logo

маориф

ИЛМУ МАОРИФ – САМТИ КАЛИДӢ

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 апрели соли 2014 низ соҳаи илму маориф дар сиёсати иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои калидӣ арзёбӣ шуд ва зикр гардид, ки он дар оянда ҳамчунон боқӣ хоҳад монд.
Вобаста ба муҳимияти масъала Ҳукумати кишвар барои рушди соҳа тамоми имконоти худро истифода мекунад ва маблағгузориро барои он ба таври назаррас афзоиш медиҳад.
Дар Паёми соли 2013 таъкид шуда буд, ки «мо раванди таълими тарбияро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода, ҳамаи тадбирҳои заруриро дар ин самт амалӣ гардонида истодаем».
Дар ин Паём диққати бештар ба бунёди муассисаҳои томактабӣ, фаро гирифтани шумораи бештари кӯдакон ба чунин муассисаҳо ва ба зинаҳои гуногуни таълиму тарбия, ки ташаккулдиҳандаи шахсияти кӯдакону наврасонанд, дода шуда буд. Воқеан, давроне фаро расида буд, ки ба ин масъала махсус бознигарӣ ва боло рафтани сатҳу сифати таълим таваҷҷуҳи махсус дода шавад. Чунки дар зарфи даҳ сол дар мамлакат бештар аз ҳазор мактаби ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои замони муосир бунёд гардида буд. Суръати сохтмони чунин мактабҳо дар солҳои баъдӣ низ кам нагардид, балки афзоиш ёфт. Барои ҳамон сол, яъне соли 2013 маблағгузории соҳаи маориф дар ҳаҷми ду миллиарду 131 миллион сомонӣ пешбинӣ гардид. Ин рақам дар муқоиса бо соли 2000-ум 57 баробар зиёд буд. Ба масъалаи мазкур аслан бо назардошти муҳимияти он аз соли 2010 таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида буд ва зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ самти афзалиятнок эълон шуд.
Дар Паёми баъдӣ барои ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас ва ҷиҳати таъмини рушди соҳа, беҳтар гардонидани таъминоти иҷтимоии аҳли маориф барои ҳафт соли оянда ҷудо намудани 27 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шуд. Агар ба умқи масъала нек назар афканем, дармеёбем, ки ба соҳа бештару беҳтар аз пештар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Яъне дар маркази диққат ҳафт соли оянда мебошаду рушди соҳа бояд таъмин гардад. Ба ин хотир маблағи зарурӣ ҷудо карда мешавад.
Дар ин Паём Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешуд, ки ба рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамаҷониба диққат бидиҳад. Мақсад аз он ба фазои ягонаи таҳсилот ворид гардидан буд. Инчунин барои ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мекард.
Бояд ёдовар шуд, ки маҳз бо иқдоми  Ҳукумати  ҷумҳурӣ   ҳуҷҷатҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар кишварҳои аврупоӣ эътироф гардиданд ва ин аз дастовардҳои муҳими соҳа маҳсуб меёфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ вазифадор намуд, ки дар ҷараёни таълим муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ васеъ истифода намоянд. Ба ин хотир ва беҳдошти сифати таълиму тарбия аз таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ истифода бикунанд. Ба ҷуз ин нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи бозори дохилию ҷаҳонии меҳнат ва таҳсилот мутобиқ созанд. Гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот то соли 2020 муқаррар гардидааст.Ҳамин буд, ки дар ин сол қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ нахустин бор  ба василаи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ дар Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шуд. Мақсад аз ин пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ дар ҷараёни имтиҳони қабул буд. Чунин тарзи қабул имкон фароҳам овард, ки шаффофият таъмин гардад ва довталабон бо боварӣ омодагии ҷиддӣ бигиранд. Да имтиҳонҳои қабули имсола муҳимияти донистани илмҳои дақиқ барои ҳамаи довталабон равшан ошкор гардид. Ин муҳассилон, довталабони ояндаро вазифадор сохт, ки ба он таваҷҷуҳи махсус бидиҳанд.
Вазорати маориф ва илми кишвар зимни ироаи Паём вазифадор карда шуд, ки рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро ҳамасола муайян ва ба аҳли ҷомеа пешниҳод созад. Мақсад аз он агар аз як тараф рақобати солим бошад, аз тарафи дигар интихоби дурусти довталаб дар мавриди ихтисос ва мактаби олии касбӣ аст.
Тақозои давлат бо рушди соҳа, хоса пешрафти илми кишвар рушди иқтисод дар замони муосир мебошад. Зеро мусаллам аст, ки чунин пешрафт танҳо туфайли тарбияи дурусти кадрҳо дар мактаби олӣ даст медиҳад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.15    №: 15    Мутолиа карданд: 704

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед