logo

ҳуқуқ

АКСАРИ ҶИНОЯТКОРОН МАНСАБДОРОНАНД

Саҳми Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ғанӣ гардондани буҷети давлат, рӯёндани андозҳо, пешгирӣ ва мубориза бо қонуншиканиҳои коррупсионӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва давлат назаррас мебошад.

Дар соли сипаригашта дар самти назорати истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ дар 246 ташкилоту муассиса ва корхона тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронда шуд. Дар натиҷа ба маблағи 50 849 313 сомонӣ зарарҳои молиявӣ ошкор гардида, 39 945 640,67  сомонӣ ба ҳисоби буҷет ва корхонаҳо барқарор гашт.
Соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Қайроққум, Ашт, Панҷакент, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ғончӣ ва Истиқлол тафтиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷет гузаронда шуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ошкоргашта ба номи раисони шаҳру навоҳӣ пешниҳодҳо ирсол гардиданд. Баъди анҷоми тафтиш 128 нафар шахсони масъули ташкилоту муассисаҳо ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд. Аз тарафи кормандони раёсати агентӣ  460 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта ошкор гардид, ки 83 ададашро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳад. 
Таҳлили фаъолияти хидматии шахсони ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда нишон дод, ки бештари ҷиноятҳоро кормандони масъул содир кардаанд. Аз ҷумла, аз ҷониби онҳо дар соҳаи кишоварзӣ  16 ҷиноят, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ  71, соҳаи бонкӣ  63, нақлиёт 16, тандурустӣ 30, кумитаи заминсозӣ 12, маориф  36 ҷиноят содир шудааст.
Кормандони шуъбаи минтақавии раёсат дар водии Зарафшон 56 ва шуъбаи нақлиёт дар вилояти Суғд  38  ҷинояти коррупсиониро ошкор намуданд. Аз тарафи кормандони раёсат дар самти пешгирию ошкорсозии ҷиноятҳои махсусан вазнини вобаста ба иқтисодиёти пинҳонӣ, барасмият даровардани (қонунигардонии) маблағҳои пулӣ ё амволи дигари ғайриқонунӣ ба даст овардашуда тадбирҳои судманд андешида шуданд. Саркашии шахсони ҳуқуқӣ аз пардохти андозҳо низ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифт. Дар ин давра бо моддаи 292 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 ҷиноят ва бо моддаи 293 - и ҳамин кодекс 1 ҷиноят ошкор гардид, ки маблағи умумии зарар аз ҳисоби санҷишҳои андоз  41,3 миллион  сомониро ташкил дод. То моҳи январ ба буҷети давлат 32,6 миллион сомонӣ барқарор шудааст.  Гузашта аз ин, муфаттишони шуъбаи тафтишот санҷиши  пешакии 148 парвандаи ҷиноятиро ба анҷом  расонданд, ки аз ин 125 парванда нисбат ба 141 нафар барои тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба мақомоти прокуратура  ирсол гардид.
Пешгирии коррупсия аз ҷумлаи муҳимтарин самти фаъолияти мо ба ҳисоб рафта, дар ин самт 12  аризаи даъвоӣ оид ба рӯёндани 5 315 958 сомонӣ ба суди иқтисодии вилояти Суғд пешниҳод шуд, ки то ба ин давра 5 163 582 сомонӣ барқарор гаштааст. Доир ба таъмини риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам санҷишҳо гузаронда мешаванд. Дар натиҷа  21 (соли 2013 - 18) ҳолати риоя нагардидани талаботи моддаҳои 8,10 ва 14 - и қонуни мазкур ошкор ва бартараф карда шуд.
Аз тарафи кормандони раёсат дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба харидуфурӯши ғайриқонунии замин ва дигар омилҳои коррупсионии алоқаманд бо истифодаи замин  66 (соли 2013 - 26) ҷиноят ошкор шуд. Баҳри баланд бардоштани савияи дониши кормандон ҳар ҳафта дар байни ҳайати шахсии раёсат машғулиятҳои касбӣ доир мегарданд. Чунин шеваи кор имкон медиҳад, ки кормандони раёсат малакаву маҳорати касбии худро сайқал дода, баҳри пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо аз тамоми воситаҳои мавҷуда истифода баранд.
 Дар навбати худ кормандони раёсат тасмим гирифтаанд, ки фаъолияти худро дар самти мубориза бо коррупсия ҷоннок намуда, барои таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва давлат чораҳои муассир андешанд. Бе дастгирии ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон дар самти мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои характери коррупсионидошта наметавон ба натиҷаҳои назаррас  ноил гардид.  Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки дар мубориза бар зидди коррупсия бо мо ҳамкориро тақвият бахшанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ бетарафӣ ихтиёр накунанд. Зеро расидан ба ҳадафҳои созандаву бунёдкорона, эъмори ҷомеаи воқеан ҳам демокративу ҳуқуқбунёд танҳо дар сурати муттаҳид гардидани тамоми неруҳои солимфикри ҷомеа имконпазир аст.       
 

Дилшод ЗАРИФОВ,
сардори шуъбаи пешгирии раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза
бо коррупсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, майори адлия 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.15    №: 15    Мутолиа карданд: 699

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед