logo

ҳуқуқ

ФАЪОЛИЯТИ СЕ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛ ҚАТЪ ГАРДИД

Бино ба иттилои Рустам Назаров, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ,  соли гузашта кормандони агентӣ 154 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаоварро ошкор намуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 981 килову 681 грамм маводи мухаддир (беш аз 52 кило героин, наздики 185 кило афюн ва 744 кило бангдона) - ро мусодира карданд. Инчунин фаъолияти 3  гурӯҳи муташаккили ҷиноятии дорои робитаҳои байналмилалӣ  ва 24 гурӯҳи ҷинояткор  ошкор ва қатъ гашт. Дар ҳамдастӣ бо сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 6 амалиёти муштараки фаврӣ – ҷустуҷӯйӣ гузаронда шуда,  74 килову 965 грамм маводи мухаддир мусодира гардид.
Дар рафти  амалиёти муштараки «Кӯкнор – 2014» 193  ҳодисаи парвариши бангдонаи худрӯй дар масоҳати 3,7 га дар минтақаҳои гуногуни кишвар дарёфт ва бо роҳи сӯзондан нобуд карда шуд. Директори агентӣ иброз дошт, ки бо мақсади амалӣ намудани қарори қабулнамудаи  сессияи навбатии Шӯрои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (23 сентябри соли 2013, шаҳри Сочи) дар ҳудуди ноҳияи Шӯрообод аввалин маротиба амалиёти махсуси байналмилалӣ сурат гирифт. Дар он намояндагони кишварҳои аъзои СААД – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар чаҳорчӯби Барномаи  минтақавии Созмони Милали Муттаҳид  оид ба маводи нашъаовар  ва ҷинояткорӣ  барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя ҷиҳати пешгирии қочоқи маводи нашъаовар  дар нуқтаҳои назоратӣ – гузаргоҳии Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон амалиёти «Таъвиз» гузаронда шуд.
Ҳамчунин перомуни вазъи маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ ва минтақа, тамоюли рушди истеҳсоли афюн дар Афғонистон,  ҳамкории агентӣ бо ниҳодҳои байналмилалӣ, татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» ва вазифаҳои минбаъдаи агентӣ маълумоти гуногун ироа гардид.

Ш. ҚУРБОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.15    №: 22    Мутолиа карданд: 405

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед