logo

ҳуқуқ

ҲУҚУҚИ КӮДАКОН ҲИФЗ МЕГАРДАД

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» - ро ба тасвиб расонд. Бо назардошти қабули лоиҳаи қонун, моҳият ва фарогирии ҳуқуқҳои кӯдак Ҳарамгули Қодир, хабарнигори “Ҷумҳурият”, бо Абдураҳмон Хонов, вакили Маҷлиси намояндагон ва яке аз муаллифони лоиҳаи қонун, мусоҳиба анҷом дод: 

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” фарогири кадом паҳлуҳои ҳуқуқии кӯдакон буда, моҳияташ аз чӣ иборат аст?
- Қонуни мазкур тамоми ҷанбаҳои муҳими ҳуқуқҳои  кӯдакро дар бар мегирад. Дар боби якум - «Муқаррароти умумӣ»  мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашаванда, аз ҷумла кӯдак, кӯдаки ятим, кӯдаки бепарастор, намояндаи қонунии кӯдак, таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор ва хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ба кӯдакон  муқаррар гардидаанд.
Боби дуюм “Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”,  аз ҷумла мусоидат намудан ба рушди ҷисмонӣ, зеҳнӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак, тарбияи ӯ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва сулҳдӯстӣ, дастгирии давлатӣ, таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кӯдакони ятиму бепарастор, муқаррар кардани меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ барои кӯдак, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак,  ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва кумаки давлатӣ ба оиларо пешбинӣ намудааст.
Дар боби сеюм, ки “Ҳуқуқу озодиҳои кӯдак” ном дорад, ҳуқуқи кӯдак ба моликият, манзил, таҳсил, меҳнат, истироҳат, фароғат, муттаҳидшавӣ дар ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакон ва ҷавонон  мушаххас гардида,  ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони гуреза, аз офатҳои табиат ва садамаҳои техногенӣ зарардида, манъи иштироки онҳо дар амалиёти ҷангию низоъҳои мусаллаҳона пешбинӣ шудааст.
Боби чорум ба “Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони ятим ва бепарастор” бахшида шуда, васоят,  парасторӣ,  фарзандхонӣ, нигоҳубин ва тарбияи кӯдакони ятим ва бепарастор дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ  ва дигар муассисаҳои ба онҳо монандро пешбинӣ менамояд. Ин боб кафолатҳои давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кӯдакони ятим ва бепарастор, кафолати давлатии амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор ба меҳнат, манзил, ҳифзи саломатӣ, таҳсил, инчунин кафолати давлатии расондани ёрии ҳуқуқии ройгон ба кӯдакони ятим ва бепарасторро фарогир мебошад. Боби панҷуми лоиҳаи қонун ба “Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаки маъюб” бахшида шудааст.
Дар боби шашум - “Муқаррароти хотимавӣ” маблағгузории чорабиниҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, ҳамкории байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур  ва тартиби мавриди амал қарор додани он пешбинӣ  шудаанд.
- Лоиҳаи қонуни мазкур бо пешниҳоди ҳукумат таҳия гардид?
- Бале. Ду сол муқаддам бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ  аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Х. Юсуфӣ, О. Салимзода, Н. Маҳмудов, С. Муқумова, Н. Оқилов  ва банда лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» таҳия гардида буд. Баъдтар аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон С. Хайруллоев, У. Қурбонов, А. Фелалиев, Т. Самадов ва Б. Садриддинов таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии кӯдакони ятиму бепарастор» таҳия гардид. Дар асоси хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ду қонун якҷоя карда шуд ва ҳамин лоиҳа омода гардид.
- Дар таҳия ва омода намудани лоиҳаи мазкур санадҳои хеле зиёд мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, ки бо Қарори Ассамблеяи Генералии СММ,  аз 20 ноябри соли 1989, қабул гардидааст. Инчунин, бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятие, ки ҳадафҳои оинномавиашон ба ҳалли масоили кӯдакон нигаронда шудааст, ҳамкории самаранокро ба роҳ мондем ва таклифу пешниҳодҳои онҳо низ ба инобат гирифта шуданд. 
- Дар Қонуни мазкур барои кӯдакони маъюб ё имконияташон маҳдуд чӣ муқаррарот пешбинӣ шудааст?
-Тавре қаблан зикр намудам, боби панҷуми лоиҳаи қонун ба ҳифзи ҳуқуқҳои гурӯҳи осебпазири кӯдакон “Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаки маъюб” бахшида шуда, ҳуқуқи кӯдаки маъюб ва кафолатҳои давлатӣ оид ба машғулияти онҳо ба танзим дароварда шудаанд. Мутобиқи он давлат ба ташкили шароити зарурӣ ба кӯдаки маъюб барои ҳаёти мукаммал ва инкишоф бо назардошти имконият ва манфиатҳои фардӣ мусоидат намуда, ба ӯ додани кӯмаки моддии дахлдор, ба яке аз падару модари кӯдаки маъюб ё дигар намояндаи қонунии ӯ муқаррар намудани имтиёзҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, кафолат медиҳад. Инчунин, ба кӯдаки маъюб таъминоти моддӣ, маишӣ, иҷтимоӣ, инчунин таъминоти доруворӣ, воситаҳои техникӣ ва дигар воситаҳои тавонбахшӣ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон кафолат дода мешавад. 
- Бартарии қонуни мазкур аз қонунҳои амалкунанда дар чист?
- Бартарии лоиҳаи мазкурро ман яке аз дастовардҳои порлумони кишвар дар ҳамин даъват меҳисобам. Зеро ин лоиҳаи қонун фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаёти кӯдакони мо ба ҳисоб рафта, кафолати ҳаёти озод ва шоистаи онҳо мебошад. Дар баробари он ки санад асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва кафолатҳои давлатии амалишавии онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, инчунин ба ҳамаи меъёрҳое, ки дар дигар  санадҳои қонунгузорӣ барои кӯдакон муқаррар гардидаанд, равшанӣ меандозад.
- Пӯшида нест, ки дар кишвар ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи кӯдакон кам нестанд. Бахусус дар муҳити оила, ки волидайн ба ҷойи фароҳам овардани шароити мусоид барои таълим ва тарбияи онҳо, баъзан бори иқтисодии оилаҳоро ҳам рӯйи шонаҳои кӯдакон  мегузоранд. Яъне маҷбур мекунанд, ки бояд кор кунанд! Дар ин самт чӣ уҳдадорӣ пешбинӣ шудааст?
  - Мутобиқ ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Консепсияи миллии тарбия, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  3 марти соли 2006  тасдиқ шудааст, мо бояд кӯдаконро дар рӯҳияи меҳнатдустӣ тарбия намоем. Инчунин, мутобиқ ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдак ба меҳнат, интихоби озодонаи намуди фаъолият ва касбу ҳунар бо риояи шартҳои пешбинишуда ҳуқуқ дорад. Вале, дар асоси ин санадҳо ва ин лоиҳа набояд аз меҳнати кӯдакон суиистифода шавад ва онҳоро ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок қабул ва ҷалб намуд. Мутобиқи лоиҳаи қонун кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷозати падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҳуқуқ дорад дар вақтҳои фориғ аз таҳсил бо коре машғул шавад, ки ба саломатию инкишофи зеҳнии ӯ мувофиқ буда, ба ҳолати ҷисмонӣ, маънавӣ ва равониаш зарар нарасонад.
- Барои қабули қонуни мазкур ва иловаҳо чӣ зарурат пеш омад?
- Ҳар як марҳалаи нави ҳаёт ва  муносибатҳои нави ҷамъиятӣ заруратеро ба миён меорад, ки дар соҳаҳои гуногун  қонунҳои нав ва ба талаботи рӯз ҷавобгӯ қабул карда шаванд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 1993 Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро ба тасвиб расонд ва барои амалӣ намудани талаботҳои ин санади байналмилалӣ уҳдадориҳоро  ба зимма гирифт. Ҳуқуқҳои кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде, аз қабили Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои оила,  меҳнат,  ҷиноятӣ, гражданӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи ҳифзи саломатӣ», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи  фарзанд», “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ”  амалӣ мешаванд. Ҳарчанд ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон дар як силсила санадҳои қонунгузорӣ инъикос ёфта, тамоми муқаррароти Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро ба таври кофӣ фаро гирифтаанд, боз зарурате ба миён омадааст, ки дар ин самт чораҳои иловагии қонунгузорӣ андешида шаванд. Мувофиқи талаботи пешниҳоди ҳисоботи давлатӣ аз рӯи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай ду гузориши қаблии худро ба Комитети СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак пешниҳод намудааст. Гузориши якум соли 2000 – ум ва гузориши дуюм соли 2010 – ум аз ҷониби Комитети СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гузоришҳо дар бораи ҳолати кӯдакон ва чораҳои андешидашуда дар робита ба татбиқи ҳуқуқҳои кӯдакон иттилои рӯзмарраро дар бар гирифтанд. Илова бар ин, мувофиқи талаботҳои гузориш додан аз рӯи Конвенсия созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ гузориши алтернативии худро пешниҳод намуданд.
Моҳи январи соли 2010 дар ҷаласаи 53 – юми Комитети СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак  бо мақсади густариш додани саъю талошҳо дар робита ба татбиқ намудани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак барои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳо пешниҳод карданд. Тазаккур бояд дод, ки Комитети СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар қайдҳои хотимавии худ таъкид намудааст, ки қонунгузории миллӣ тамоми муқаррароти Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро ба таври кофӣ инъикос наменамояд. Бо дарки ин нукта ва фароҳам омадани имкониятҳои мусоиди иқтисодию иҷтимоӣ дар мамлакат зарурате пеш омад, ки  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» омода карда шавад.
- Кӯдак чӣ тавр метавонад аз ҳуқуқҳои худ  дифоъ кунад ва иҷрои ин қонун дар салоҳияти кадом ниҳодҳо аст?
- Дар асоси муқаррароти лоиҳаи ин қонун Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатиро  оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак муайян менамояд. Ҳамчунин, дар лоиҳа ваколатҳои комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак,  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва кӯмаки давлатӣ ба оила пешбинӣ гардидааст. Баробари мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур  фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ҳамоҳанг хоҳад гардид. Дар оянда дар асоси ин қонун барномаҳои  давлатӣ ва стратегияҳо  оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак таҳия ва амалӣ хоҳанд шуд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.01.15    №: 19    Мутолиа карданд: 834

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед