logo

маориф

НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАҲСИЛ ПУРРА ҶОРӢ ГАРДИД

Амонулло Салимов, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемур, таъйид кард, ки дар донишгоҳ низоми кредитии таҳсил пурра ҷорӣ гардид.
Раёсати донишгоҳ барои ворид гардидан ба фазои ягона ва меъёрҳои байналмилалии таҳсилот тамоми имкониятҳоро истифода менамояд.
Назар ба гуфтаи ректор, айни замон 7851 донишҷӯ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона аз рӯи 38 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Таълими донишҷӯён аз рӯи 29 барномаи бакалавр, 9 барномаи мутахассис ва 28 барномаи магистр ба роҳ монда шудааст.
Барои кор дар истеҳсолот 92 дарсади хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавӣ, хоса факултети тиббӣ - ветеринарӣ ба донишгоҳ дархост овардаанд. Ин далел аст, ки хатмкунандагони муассиса дар бозори меҳнат мавқеи хос доранд.
Бино ба иттилои Амонулло Салимов, дар соли 2014 олимону омӯзгорони донишгоҳ 35 китоб, 130 дастури дарсӣ, 8 монография, 430 мақолаи илмӣ ба табъ расонданд.
Саидалӣ Гулов, Зикриё Ҳайдаров, Баҳром Аҳмадов, деканҳои факултаҳои «Агробизнес», агрономӣ ва механиконии кишоварзӣ ба пурсишҳои хабарнигорон оид ба ташкили боғҳои интенсивӣ, навъҳои нави пахта ва дастовардҳои олимону омӯзгорон посух доданд.
 

М. САФАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.01.15    №: 13    Мутолиа карданд: 808

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед