logo

илм

"ШОҲНОМА" – И БО РАМЗ ИФОДАШУДА

Тавассути коркардҳои нави илмию тадқиқотӣ матни достонҳои “Шоҳнома” – и Абулқосим Фирдавсӣ бо рамзҳо ифода шуданд. Барои бо рамзҳо ифода намудани “Шоҳнома” аз ёздаҳ достони китоб истифода шуд, ки инҳо достонҳои “Таҳмурас”, “Ҷамшед”, “Заҳҳок”, “Фаридун”, “Манучеҳр”, “Нӯзар”, “Кайковус”, “Суҳроб”, “Сиёвуш”, “Ҷанги Рустам бо Аквондев”, “Бежан ва Манижа” мебошанд.

 

Ҳар як достон дорои ҳаҷми матнӣ аст. Матни достонҳо бо шаш воҳиди табиии ченаки матн - шумораи байтҳо, калимаҳо, аломатҳои бефосила ва бофосила, ҳарфҳо ва ҷумлаҳо муайян карда шуд. Дар байнашон аз рӯи байт калонтаринашон достони “Сиёвуш” ва хурдтаринашон достони “Таҳмурас” аст. Дар вақти коркард ва тадқиқот он бо якчанд тарз ҳисоб карда шуда, дар натиҷа панҷ воҳиди ченаки нав падид омад, ки инҳо ҳисоби миёнаи байт дар ҷумла, калима дар ҷумла, ҳарф дар калима, аломатҳои бефосила дар ҷумла ва бофосила дар ҷумла мебошанд. Достонҳои интихобшуда, ба якдигар вобаста нестанд, аз ин лиҳоз ҳар як достон алоҳида ҳисоб карда шуд. Ба ҳаҷми достонҳо нигоҳ накарда, рақамҳои дар вақти бо рамз ифода намудан ҳосилшуда ба ҳам низдик буданд. Барои исботи он ки байни ҳисоби миёнаи достонҳои ҳисобишуда фарқият нест, математикаи оморӣ истифода гашт. Аввал тақсимот барои панҷ ҳисоби миёнаи воҳиди табиии ченаки матн гузаронида шуд: тақсимоти байт дар ҷумла, калима дар ҷумла, ҳарф дар калима, аломатҳои бефосила дар ҷумла ва бофосила дар ҷумла мебошанд. Муайян карда шуд, ки баъди тақсимот натиҷаҳо барои панҷ воҳиди ченаки табиии матн, ба ҳар достон дар алоҳидагӣ муътадил мебошанд. Дар асоси ин тақсимот ҳисоби миёнаи дисперсионӣ муайян шуд ва натиҷаи ин ҳисобҳо нишон дод, ки  ҳисобҳои миёнаи дар боло зикршуда, аз  якдигар фарқ намекунанд. Аз рӯи ин фарзияҳо исбот ва муайян гардид, ки ин ҳисобҳои миёна аз ҳамдигар куллан тафовут надоранд.
Ин равиши коркард ва ҳисоб дар тарҷумаи русии китоби “Шоҳнома” – и Абулқосим Фирдавсӣ гузаронида шуд ва дар натиҷа рақамҳои дар вақти тадқиқот муайянгардида  тафовут доштанд.
Аз рӯи ин тадқиқот ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки дар вақти бо панҷ воҳиди табиии ченаки матн ифода намудани ёздаҳ достони китоби “Шоҳнома”- и Абулқосим Фирдавсӣ ва тарҷумаи русии онҳо аз ҷиҳати оморӣ гуногун намебошанд. Бо ифода намудани китоби “Шоҳнома”- и Абулқосим Фирдавсӣ дар рамзҳо баҳо додан ба достонҳо аз ҷиҳати оморӣ ва дар асоси ин рамзҳо, китоб дорои  нишондиҳандаҳои махсус хоҳад шуд. Чунин тарзи ҳисобро дар дигар достонҳову асарҳо низ истифода бурдан имконпазир аст. Аксарияти вақт ҳангоми тарҷумаи асарҳо ба дигар забон, ба асар дигаргуниҳо ворид мегардад, ки ин маънои асосии асари тарҷумашударо дигаргун месозад. Барои роҳ надодан ба ин гуна хатоиҳо аз ин тарзи ҳисобкунии рақамӣ истифода карда мешавад. Ҳар нишондиҳандаи муайяншуда, барои ҳар як асар ё достон номгузории доимии рамзӣ дорад ва агар ҳангоми тарҷумаю рӯйнависҳо шаклашро дигар кунад, ин равиш хатоии достонро маълум месозад.
Мисол: нишондиҳандаи рақамии ҳисоби миёнаи шумораи байтҳои достони “Фаридун” агар 1,09 бошад ва баъди тарҷума, ин нишондиҳанда ба якчанд воҳид зиёд шавад, он гоҳ ин рақамҳо хатои тарҷумаро дар достон нишон медиҳанд. Барои муайян кардани бесаҳвии достон рақамҳои баъди тарҷума бадастомада бояд ба рақами нишондиҳандаи аслӣ наздик бошад, мисли ҳисоби миёнаи байтҳои тарҷумаи русии достони “Фаридун”, ки ба 1,19 баробар аст. Ин рақам дурустии тарҷумаи достони “Фаридун” - ро нишон медиҳад. Бояд гуфт, ки аз рӯи ин рамзҳо достони калонтарин аз ҷиҳати калимаву байтҳои китоби “Шоҳнома”- и Абулқосим Фирдавсӣ аниқ ва равшан мегардад. Натиҷаҳои бадастомада касро дар ҳайрат мегузорад, зеро достонҳое, ки дар хотимаи китоб оварда шудаанд, аз рӯи нишонаҳои рамзӣ ҷойгиршавиашонро иваз карданд, яъне аз рӯи ҳаҷм ва ин ҳолат барои муайян кардани достоне, ки аз ҳама калонҳаҷм мебошад, кумак расонид. Мақсади асосии кашфи ин гуна коркарди матнӣ бо рақамҳо, роҳ надодан ба хатоиҳо дар маънои асарҳо мебошад. Ифода намудани “Шоҳнома”- и Абулқосим Фирдавсӣ бо рамзҳо дастоварди нави илмию тадқиқотӣ мебошад. Ин комёбӣ ва дастовардҳо бо роҳбарии Зафар Усмонов, академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба даст омадааст.

Абдунабӣ ҚОСИМОВ,
Ҳабибҷон БАҲРИДДИНОВ,
шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.15    №: 10    Мутолиа карданд: 15492

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед