logo

маориф

ХОДИМИ ҚАЛБИ ИНСОНҲО

Дар маҷрои зиндагии пурпечутоб инсонҳо ба фаъолияти гуногун машғуланд ва ҳар касб ё шуғл дорои нозукиву мушкилоти ба хеш хос мебошад. Муҳаббат доштану расидан ба қадри касбу кор, шуғлу вазифа боиси пешравии фаъолият ва пайдо гаштани эҳтироми мардумон аст.
Одамӣ аз қадрдониҳо бувад,
В - арна фарқе нест байни неку бад.
Ҳар касе бишнохт қадри хештан,
Ӯ ба қадри дигарон ҳам мерасад.
Бобати арзишманд будани ҳама гуна касбу ҳунар, кору фаъолият, пешаву вазифа, ҷоҳу мансаб Морин Вилямсон чунин овардааст: «Муҳим нест шуғлу фаъолияти мо чӣ бошад, муҳим он аст, ки мо инҷо ҳастем, то ходими қалби инсонҳо бошем. Шуғли мо ҳар чӣ ки бошад, ҳадафаш ироаи ишқ ба олами ҳастӣ аст. Аз як хидматгор гирифта, то роҳбари муассиса, аз як маъмури осонсур то сардор касе нест, ки шуғлаш назди Худованд беаҳамият бошад. Ҳангоме ки бар ин матлаб воқиф шавем, ҳангоме ки ба тамоми тавон зиндагӣ намоем, ба нерӯе даст хоҳем ёфт, ки моро сӯи муваффақият ҳидоят мекунад».
Омӯзгорӣ аз қабили шарафмандтарин пешаҳост, ки дар тамоми даврони зиндагонии инсоният ва дар тамоми гӯшаи олам эътироф шудааст. Ва ҳамин устод аст, ки чароғи маънавии ҳаёти мардумонро рӯшан, чашми дилашонро бедор намуда, оламро аз тирагиву бехирадӣ раҳоӣ мебахшад.
Муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи  давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдуфаттоҳ Раҳимов аз зумраи чунин ашхоси бедордил маҳсуб мешавад. Мавсуф соли 1971 ба факултети табиатшиносию географияи ҳамин донишгоҳ дохил шуда, онро соли 1976 ба итмом расонидааст. Баъди хатм мувофиқи роҳхат ба ноҳияи Восеъ фиристода шуда, фаъолияташро дар мактабҳои № 29 ва № 19 - и ҳамин ноҳия идома додааст. Фаъолияти педагогиашро минбаъд дар  мактаби миёнаи № 1- и шаҳри Кӯлоб (1976-80) ва Омӯзишгоҳи касбҳои техникии № 38 - и Кӯлоб (1980-86) идома бахшидааст. Фаъолияти назарраси педагогии ӯро ба инобат гирифта, шуъбаи маорифи вилояти Кӯлоб мавсуфро соли 1986 ба вазифаи мудири кабинети методии Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони ҳамин вилоят таъйин намуд. Номбурда дар ин вазифа то соли 1991 кор кардааст.
Абдуфаттоҳ Раҳимов барои идома бахшидани корҳои илмӣ-тадқиқотиаш соли 1991 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров омада, дар вазифаҳои лаборанти кафедра, муаллими кафедраи географияи табиӣ (1992-97), сармуаллими кафедраи географияи иқтисодӣ (1997-2000), ноиби декани факултети фанҳои табиӣ (1994-97; 1998-2003), муовини раиси дастгоҳи ректори донишгоҳ, мудири шуъбаи ғоибонаи донишгоҳ (2003-2009), муовини ректор оид ба шуъбаи таълими ғоибона ( 2009-2012), муовини ректор оид ба шуъбаи таълим (аз с.2012) фаъолият намудааст.
Номбурда рисолаи докториашро таҳти унвони «Асосҳои илмии оқилонаи истифода ва ҳифзи сарватҳои обии Тоҷикистон» ба итмом расонида, дар арафаи ҳимоя қарор дорад ва вобаста ба мавзӯи докториаш дар конфронсҳои байналмилалии шаҳрҳои Толятти, Уфа, Москва, Перм, Оренбург, Челябинск, Вологда, Иркутск-Байкал, Владимир, Тюмен, Екатаренбург, Саратов, Санкт-Петербург, Бишкек, Душанбе ширкат варзидааст.
Ҳамчун инсони хоксор, устоди донишманд, роҳбари дурандеш, маслиҳатчии беминнат миёни кормандону омӯзгорони ин боргоҳи маърифат эҳтирому муҳаббати хосаро дорост.
Нотакрортарин неъмате, ки Офаридгор барои бандагонаш арзонӣ доштааст, ин умр аст. Ва агар хостӣ аз ин лаҳазоти гузарон, ки мисли ашки болои мижгон аст, судҳо бардорӣ, пас бояд шоиста зист ва дар дафтари зиндагинома бо рақами хайр нишоне гузошт. 
 

Маҳмадшо МАҲМАДШОЕВ,
 дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.15    №: 18    Мутолиа карданд: 835

23.10.2019


Тоҷикистон ба рейтинги ҷаҳонии беҳтарин ҷойҳои саёҳат дар соли 2020 ворид шуд

Дар майдони ҳарб машқҳои СААД «Бародарии шикастнопазир — 2019» мегузаранд

Баъди гуфтушуниди Сочи Туркия амалиёти «Манбаи сулҳ» дар Сурияро қатъ менамояд

Трамп мехоҳад бо Россия ва Чин созишномаи ядроӣ бибандад

Ҷаҳон дар як сатр

22.10.2019


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкориҳои Чин – Осиёи Марказӣ

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳейти Мяемеэс

Тоҷикистон дар раддабандии «AFAR» ҷойи аввалро гирифт

Дар Исфара машварати омӯзишӣ баргузор мешавад

9 ноябр - бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистону Малайзия

Амалиёти Туркия дар Сурия боиси тарки манзил кардани 70 ҳазор кӯдак шуд

Дар Қазоқистон ба собиқ Президент Назарбоев ваколатҳои бештар доданд

ВКХ Туркия: «Мо амалиётро идома медиҳем, агар террористон нараванд»

Омодашавии ИМА барои аз Афғонистон пурра баровардани артиш

Громов: «Имтиёзҳои андозбандиву гумрукӣ метавонанд “Газпром”- ро ба Тоҷикистон ҳавасманд кунанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.10.2019


Баррасии рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо Шэн Юэюэ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ҷонсон аз Иттиҳоди Аврупо то январи соли 2020 мавқуф гузоштани Брекситро хоҳиш намуд

Трамп умед дорад, ки ба қарибӣ бо Чин шартномаи тиҷоратӣ мебандад

Кандашавии сарбанд дар қарибии Красноярск боиси марги 15 нафар гашт

ИМА аз Афғонистон 5 ҳазор низомиашро мебарорад

Володин: «Россия ба кормандон аз Тоҷикистон ниёз дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед