logo

ҳуқуқ

ПАЛАТАИ ҲИСОБ: ОШКОРИ 69,9 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта дар вазорату идора, бонкҳои давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 314 санҷиши аудиторӣ гузаронда, ба маблағи 69,9 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор кард. Аз ин ҳисоб хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 16,5 миллион, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 3,5 миллион, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 19,1 миллион, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 339,3 ҳазор, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 12,5 миллион, маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 18 миллион ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 54,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоб, бо ироаи ин матлаб аз истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо ба қадри 236,5 миллион, аз ҷумла дар Бонки миллии Тоҷикистон 234,1 миллион, истифодаи ғайрисамараноки онҳо дар ҳаҷми 19,2 миллион (дар Бонки миллии Тоҷикистон 10,5 миллион), Лоиҳаи бозсозии нақби «Истиқлол» 7,7 миллион, захираҳо ва талафи буҷет аз ҳисоби беасос кам ба нақша гирифтани қисми даромади буҷет ва барзиёд маблағгузорӣ намудани муассисаҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 51,2 миллион сомонӣ, ки аз ҷониби кормандони ин ниҳод ошкор гардидаанд, изҳори нигаронӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, зимни санҷишҳои аудиторӣ 38,7 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор шудааст, ки он 55,4 дарсади зарари фошгаштаро ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии барқароршуда ба буҷет 24,8 миллион ва корхонаҳои давлатӣ 13,9 миллион сомонӣ ворид гардидааст.
Дар натиҷаи чораҷӯии кормандони Палатаи ҳисоб маблағи бақияпулиҳои андоз ба қадри 543,6 ҳазор, аз ҳисоби қарзҳои дебиторӣ ва зерҳисобии барқароргардида 42,6 миллион, зиёдомади молу маводи арзишдор 4,7 миллион ва дигар манбаъҳо 2,4 миллион сомонӣ ба буҷет ва корхонаҳои давлатӣ барқарор ва маблағгузории сметаҳои хароҷотии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 1,3 миллион сомонӣ кам карда шудааст.
Раиси Палатаи ҳисоб тазаккур дод, ки барои чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 64 маводи санҷиши аудиторӣ ба маблағи зарари молиявии 34,1 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба Прокуратураи генералӣ ва сохторҳои он 38 мавод ба маблағи 25,9 миллион, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 16 мавод дар ҳаҷми 5,3 миллион, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳафт мавод ба маблағи 2,4 миллион, Вазорати корҳои дохилӣ ду мавод ба қадри 93,3 ҳазор ва суди ноҳияи Ҳисор як мавод ба маблағи зарари молиявии 364,3 ҳазор сомонӣ ирсол шудааст.

 Додоҷон РӮЗИЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.02.2015    №: 23    Мутолиа карданд: 671

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед