ҳуқуқ
500 ҲАЗОР НАФАР АЗ СОМОНАИ МАРКАЗ БАҲРАМАНД ГАРДИД
Маҳмад Раҳимзода, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки аз ҷониби Маркази миллии қонунгузорӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати қонунҳо ва дар ҳамин замина бартараф кардани мухолифати байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва такмили онҳо ба беш аз 150 лоиҳаи қонун, санади меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ хулосаҳои ҳуқуқӣ дода шуд, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 1000 пешниҳодро дар бар мегирад.
Дар соли сипаришуда дар мавзӯъҳои «Вазъи ҳуқуқии бедаракгумшудагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкории субъектони хоҷагидории хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадқиқоти илмӣ - амалӣ ба анҷом расонда шуд.
Назар ба гуфтаи Маҳмад Раҳимзода, дар марказ Консепсияи рушди қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаҳои қонунҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» ҷамъбаст гардида, таҳияи лоиҳаҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» ба анҷом расид. Таҳияи лоиҳаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав идома дорад. Аз ҷониби кормандони марказ дар асоси омӯзиш ва таҳлили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои илмӣ, методӣ ва тафсирҳо, аз ҷумла «Ҳуқуқи Тоҷикистони муосир», «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» барои синфи 8, тафсири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар соли 2014 ба табъ расиданд. Ба воситаи сомонаи марказ тамоми маълумот, хабарҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба беш аз 500 ҳазор шаҳрванд, муассисаю ташкилоти дохилию хориҷӣ дастрас гардидааст.
Мунаввари САФАР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.02.2015 №: 23 Мутолиа карданд: 578