logo

ҳуқуқ

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ: БА ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ЗАНГ ЗАНЕД

Шоҳмурод Рустам, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохӯрӣ бо хабарнигорон гуфт, ки Вазорати адлия дар соли сипаришуда ба 1948 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 2179 ҳуҷҷати дорои хусусияти байналмилалидошта хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод намуд. Дар ин давра 40 лоиҳаи қонун таҳия гардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуд.
Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 - 2015 вазорат тафсирҳои илмӣ - методии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қонунҳо «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»- ро омода намуда ба табъ расонд.
Назар ба гуфтаи вазири адлия, аз 11 ноябри соли 2014 дар вазорат хатти телефони боварӣ бо рақами 3040 бо мақсади дастрасии аҳолӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи оилавӣ, меросӣ, замин, ҳуқуқи маъмурӣ ва самтҳои асосии фаъолияти Вазорати адлия ва сохторҳои он таъсис дода шудааст. Аз лаҳзаи таъсис то 31 декабри соли 2014 - ум 490 шаҳрванд муроҷиат кардааст.
Идораҳои нотариалии давлатӣ беш аз 600 ҳазор амалиёти нотариалиро ба расмият дароварда, ба буҷети давлат зиёда аз 47 миллион сомонӣ боҷи давлатӣ ворид сохтанд. Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 513310 санад, аз ҷумла 231834 сабти таваллуд, 71589 вафот, 95478 никоҳ ва 9132 бекор кардани ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.
Ба гуфтаи вазири адлия, истеҳсолоти иҷрочиёни суд сол ба сол зиёд мегардад. Агар дар соли 2008 ба истеҳсолоти иҷрочиёни суд 23177 ҳуҷҷати иҷро ворид шуда бошад, дар соли 2014 ин шумора ба 44661 расид. Ин ба татбиқи барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили соҳаи ҳуқуқи маъмурӣ ва оилавӣ, зиёд шудани шумораи судяҳои судҳои ҷумҳурӣ ва бештар гардидани ваколатҳои судҳо вобаста аст.
 

Мунаввари САФАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.01.15    №: 19    Мутолиа карданд: 502

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед