logo

ҳуқуқ

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Сайфиддин
КАМОЛЗОДА,

раиси суди ноҳияи Файзобод

Итминон дорем, ки роҳбарият ва кормандони Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шӯрои адлия ва Прокуратураи генералӣ бо дарки масъулияти баланди касбӣ ҷиҳати амалисозии адолати судӣ, таъмини волоияти қонун ва гузашта аз ин, дар роҳи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва ташкилотҳо тамоми чораҳои заруриро меандешанд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Дар Паёми навбатии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олӣ вазъи кунунии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат барои соли 2015 ва давраи миёнамуҳлати оянда муайян гариданд.
Яке аз мавзӯъҳои марказии Паём тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, роҳ надодан ба гароидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои хатарноки ифротгаро буд. Сарвари давлат вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа институтҳои илмиву таҳқиқотии Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмӣ ва кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро муваззаф сохтанд, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Доир ба ҳифзи сиҳатии мардум, хусусан модару кӯдак ва бунёди оилаҳои солим, ки аз омилҳои асосии ба воя расондани насли ояндасози кишвар мебошанд, низ супоришҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки дар Тоҷикистон институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад, ки  ин хеле муҳим аст.
Ҳамзамон, дар Паёми Президенти мамлакат зикр гардид, ки терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Бинобар ин, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда бирасад, зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад. Тавре Сарвари давлат ба таъкид гуфтанд: «Вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё кунем».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Давра ба давра татбиқ шудани ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ ва дар доираи он такмилу таҳким бахшидан ба сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ, мустаҳкам намудани асосҳои моддиву техникии онҳо ва беҳтар кардани вазъи ҳуқуқиву иҷтимоии судяҳо аз ҷумлаи ин тадбирҳо ба шумор мераванд. Дар ин раванд ҳокимияти судӣ вазифадор гардид, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро меҳвари фаъолияти худ қарор дода, тавассути қабули санадҳои одилонаву қонунӣ, татбиқи дурусти меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои амалкунанда адолати судиро таъмин намояд.
Бояд гуфт, ки ин масъала дар Паёми соли гузаштаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, аз 23 апрели соли 2014, низ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифта буд. Сарвари давлат изҳор доштанд, ки: «Мо барои ташаккули низоми судии кишвар, баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа ва ба сатҳи байналмилалӣ баровардани он то имрӯз корҳои назаррасеро ба анҷом расондем. Ҳокимияти судӣ минбаъд низ такмил меёбад ва ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ идома дода шуда, барои эҷоди заминаи ҳуқуқии ин ҳадафҳо қонунҳои зарурӣ таҳия ва қабул карда мешаванд». Дар Паёми Президент, ҳамчунин зикр гардида буд, ки бо мақсади рушди низоми судии кишвар, баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо, нақш ва мавқеи суд дар таъмини воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои се соли оянда таҳия шуда истодааст.
Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ арзёбӣ гардид, зеро фаъолияти суд бо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пайванди ногусастанӣ дорад. Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ 5 - уми январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи нави ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2017 тасдиқ гардид. Дар он рушди минбаъдаи қонунгузории мурофиавӣ, такмили сохтор ва фаъолияти Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба ноболиғон, такмили сохтор ва фаъолияти иҷрочиёни суд, тақвияти расондани ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, баланд бардоштани сифати ташхиси судӣ - ҳуқуқӣ, таъминоти моддӣ - техникии судҳо, ҳифзи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо пешбинӣ гардидааст. Татбиқи ин барномаи муҳим барои боз ҳам устувор шудани сохтори мақомоти судӣ ва пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти онҳо, таҳкими ҳамкории мақомоти судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин ҷиҳати иҷрои санадҳои судӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Дар маҷмӯъ, вазифаҳое, ки дар Паёми имсолаи Президенти кишвар доир ба ҳалли масъалаҳои калидӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои миллӣ барои соли 2015 ва давраи миёнамуҳлати оянда гузошта шуданд, танҳо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоии давлат, таҳкими имкониятҳои иқтисодии он ва албатта, барои боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат равона гардидаанд. Дастуру супоришҳои дар Паёми Сарвари давлат зикрёфта мо - судяҳоро вазифадор месозанд, ки барои баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими ҳокимияти судӣ беш аз ҳарвақта саъйу талош намоем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.15    №: 20    Мутолиа карданд: 695

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед