logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Наврӯз дар варзишгоҳи марказӣ, шаҳри Душанбе, 21 марти соли 2009

Ҳамватанони азиз!
Имрӯз дар саросари кишвари хуршедии мо бо фаро расидани фасли гулу эҳёи табиат соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёди тоҷик- Наврӯзи Аҷам таҷлил мегардад.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистон, кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва ҳамаи шуморо, ки ба ифтихори фарорасии ин ҷашни мубораки миллӣ дар ин наврӯзгоҳи бузурги Ватан ҷамъ омадаед, бо фарорасии иди бостонии Наврӯз, ки воқеан соли нави мардуми мо мебошад, самимона табрик гуфта, бароятон хуррамиву сарсабзии наврӯзӣ, баҳори неку файзбор, тандурустиву саодати рӯзгор ва муваффақияту комёбиҳо орзу менамоям. Тамаддуни халқи мо бо Наврӯз оғоз мегардад, яъне Наврӯз оғозгоҳи мардуми фарҳангии мо маҳсуб ёфта, аз давраҳои бостон то имрӯз бо беҳтарин арзишҳои худ ба зиндагии мо рангу таровати хоса мебахшад. Чунонки аз сарчашмаҳои зиёди таърихӣ, адабӣ ва фарҳангӣ  бармеояд, пайдоиши Наврӯз ба замони Ҷамшед марбут буда, панҷуним ҳазор сол инҷониб ҳамчун рӯзи хуҷаста, пешонии сол ва ҷашни шодиву нишот таҷлил мегардад. Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст. Аз ин рӯ, Наврӯз барои мардуми мо ҷашни ниҳоят муборак буда, дар моҳи Фарвардин, ки маънои пок, озода, қудсӣ ва муқаддасро дорад, таҷлил мегардад. Мо имрӯз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ Наврӯзро ҳамчун ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик бо самимият ва шаҳомати хоса таҷлил мекунем ва рӯҳи озодаи онро дар вуҷуди худ дубора эҳсос менамоем. Наврӯз дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи хеш бурду бохтҳои зиёдеро аз сар гузаронида, ҳамчун рамзи безаволи тамаддуни ориёӣ бо мазмуну мӯҳтавои зиндагисози худ то имрӯз ҳангоми аз бурҷи Ҳут ба бурҷи Ҳамал ворид шудани офтоб ва фарорасии рӯзи эътидоли баҳорӣ бо номҳои иди рӯзи нав, оғози сари сол, эҳёи табиат ва бедории замин аз канораҳои Вароруд то Халиҷи Форс ҷашн гирифта мешавад.
Бояд зикр кард, ки Наврӯз ҳанӯз дар аҳди  Куруши Кабир ва Дорои Бузург дар толорҳои бузурги Тахти Ҷамшед, бахусус қасри сафеди Садсутун бо иштироки аҳли созу наво ва табақаҳои мухталифи ҷомеа дар сатҳи давлатӣ беш аз  як  ҳафта таҷлил  мегардид.  Махсусан дар аҳди давлатдории Сосониён ва Кӯшониён маросимҳои мардумии Наврӯз, Меҳргон ва Сада то дараҷае шӯҳрат ёфта будаанд, ки барои пазироии онҳо дар дарбори салтанат вазири махсусе кордорӣ мекард. Маҳз дар ҳамин давра бо саъю кӯшиши Борбади Марвазӣ ва пайравонаш силсилаи оҳангҳои машҳури «Хусравониёт» падид омад, ки он баъдтар дар аҳди ислом бо номи «тариқат-ул-мулукия» машҳур гардида, ба ташаккули созу навои халқу қавмҳои дигар низ таъсири бузург расонид. Ҳарчанд ки дар тӯли таърих истилогарони аҷнабӣ барои аз байн бурдани ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои қадимаи халқҳои эронинажод  борҳо кӯшидаанд, вале бо ҳидояту пуштибонии фидокоронаи хонадонҳои фарҳангдӯст ва фарзандони донишманду ғаюри халқамон, бахусус аз тариқи урф фатвои шаръӣ додани фақеҳи бузург Имоми Аъзам ин ойин ба тамаддуни ислом ва суннатҳои исломӣ мутобиқ гардида, натанҳо ҳамчун яке аз рукнҳои таркибии фарҳанги мардуми ориёинажод, балки қавму миллатҳои дигар низ шинохта шудааст ва идома пайдо кардааст. Ниёгони мо ба хотири бақои суннатҳои ҷовидонаи худ ҳамеша талош мекарданд ва дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ ба василаи мутобиқ сохтани суннатҳои мардумӣ бо сиёсати зимомдорони замон ба онҳо умри дубора мебахшиданд. Тавассути чунин тадбирҳо аҷнабиёни истилогар водор гардиданд, ки расму суннатҳои қадимаи аҷдоди моро дар доираи одоби мусулмонӣ ҷой дода, ҳатто истиқболи расмии Наврӯзро бо номи «Ойини Ҷамшед» рухсат диҳанд.
Илова бар ин, яке аз устодони Имоми Аъзам - Имом Ҷаъфари Содиқ иди Наврӯзро барои хостани ниёзҳо ва баровардани орзуҳои наҷиб рӯзи фархунда, оғози сари сол ва ойини неку муборак шуморида, зикр кардааст, ки ҳазрати Одам маҳз дар оғози Фарвардин офарида шудааст. Ба ҳамин тартиб, расму ойини куҳани Наврӯз тадриҷан ба яке аз сарҳалқаҳои пайванди тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломӣ мубаддал гардида, дар тӯли ҳазорсолаҳо бо ҳифзи асолату ҳувияти аслиаш ташаккулу таҳаввул ёфт ва то ба имрӯз дар ҳудудҳои паҳновари Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон, Покистон, Ироқ ва минтақаву кишварҳои дигар ҷашн гирифта мешавад.
Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бузургдошти ойини Наврӯз дар кишвари мо низ вусъати тоза пазируфта, дар сатҳи умумихалқӣ ва умумидавлатӣ истиқбол гирифтани он арҷгузории миллати тоҷикро ба ҳифзи симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, пойдории рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ, орзуву омоли наҷиби созандагӣ ва густариши арзишҳои милливу умумибашарӣ ифода месозад. Яъне Наврӯз дар роҳи дарози тайкардаи худ аз саҳнаҳои пурҳангомаи таърих гузашта, имрӯз то ба асри инқилобҳои илмию техникӣ ва мӯъҷизаҳои кайҳонии замони мо расидааст ва барои наслҳои имрӯза асолату ҳувияти миллӣ, ормонҳои волои созандагиву бунёдкорӣ ва инсонгароиву башардӯстиро талқин менамояд, орзуву ормонҳои хуҷаставу зиндагисози гузашта, имрӯза ва ояндаро бо ҳам пайванд месозад ва дар оғози корҳои бузургу ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ба мардуми кишвари мо рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.
Ҳамватанони азиз!
Имрӯз мову шумо баҳори ҳаждаҳуми давлатдории мустақилона ва ҷашни бузурги миллии худ - Наврӯзро бо шукру сипос ва ифтихору сарфарозӣ аз сулҳу субот, фазои орому осудаи кишвар ва ваҳдати милливу ҳамраъйии тамоми мардуми кишвар истиқбол намуда, бо азму иродаи қавӣ рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватани азизамон - Тоҷикистон адо менамоем.
Маҳз асолати фарҳангдӯстӣ, хирадписандӣ ва ваҳдатгароиву сулҳпарварии миллати шарафманди тоҷик ва фарзандони бонангу номуси он, инчунин азму иродаи матини халқ ва пуштибонии ҳамаи мардум аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон буд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек ва рӯзгори осуда расидем.
Таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳамраъйӣ имкон дод, ки Ҳукумати мамлакат барои татбиқи барномаҳои мушаххаси рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноату кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт шурӯъ намояд. Бахусус, ҳадафҳои стратегии соҳаҳои энергетика, роҳсозиву коммуникатсия ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат моро ба сӯи ояндабинӣ ва ояндасозӣ ҳидоят намуд, ки дар ин самт мо дар давоми солҳои охир ба хеле дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Аз ҷумла, солҳои охир бо мақсади аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани мамлакат роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ-Қулма-Қарақурум, Душанбе-Чанак, Душанбе-Саритош-Ош, як силсила нақбу пулҳои замонавӣ, аз ҷумла пули байнимарзии Панҷи Поёнро бунёд карда, сохтмони як қатор иншооти бузурги дигарро идома дода истодаем.
Инчунин дар доираи татбиқи ҳадафи дигари стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ дар ҳудуди кишварамон қариб 100 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, солҳои наздик боз 55 адад чунин нерӯгоҳ сохта, ба истифода супурда хоҳад шуд. Дар айни ҳол сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-I»  ба анҷом расида, корҳои сохтмон дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» босуръат идома доранд. Илова бар ин, бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда бунёди Нерӯгоҳи азими барқи обии Роғун имрӯзҳо ба ҷабҳаи кору пайкори ватандӯстона ва ҳадафи афзалиятноки милливу давлатӣ табдил ёфтааст. Бо мақсади густариши раванди созандагӣ мо дар остонаи Наврӯз, яъне ду рӯз пеш бунёди роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппаро оғоз намудем, ки он робитаи пойтахти мамлакатамон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро бо маркази яке аз вилоятҳои калонтарини кишвар – вилояти Хатлон тавассути қатора таъмин хоҳад кард.
Дар шароити ниҳоят мушкилу печидаи имрӯза ва пеш аз ҳама бӯҳрони торафт шиддат гирифтаистодаи молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ татбиқи ҳадафи дигари стратегиамон, яъне таъмини амнияти озуқавории мамлакат моҳияти хоса ва аҳамияти даҳчанд пайдо мекунад. Шароити бамиёномада ҳар кадоми мову шуморо водор месозад, ки аз тамоми захираву имкониятҳои доштаамон, аз ҷумла аз ҳар ваҷаб замин оқилонаву самаранок истифода бурда, усули аз заминҳои обӣ рӯёнидани ду ҳосилро ҳарчи бештар вусъат бахшем. Мардуми мо беҳуда нагуфтааст, ки «як рӯзи баҳор пур кунад анбор». Бинобар ин, аз фурсати муносиб истифода бурда, бори дигар таъкид месозам, ки иди Наврӯз табиатан иди барзгарону кишоварзон ва деҳқонони асил буда, заҳмати бобаракати фасли баҳор боиси афзудани маҳсулоти озуқавории ватанӣ мегардад. Аз ин рӯ, кишоварзони мамлакатро зарур аст, ки боду ҳавои мусоид ва ҳар рӯзи баҳорро ғанимат дониста, барои истифодаи пурсамари замин ва бо ҳамин роҳ ғанӣ гардонидани дастархони мардум талош намоянд.  Мову шумо дар давоми ҳаждаҳ баҳори истиқлолият даҳҳо озмоишҳои тақдир ва имтиҳонҳои вазнини зиндагиро паси сар карда, аз зиндагӣ сабақҳои ибратомӯз гирифтем ва таҷрибаи кофии ҳаётӣ ҳосил кардем. Имрӯз ҳар як шахси бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст  бояд барои ободиву шукуфоии Ватани азизамон содиқонаву софдилона захмат кашад ва кӯшиш намояд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо  аз Наврӯз то Наврӯзи дигар зеботару шукуфотар гардад. Мардуми мо аслан мардуми меҳнатдӯсту қавиирода мебошанд. Аз ин рӯ, марду зан, пиру ҷавон ва кулли сокинони кишвар  бо азму иродаи қавӣ ва илҳоми наврӯзӣ бояд ҳамаи нерӯи хешро барои ободии рӯзгор ва беҳсозии зиндагии худ сафарбар намоянд. Тасаввур кунед, ки дар ин шабу рӯзҳо ба тартиб даровардани хонаву дар, тозаву озода кардани кӯчаву хиёбонҳо, маҳалли зист, шинонидани ниҳолу буттаҳои гул ба кас чи қадар ҳаловату қаноат мебахшад ва зиндагиро чи андоза ботароват месозад. Дар урфият мегӯянд, ки коҳилию танпарварӣ файзу баракатро аз миён мебарад ва ранҷу заҳмат ризқу рӯзиро меафзояд.
Биёед, дар ин соату лаҳзаҳои пурфайзу шодӣ, дар рӯзи Наврӯз ва иди мубораки баҳор ба даргоҳи Парвардигори олам дасти дуо бардорем, ки файзу баракати дастархони ҳар хонадони тоҷикро дучанд афзояд, кишвари соҳибистиқлоли моро ҳамсафи давлатҳои пешрафта гардонад ва кулли фарзандони бонангу номуси миллати тоҷикро ба шумори афроди зиндагисозу сарбаланди олам расонад.
Ба ҳамаи шумо бахту саодати наврӯзӣ, иқболи баланду толеи нек  ва тани сиҳату рӯзгори осуда орзу менамоям.
Наврӯзатон фархундаву муборак бод, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 605

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед