logo

маориф

ТАВАҶҶУҲ БА ҶАВОНОН БЕШТАР АСТ

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба таълиму тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, ояндаи давлату миллатро дар дасти ҷавонони боақлу хирад, соҳибмаълумоту соҳибмаърифат, худогоҳу хештаншинос, ватанпарвару меҳнатдӯст, ободкору созанда мебинад. Бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат вазорату идораҳои дахлдор дар ин самт аз тадбирҳои муассир кор мегиранд. Масъалаҳои  бо квотаи президентӣ таъмин намудани ҷавондухтарон аз деҳаҳои дурдасти кӯҳистон баҳри таҳсил дар макотиби олӣ, компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, идрорпулӣ ба донишҷӯёни болаёқат, дастгирии ҷавонони боистеъдод исботи гуфтаҳоанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шароиту имконотро барои мо муҳайё намудааст. Танҳо мебояд омӯхту донишҳои худро васеъ кард. Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ гувоҳи ин гуфтаҳост.
- Дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ нақши занон ва ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад. Ташаббусҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамеша дастгирӣ ёфта, занону ҷавонон ба корҳои роҳбарӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва сохтору мақомоти давлатӣ ҷалб мешаванд. Онҳо ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии мо имрӯзҳо бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи давлати маҳбубамон саъю талош карда, дар бисёр соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд, гуфт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ.
Тарбия ва дастгирии донишҷӯён низ дар мадди назари ҳамешагии Сарвари давлат қарор дорад. Тавре дар Паём таъкид шуд «имрӯзҳо беш аз 12 ҳазор нафар ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманди мо дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил карда истодаанд. Ҳоло дар дохили кишвар зиёда аз 200 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил доранд». Зеро аз  таълиму тарбияи онҳо тақдири оилаҳои минбаъд барпошаванда ва ҷомеаи солиму бомаърифат вобаста аст.

Фирӯза ҲУВАЙДУЛЛОЕВА,
омӯзгори коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.15    №: 20    Мутолиа карданд: 591

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед