logo

ҳуқуқ

БАҲС БА МАНФИАТИ ШИРКАТҲОИ МОБИЛӢ ҲАЛ ШУД

Наим Мансурзода, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ 435 парванда, аз ҷумла дар марҳалаи якум 165, дар коллегияи судӣ ба тариқи кассатсионӣ 258, ба тариқи назоратӣ 9 ва дар раёсат 3 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Маблағи даъвоҳои қонеъшуда 30696381 сомонӣ буда, аз он ба манфиати мақомоти давлатӣ 12531410 сомонӣ рӯёнда шудааст.
Назар ба гуфтаи Раиси Суди Олии иқтисодӣ, оид ба татбиқи таҷрибаи якхелаи қонунҳо дар судҳои иқтисодӣ дар соли 2014 дар мавзӯъҳои «Беэътибор  донистани санадҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ», «Эътирофи ҳуқуқи соҳибмулкӣ ва дар бораи муқаррар намудани фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд»,  инчунин вобаста ба баҳсҳои замин ҷамъбасти таҷрибаи судӣ гузаронда, сабабҳои бекоршавии санадҳои судии судҳои иқтисодӣ дар марҳалаҳои судӣ ҳар се моҳ таҳлил шудааст. Натиҷаҳои ҷамъбастӣ ва таҳлилҳо барои корбарӣ ҷиҳати татбиқи якхелаи қонунҳо ба судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе равона гардид.
Наим Мансурзода иброз дошт, ки Суди Олии иқтисоди баҳси миёни Кумитаи андоз ва ширкатҳои мобилии «Билайн» ва «Мегафон»-ро ба нафъи ширкатҳои мобилӣ ҳал кардааст.
Раиси Суди Олии иқтисодӣ афзуд, ки дар тӯли соли сипаришуда ин ниҳод 10 парвандаро оид ба баҳсҳои андозситонӣ баррасӣ кард, ки аз ин чортоаш ба фоидаи ширкату соҳибкорони алоҳида ва шаш ададаш ба манфиати Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал шудааст.
 

М. САФАРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.01.15    №: 13    Мутолиа карданд: 485

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед