logo

порлумон

НАФАҚАИ МАЪЮБӢ БА ТАНЗИМ МЕДАРОЯД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, гузашт, лоиҳаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба экстрадитсия ба тасвиб расиданд.

Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» гуфт, ки мақсади он аз байн бурдани мухолифат байни муқаррароти қонунгузории моратория ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати татбиқи босамари Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2011 «Дар бораи моратория ба ҳама намуд санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» мебошад. Дар лоиҳа ба мафҳумҳои «корхонаи истеҳсолӣ» ва «корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот» тағйирот ворид шуда, ба соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси иҷораи воситаҳои асосӣ ба истеҳсоли молу маҳсулот машғул мешаванд, баробарҳуқуқӣ таъмин шуда, ба онҳо низ талаботи қонунгузорӣ татбиқ мегардад ва ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ дар кишвар мусоидат менамояд.
Аламшоҳзода Абдураҳмон, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, дар хусуси Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба экстрадитсия гуфт, ки он 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Шартномаи мазкур барои мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ равона шудааст. Қабул ва тасдиқи шартномаи мазкур ба таври қонунӣ ҳал намудани экстрадитсияи шахсони ҷиноятсодирнамударо ба танзим дароварда, баҳри ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҷиноят содир намуда, дар давлатҳои хориҷи дуру наздик пинҳонӣ  ба сар мебаранд, равона шудааст.
Лола Бобоҳоҷиева, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, зимни баррасии лоиҳа оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфт, ки мувофиқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат маъюбони синну соли гуногун таҳти  назорати доимии диспансерии табибон мебошанд. Танзими масъалаҳои таъйин ва муқаррар намудани нафақаҳои маъюбӣ дар якҷоягӣ бо Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Амонатбонк» бомаром идома доранд.
Назар ба гуфтаи мавсуф, ба ҳолати 10 октябри соли 2014 дар ҷумҳурӣ 618915 нафар нафақахӯр ба қайд гирифта шуда, андозаи миёнаи нафақаи онҳо 230 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин шумора, тибқи маълумоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 163707 нафар маъюб мебошанд. Андозаҳои миёнаи нафақаҳои меҳнатии маъюбӣ то 30 сомонӣ ва иҷтимоӣ, ки собиқаи суғуртавӣ надоранд, 111 сомониро ташкил медиҳад. Шумораи кӯдакони маъюб 25897 нафар буда, нафақаи иҷтимоӣ барои як кӯдак 79 сомонист. Теъдоди маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 577 нафар ва андозаи миёнаи нафақаи онҳо 788 сомонӣ мебошад.
Муовини аввали вазир зикр кард, ки соли сипаришуда аз ҷониби комиссияҳои тиббию машваратии марказҳои саломатии шаҳрию ноҳиявӣ ва Хадамоти давлатии тиббии иҷтимоии вазорат 55225 нафар маъюбон ба муоинаи тиббии такрорӣ даъват шуданд. Дар натиҷаи ташхиси тиббию иҷтимоии мутахассисон, бинобар надоштани аломатҳои маъюбӣ гурӯҳҳои маъюбии 8503 нафар қатъ гардид. Маъюбии 4321 нафар бинобар беҳтар шудани вазъи саломатиашон аз гурӯҳи II ба III гузаронда шуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки беш аз 2 ҳазор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.
- Масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур воқеан барои таъмини кафолати сатҳи зарурии ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва таъмини дастрасии онҳо ва тавонбахшии тиббии иҷтимоӣ, инчунин  ҳифзи саломатӣ ва ҷорӣ намудани шаффофият дар масоили муқаррар намудани маъюбӣ мусоидат хоҳад кард, - гуфт Лола Бобоҳоҷиева.
Сабоҳат  Муқумова, вакили порлумон, иброз дошт, ки қонуни мазкур 21 сол боз амал мекунад ва ба он 17 маротиба тағйиру иловаҳо ворид шудааст. Ин навбат низ бо мақсади ба низом даровардани тартиб ва шартҳои муқаррар намудани маъюбӣ, пешгирии бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардани гурӯҳҳои маъюбӣ ва коҳиш додани равандҳои маъюбшавӣ ба он тағйиру иловаҳо пешниҳод гардидааст.
Шукурҷон Зуҳуров таъкид ба он дошт, ки табобати маъюбон бояд ройгон бошад ва аз масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ хоҳиш кард, барои баланд бардоштани нафақаҳои маъюбӣ вобаста ба гурӯҳҳо пешниҳодҳои худро ироа намоянд. Зеро нафақаҳо барои нигоҳубини онҳо кофӣ нест.
Раҳимзода Маҳмад, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» гуфт, ки мақсади он тақвият бахшидан ба уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мустаҳкам намудани нақши кишвари мо дар муносибатҳои байналмилалии тиҷо-ратист.
Арбитражи байналмилалии тиҷо-ратӣ барои рушди муносибатҳои  ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократикунонии баррасии баҳсҳо дар кишварамон шароит муҳайё месозад. Он, ҳамзамон метавонад барои ҷалби сармоя ба кишвар мусоидат кунад.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.02.2015    №: 23    Мутолиа карданд: 695

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед