logo

порлумон

СОЗИШНОМАҲОИ ҚАРЗӢ БА МАНФИАТИ КИШВАРАНД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, гузашт, лоиҳаи қонунҳо ва созишномаҳои қарзӣ ба тасвиб расиданд.
Шоҳмурод Рустам, вазири адлия, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» иброз дошт, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2011 мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) аз тобеияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба Вазорати адлия гузаронда шуд. Аз ин рӯ, лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади такмили низоми амалкунанда вобаста ба масоили интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо, тартиби ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани онҳо, маблағгузории соҳа, тартиби барқароркунии асноди ҳолати шаҳрвандӣ таҳия ва пешниҳод гаштааст. Аз ҷумла танзими тартиби сабти ақди никоҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсиятҳои бешаҳрванд пешниҳод гардид.
Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» гуфт, ки он бо мақсади ба танзим даровардани асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои тақвияти дастгирии давлатии илм, баланд бардоштани қобилияти зеҳнию фарҳангии шаҳрвандон, афзун намудани саҳми илму техника дар рушди иқтисодиёти миллӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон таҳия гардидааст. Лоиҳаи қонуни мазкур аз дебоча, 8 боб ва 37 модда  иборат буда, дар таҳрири нав пешниҳод шудааст.
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми вазири молия, зимни баррасии Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассосиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ», гуфт, ки мақсади он рақобатпазир гардондани маҳсулоти кишоварзӣ, рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ тавассути беҳтар кардани самараи баҳисобгирии нарх, маҳсулнокии ҳамкориҳои дуҷониба ба воситаи зиёд намудани имкониятҳои дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва устуворгардонии иқтидори бенифисиалҳои деҳа мебошад. Лоиҳа аз се қисмат иборат аст ва тавассути вазоратҳои кишоварзӣ ва молия татбиқ мегардад.
Татбиқи лоиҳа то соли 2021 идома меёбад ва 16 ҳазор хоҷагиҳои фермерии ҷумҳуриро дар бар мегирад.
Дар ҷаласа Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит ва фториди алюминий ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар ҳошияи таҷдиди ТАЛКО» баррасӣ шуд.
Дар ҷаласа инчунин Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой дар хусуси «Сохтмони роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат- Ёвон» ба тасвиб расид. Ҷамолиддин Нуралиев гуфт, ки арзиши лоиҳа 72 миллион доллар буда, барои татбиқи он қарзи имтиёзнок аз Бонки содироту воридоти Хитой дар ҳаҷми 68,3 миллион доллар ҷалб шудааст. Қарз имтиёзнок буда, аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон баргардонда мешавад.
Ҷамолиддин Нуралиев дар бораи Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони марҳалаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии 2 - и шаҳри Душанбе бо иқтидори 2х150 МВт» зикр кард.
Арзиши умумии лоиҳа 348,2 миллион доллар, аз ҷумла 331,4 миллион доллар қарзи имтиёзнок, 17,4 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.15    №: 11    Мутолиа карданд: 785

23.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед