла сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон ва онҳое, ки дар ихтиёри худ як порча замини корам доранд, муроҷиат намоям, ки истифодаи оқилонаву самарабахши ҳар ваҷаб майдони киштро таъмин созанд. Дар марҳалае, ки бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар тамоми ҷаҳон шиддат гирифта, таъсири он ба иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии мардуми кишвари мо низ таҳдид карда истодааст, истифодаи оқилонаи замин моро аз оқибатҳои ногувори он эмин хоҳад дошт.
Мову шумо бояд фаромӯш насозем, ки сарзамини аҷдодии мо ватани гандум ва ғалладона буда, бо иқлими мусоид ва замини ҳосилхез дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамаи эҳтиёҷоти мардумро таъмин мекунад.     
Дар чунин давраи ҳассоси ҷаҳони муосир истифодаи пурраи ҳамаи заминҳо, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва аз заминҳои обӣ гирифтани ду-се ҳосил на танҳо амнияти озуқавории кишвари моро таъмин мекунад, балки барои захирасозӣ, пешгирӣ кардани болоравии нархи маводи ғизоӣ ва хеле беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум низ мусоидат менамояд.
Аз ин рӯ, ҳар як хоҷагии деҳқонӣ ва ҳар як оиларо зарур аст, ки бо дарназардошти талаботи бозори истеъмолӣ ва ниёзи хонаводаи худ ҳамаи  имкониятҳоро барои киштукор ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ равона намояд. Гузаштагони хирадманди мо беҳуда нагуфтаанд, ки ба қадру манзалати замин бирасӣ, замин туро ҳам мехӯронаду ҳам мепӯшонад.
Ҳар шахси бонангу номусе, ки Ватани худ – Тоҷикистонро дӯст медорад ва онро азиз медонад, бояд имрӯз аз пайи киштукор ва дигар тадбирҳои созандагӣ бошад, ба кӯчаву хиёбонҳо ва деҳаи худ ҳусну таровати тоза бахшад, ақаллан як ниҳол сабзонад ё хонаву дари худро таъмиру обод намояд.
Мову шумо бояд аз давлати соҳибистиқлол ва миллати бофарҳангу тамаддунсози худ ифтихору сарфарозӣ намоем ва ҷашни бистсолагии истиқлолияти давлатии худро, ки моҳи сентябри соли 2011 фаро мерасад бо дастовардҳои арзанда, заҳмати созанда ва амалу иқдоми бунёдкорона истиқбол гирем.
Дар остонаи Наврӯзи хуҷастапай ва дар арафаи солгарди 80-умини ворид шудани қатораи нахустин ба пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе оғоз ёфтани сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа фоли нек аст. Зеро мо умед дорем, ки ин роҳ идомаи неки силсилаи корҳои созандагии Ватани азизамон ва иншооти бузургу тақдирсози Тоҷикистони соҳибистиқлол хоҳад гардид.  
Аз ин лиҳоз, бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори ин рӯйдоди муҳим ва фарорасии соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи Аҷам, ки бо қадами пурфайзаш ба сарзамини хуршедиамон муждаи баҳору хуррамӣ овардааст, самимона табрик гуфта, ба ҳамаатон тани сиҳат, хотири ҷамъ, саодати рӯзгор ва хонаободӣ орзу менамоям.
Барои бо суръату сифати баланд ва дар мӯҳлати муқарраршуда  сохта ба истифода додани роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа, ки роҳи пешрафту тараққиёт, роҳи бунёдкориву дастовардҳои нав ва ваҳдату дӯстӣ хоҳад гашт, ба шумо - роҳсозони арҷманд, муваффақияту барори кор мехоҳам.
Саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 542

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед