logo

маориф

ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ НИЗ БА НИЗОМИ ТАЪЛИМОТИ КРЕДИТӢ ГУЗАШТ

- Раёсати Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам дар доираи вусъати рушди таълиму тарбия масъалаи ҷалби мутахассисони варзида ва ҷобаҷогузории ҳайати омӯзгорони соҳибмалакаву таҷрибадорро вазифаи асосии худ дониста, дар ин самт низ ба  комёбиҳои назаррас ноил гардидааст, - гуфт зимни гузориш муовини ректори донишкадаи мазкур Лутфулло Сафаров. - Баъд аз ҷамъбасти хулосаи комиссия оид ба гузаронидан, барқароркунӣ ва интиқол 1940 нафар ба унвони донишҷӯи донишкада сазовор гардиданд, ки 408 нафари онҳо духтарон мебошанд.
Соли таҳсили 2014-2015 ҳамаи ихтисосҳо аз низоми таълими маъмулӣ ба таълимоти кредитӣ гузаронида шуданд. Дар имтиҳонҳои нимсолаи аввали таҳсил аз 1383 нафар имтиҳонсупоранда 34 нафар бо сабабҳои гуногун ба имтиҳонот роҳ дода нашуданд. 22 фоизи донишҷӯён имтиҳонотро бо баҳои «аъло»  ва 32 фоиз бо баҳои «хуб» супориданд.
Л. Сафаров ба пурсишҳои рӯзноманигорон посухҳои қаноатбахш дода, аз ҷумла гуфт, ки Донишкадаи исломӣ дар баробари дигар макотиби олии кишвар қабули довталабонро бо пешниҳоди Маркази миллии тестӣ ба роҳ монд. Натиҷа он шуд, ки аз 500 довталаби нақшавӣ 346 нафар ба сафи муҳассилони донишкада қабул гардид.

Э. НАЗАРИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.15    №: 22    Мутолиа карданд: 755

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед