logo

ҳуқуқ

ВҲИ ДАР СВЕРДЛОВСК НАМОЯНДАГИАШРО ТАЪСИС МЕДИҲАД

Дар соли сипаригардида мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВҲИ) 3252 муроҷиати шаҳрвандонро мавриди омӯзиш, таҳлил ва баррасӣ қарор дод.  Шаҳрвандон  дар аксари ҳолатҳо аз ғайриқонунӣ дастгир шудан, наандешидани чораҳои қонунӣ нисбат ба шахсони гунаҳгор, кашолкорӣ дар тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, ғайриқонунӣ ва беасос оғоз ва қатъ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ шикоят намудаанд.
Ин матлабро Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ ироа дошт. Ба гуфтаи ӯ, кормандони мақомот  дар асоси муроҷиати шаҳрвандон ва нақшаи кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар маҳалҳо панҷоҳ санҷиш гузаронда, дар ҳалли мушкилоти мардум мусоидат намуданд. Гузашта аз ин, аз ҷониби кормандони ин ниҳод дар самти мусоидат ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар низоми муассисаҳои пӯшида ва нимпӯшида чордаҳ санҷишу мониторинг гузаронда шудааст. 
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мушкилоти ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро яке аз масъалаҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда,  зикр сохт, ки он ҳалли ҳамаҷониба ва бетаъхири худро тақозо дорад.  Дар ин раванд соли гузашта бо ВҲИ Федератсияи Русия ва ВҲИ Ҷумҳурии Тотористон созишномаҳои ҳамкорӣ  ба имзо расиданд. Ваколатдор дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии кишвар тасмим гирифтааст, ки соли равон дар вилояти Свердловски Русия ба таври таҷрибавӣ намояндагии худро таъсис диҳад.
Зариф Ализода  мусоидат ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро аз ҷумлаи самтҳои дигари афзалиятноки фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод кард. Ӯ гуфт, ҷиҳати татбиқи Барномаи таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013  -  2020 дар назди ВҲИ Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ, аз ҳисоби роҳбарони сохторҳои таълимии вазоратҳо, идораҳо ва муассисаҳои олии касбӣ, созмон дода шудааст. Низомномаи шӯро ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳалаи якуми барномаи таълимӣ қабул  гардида,  барои иҷрои самтҳои асосии барнома дар назди Шӯрои ҳамоҳангсоз шаш гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст.  Аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ҳабдаҳ барномаи таълимӣ таҳия гашта, барои дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ намудани фанни алоҳида оид ба ҳуқуқи инсон  ба Вазорати маориф ва илм, инчунин дигар ниҳодҳои дахлдор ирсол шудаанд.

Додоҷон РӮЗИЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.15    №: 22    Мутолиа карданд: 596

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед