logo

ҳуқуқ

САВДОИ ОДАМ АЗ ТЕРРОРИЗМ КАМ НЕСТ

Муомилоти пулӣ аз савдои одамон ҳар сол дар саросари ҷаҳон 30 миллиард долларро ташкил дода, ин раванд аз рӯи даромаднокии тиҷоратӣ мавқеи сеюмро ба худ ихтисос додааст.

Ин матлабро Муяссара Бобохонова, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Ассосиатсияи зан ва ҷомеа» зимни баргузории як мизи гирд дар Душанбе баён дошт. Созмони зери роҳбарии ӯ феълан дар доираи татбиқи лоиҳаи минтақавии «Дастгирии қурбониёни хариду фурӯши одамон, муҳоҷирони меҳнатии осебпазир ва аъзои оилаи онҳо дар Осиёи Марказӣ», ки бо дастгирии молиявии Созмони байналмилалии муҳоҷират ва маблағгузории Ҳукумати Норвегия рӯи даст аст, фаъолияти телефонии бовариро ба роҳ мондааст. Ин тадбир ба манзури муқовимат ба савдои одамон ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Телефони боварӣ зери шумораи 918 85-34-34 аз моҳи ноябри соли 2014 ба ин сӯ фаъол аст.
Ғалатгул Холмаҳмадзод, оператори телефони боварӣ, афзалиятро дар он мебинад, ки гуфтугӯ бо телефони боварӣ маҳрамона аст ва одамон имкон доранд арзи дили худро бепарда дар миён гузоранд. – Албатта, мо дар ҳалли мушкили бевоситаи шаҳрвандон иқтидори кофӣ надорем, аммо метавон ба онҳо роҳи ҳалли масъаларо нишон дод ё вобаста ба мушкилоти ҷойдошта ба куҷо муроҷиат карданашонро тасия намуд, аз оқибатҳои муҳоҷирати кори пинҳонӣ огоҳ сохт, - мегӯяд ӯ.
Масъулони телефони боварӣ зарфи чанд моҳи фаъолияти худ шоҳиди он буданд, ки шаҳрвандон ба онҳо вобаста ба масоили муҳоҷирати корӣ бештар муроҷиат мекунанд, бахусус дар мавриди иҷозаи бозгашт ба Федератсияи Русия. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи омори мавҷуда феълан беш аз 200 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик имкони вуруд ба Федератсияи Русияро надорад ё ба ибораи маъмул «депорт» шудаанд. Танзимгарони телефони боварӣ ин нуктаро низ таъйид карданд, ки шаҳрвандон вобаста ба истисмори шаҳвониву меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба одамрабоӣ кам муроҷиат мекунанд. Сабаби аслӣ дар он аст, ки қурбониёни хариду фурӯш ё гирифторони истисмор аз оммавӣ шудани масъала бим доранд ва, аз ин рӯ, дар бисёр маврид аз муроҷиат ба мақомоти дахлдори давлатӣ низ худдорӣ мекунанд.
Ассосиатсияи зан ва ҷомеа дар ҳоле даст ба чунин иқдом задааст, ки афзоиши ҷиноёти марбут ба хариду фурӯши одамон дар канори таҳдидҳои замони феълӣ, назири терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, зуҳури гурӯҳҳои радикали исломӣ ба мавзӯи доғдоре табдил шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар кишвари мо алайҳи одамрабоӣ ва ё хариду фурӯши одамон иқдоми ҷиддӣ роҳандозӣ шуда, ҷиҳати мубориза бо ин падида заминаҳои устувори ҳуқуқӣ фароҳам гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аксар конвенсияҳои байналмилалии мубориза бар зидди савдои одамон ҳамроҳ шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқиро тасвиб кардааст. Ҳанӯз соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариду фурӯши одамон» қабул гардида, заминаи асосии ҳуқуқӣ алайҳи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон ба шумор мерафт. Вале бо назардошти талаботи нави замони муосир ва вижагиҳои баамаломада дар муносибатҳои ҷамъиятӣ қонуни мазкур 26 июли соли 2014 дар таҳрири нав таҳти унвони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» қабул гардид.
Мирзобек Ҳоҷиев, корманди Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ва ҳамзамон мушовири ҳуқуқии лоиҳаи номбурда, мегӯяд, ки қонуни нав таҷрибаи даҳсолаи қонуни қаблан амалкунандаро ҷамъбаст намуда, бо назардошти талаботи замони муосир ва мутобиқгардонии он ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ хеле такмил дода шуд. Ба андешаи мавсуф, агар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариду фурӯши одамон» аз 7 бобу 24 модда иборат буд, қонуни нав аз 9 бобу 48 модда иборат аст. Ин шаҳодати он аст, ки қонун хеле такмил ёфта, вазифаву уҳдадориҳои ҳар як субъекти муборизабаранда алайҳи савдои одамон ва расондани кумак ба қурбониёни савдои одамон ба таври мушаххас муайян шудаанд.
Мафҳуми «Хариду фурӯши одамон» фаротар аз онест, ки дар назари аввал дарк мешавад. Зеро аксаран зери ин мафҳум истисмори шаҳвониро дар назар доранд. Ҳол он ки истисмор, ҷалбкунӣ, супурдан, пинҳонкунӣ ё гирифтани одамон бо роҳи зӯрӣ, истифодаи он ва ё дигар шаклҳои маҷбурсозӣ, дуздӣ, қаллобӣ, фиреб, суиистифода аз мансаб ё ҳолати заифӣ низ, дар маҷмӯъ марбути хариду фурӯши инсон шинохта мешавад. Ин ҷиноят дар Тоҷикистон умдатан дар ду шакл - қочоқи занон ва истисмори онҳо дар бозорҳои танфурӯшӣ ва истисмори неруи корӣ ба мушоҳида мерасад. Дар ин замина мавридҳои ба ҷавобгарӣ кашидани гурӯҳҳои ҷиноятӣ кам нестанд. Чунончи, соли гузашта суди вилояти Хатлон се зани сокини ноҳияи Қубодиёнро бо ҷурми қочоқи занон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кард.
Манбаъҳои ҳуқуқӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҳарчанд дар ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ заминаи қонунӣ барои пешгирӣ, рафъ ва додани ҷазо барои хариду фурӯши одамон мавҷуд аст, худи ҷиноят ҳамчун ҷинояти харидуфурӯши одамон кам эътироф мегардад. Ҳодисаҳои харидуфурӯши одамон аксар вақт ҳамчун дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла вайрон намудани низоми муҳоҷират, дуздӣ (одамрабоӣ), асорати қарзӣ, меҳнати маҷбурӣ, таҷовуз, ҳуҷум, қаллобӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва шиканҷа муайян мешаванд. Ин аст, ки дар робита ба ҳодисаҳои харидуфурӯши одамон парвандаҳои ҷиноятӣ на дар асоси ин ҷинояти мушаххас, балки дар асоси дигар муқаррароти қонунгузорӣ оғоз мешаванд, ки сабаби идома ёфтани фаъолияти одамҷаллобон гардида, қурбониёни хариду фурӯшро аз бархе хуқуқҳояшон маҳрум месозад.
Агар дар соли 2010 ҷиноёти марбут ба савдои одамон 531 ададро ташкил медод, ин рақам дар соли 2013 – ум ба 680 расид. Бар пояи иттилои Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ, соли 2014 беш аз 800 ҷинояти одамрабоӣ сабт шудааст. Омори мавҷуда нишон медиҳад, ки ҷиноёти вобаста ба харидуфурӯши одамон рӯ ба афзоиш аст ва ин раванд метавонад амният ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро халалдор созад.

Ф. ҶУМЪАЕВ,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.02.2015    №: 25    Мутолиа карданд: 899

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед