logo

ҳуқуқ

ПАНҶ АМАЛИ ТЕРРОРИСТӢ ПЕШГИРӢ ШУД

- Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ ва амалиёти махсус 116 нафар узви созмонҳои террористиву экстремистӣ дастгир шуд, ки аз ҷониби онҳо 338 ҷиноят содир гардидааст. Соли гузашта мақомоти корҳои дохилӣ панҷ амали террористиро пешгирӣ ва як ҷинояти террористиро ошкор намуданд, - изҳор дошт Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилӣ, зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи вазири корҳои дохилӣ, дар давраи ҳисоботӣ 26 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 130 нафар барои содир кардани 168 ҷиноят дастгир гардид. Гузашта аз ин, аз ҷониби гурӯҳи фаврӣ - тафтишотии таъсисдодаи вазорат 548 ҷинояти солҳои пеш содиршуда, аз ҷумла 25 ҳолати одамкушӣ, ду ҷинояти таҷовуз ба номус, 18 ҳолати муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор шуда,. ҳамзамон 83 ҳолати ғайриқонунӣ додани таълимоти динӣ, 282 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таълими ҳатмӣ муайян ва ошкор гардидааст.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон изҳори нигаронӣ намуда, зикр сохт, ки аз 6191 ҷинояти содиргардида, 800 - тои он ба ноболиғон ва боқимонда ба ҷавонон рост меояд. Бино ба иттилои вазири корҳои дохилӣ, дар соли сипаригардида дар ҷумҳурӣ 19 ҳазору 352 ҷиноят сабт шудааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта 1016 ҷиноят зиёд мебошад. Сатҳи кушодашавии ҷиноятҳо 87,7 дарсадро ташкил додааст. Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ аз ҳисоби пардохтҳо, ҷаримабандиҳо, маблағҳои аз ҳисоби парвандаҳои ҷиноятӣ барқароргашта ва рӯёндани қарзи неруи барқ ба буҷети давлат ба маблағи зиёда аз 355 миллион сомонӣ ворид шудааст.
Вазир ба пурсиши хабарнигорон дар мавриди соли гузашта чанд корманди ин ниҳод даст ба ҷиноят задааст, гуфт, ки барои содир намудани ҷиноят 47 корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд. Бо арзу шикояти мардум ва дигар сабабҳо 1852 нафар аз кор озод гардид.
 

Додоҷон РӮЗИЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.01.15    №: 13    Мутолиа карданд: 630

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед