logo

ҳуқуқ

НИСБАТ БА 85 ҶАНГИИ ДИИШ ПАРВАНДА БОЗ ГАРДИД

- Беш аз 700 мансабдори давлатию ҷамъиятӣ, ки баррасии холисона ва ҳаматарафаи муроҷиатҳоро таъмин накардаанд, ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба афроди гунаҳкор 40 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид,- иброз дошт Юсуф Раҳмонов, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ.

Дар соли сипаришуда 1150 ҷинояти пинҳонгардида ошкор шуда, аз онҳо 273 парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол шуд. Бино ба маълумоти оморӣ, дар ин давра 19352 ҷиноят сабт шуда, 87,7 дарсади он ошкор гардидааст.
Назар ба гуфтаи Прокурори генералӣ, баҳри пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ корҳои таблиғотию профилактикӣ тавсеа ёфта, тавассути воситаҳои ахбори омма, маҷлису ҷамъомадҳо дар байни аҳолии кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуданд. Дар ин давра аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ нисбат ба 319 узви созмонҳои экстремистию террористӣ 124 парвандаи ҷиноятӣ мавриди тафтиш қарор гирифтааст, ки аз ин пешбурди 41 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 85 нафар ба итмом расонда, ба судҳо ирсол гардид. 962 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор ва дар миқёси ҷумҳурӣ 6 тоннаву 213 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст.
Ба гуфтаи Юсуф Раҳмонов, соли гузашта вобаста ба ҳолати иҷрои қонунҳо 4261 санҷиш гузаронда, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 13847 амр, эътироз ва пешниҳоди прокурорӣ татбиқ гардидааст.  Дар натиҷаи баррасӣ 21533 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 2036 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Прокурори генералӣ ба саволи хабарнигори «Ҷумҳурият» дар бораи  он ки нисбат ба ҷангиёни ДИИШ аз кишвари мо чӣ чораҳо андешида шудааст, гуфт, ки соли гузашта 41 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 85 нафари онҳо боз шуд. Барои пешгирии чунин рафторҳои гумроҳонаву носавоб комиссия таъсис ёфтааст. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти Федератсияи Русия барои манъи ирсоли гумроҳон чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.
Мунаввари САФАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.02.2015    №: 24    Мутолиа карданд: 509

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед