logo

ҳуқуқ

КАДОМ ҲАРАКАТҲО ТУНДГАРОЯНД?

• Бори нахуст «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар Тоҷикистон амали террористӣ анҷом дод.
• «Бародарони мусулмон» эҷоди мисриён буда, фаъолияти он дар Миср ҳам мамнӯъ шудааст.
• «Ҷамоати таблиғ» бо ваҳҳобия ҳамҳадаф буда, дар боби эътиқод ягон фикри тоза надорад.
• «Ҳизби таҳрир» дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон пойгоҳ дошта, пайравонаш асосан ашхоси каммаърифат ва хурофотианд.

 Дар моддаи 5-уми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олианд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар хусусиятҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз мекунад». Воқеан, ин се банди як модда далолатгари онанд, ки сарвати волотарин ва арзишмандтарини инсон ҳуқуқу озодиҳои ӯ мебошанд ва дифоъ аз онҳо барои ҳамагон ҳатмӣ аст. Аз ин рӯ, эҳтиром нисбат ба инсонро ҳамчун мавҷуди созанда, офаранда ва ақлонӣ ташаккулёфта бояд дар мадди назари аввал гузорем. Давлат низ кафил, эътирофгар ва риоякунандаи ҳуқуқу озодиҳои ҳар яки мо мебошад. Пас, барои ба ҳадаф расидан моро зарур аст, ки маърифати баланди ҳуқуқӣ, динию илмӣ дошта бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, нагузорем, ки ҳар гуна ташкилот, созмон ё ҳизби таҳрифкор ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, махсусан ҷавонони бонангу номуси миллатро поймол карда, ҳаёти осоишта, фазои сулҳу суботи кишварро тира гардонад.
Имрӯз таҳрифкорон барои роҳандозии барномаҳои сиёсии худ, дар қолаби аҳком ва қонунҳои шариати исломӣ пиёда кардани андешаву ғояҳои таассубангезашон ба майдони мубориза уламои исломиро низ кашида истодаанд. Ба ин хотир, барои иттилоъ гирифтан ва огоҳ гаштани ҷавонон, дар маҷмӯъ тамоми қишрҳои ҷомеа аз барнома ва ҳадафҳои иртиҷоии бархе аз ҳаракат ва созмонҳо, ки имрӯз барои сафи аъзои Давлати Исломиро зиёд намудан ҷаҳду талош доранду намояндагонашон дар байни сокинони дигар кишварҳои фисади зиёди аҳолиашон мусулмонон корҳои таблиғотӣ мебаранд, мавод манзур дорем.
Хотирнишон месозем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти созмону ҳаракатҳое, назири «ал - Қойида», «Ҳаракати толибон», «Бародарони мусулмон», «Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон»), «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ» мамнуъ эълон шудааст. Мутаассифона, бори аввал аъзои «Ҷамоати Ансоруллоҳ» 3 сентябри соли 2010, дар шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд амали террористӣ анҷом дод. Дар натиҷаи ин амали нанговар ду корманди милитсия ба ҳалокат расида, беш аз 25 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт.
Тибқи маълумоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ҷамоати Ансоруллоҳ» яке аз шохаҳои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон буда, аз ҷониби ташкилоти тундгарои «ал - Қойида» маблағгузорӣ мешавад. Ҳадафҳои нопок ва ғаразноки ин ҷамоатро моҳи майи соли 2012 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори ташкилоти тундгарои динӣ - экстремистӣ ва террористии «Ҳизби таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ» ва «Ҳизби исломии Ӯзбекистон» якмаром ҳисобид.
«Бародарони мусулмон» бошад, ассосиатсияи байналмилалии динӣ - сиёсӣ ба ҳисоб рафта, моҳи марти соли 1928 ташкил шудааст. Асосгузори ин ассосиатсия Ҳасан - ал - Банн буда, фаъолияти худро дар Миср оғоз намудааст. 7 марти соли 2014 «Бародарони мусулмон» - ро дар Арабистони Саудӣ ташкилоти ифротгаро ва террористӣ эътироф намуданд.
Бояд зикр намуд, ки соли 1954 баъди суиқасди аъзои ассосиатсия ба ҷони президент Абдулло Носир фаъолияти «Бародарони мусулмон» дар Миср манъ гардида, баъзе аз фаъолони он боздошт шуданд. Бо ҷаҳду талошҳои ҷонибдорони ин ҳаракат 4 декабри соли 2011 ҳизби онҳо дар давраи аввали интихоботи президентӣ 40 дарсади раъйи мардумро гирифта, дар даври дувум пирӯз шуд. Моҳи июни соли 2012 намояндаи ҳаракат Муҳаммад Мурсӣ дар интихоботи президентӣ ғолиб омад. 3 июли соли 2013 ӯ, бинобар табаддулоти давлатӣ аз вазифа сабукдӯш гардида, бо ҷурми сӯзондани зиндон ва ҳисоботҳои он, ҳамкорӣ бо ҳаракати фаластинии «Ҳаммос», ҳуҷум ба минтақаи пулис, куштори маҳбусон, одамрабоӣ ва ғайра гунаҳкор дониста шуд. Ниҳоят, баъди аз вазифа сабукдӯш шудани Муҳаммад Мурсӣ пайравонаш моҳи июли соли 2013 гурӯҳҳои аксуламалро ташкил намуда, даъво доштанд, ки Мурсӣ ба курсии президентӣ аз нав нишинад. Ҳамин тавр, эътирозгарон ва ҳукумати муваққатии Миср дар муҳлати шаш ҳафта муқобили ҳам истодагарӣ карданд. Ҳукумати муваққатӣ чанд маротиба кӯшиш намуд, ки мухолифонро ба мусолиҳа орад. Аммо барояш муяссар нагашт ва ба ҷанг оварда расонд. Ҳамин тавр, 23 сентябри соли 2013 суди Миср ҳамагуна фаъолияти ташкилоти мазкурро мамнуъ эълон кард. Инчунин, 24 декабри соли 2014 Ҳукумати Миср ин ташкилотро террористӣ эълон намуд.
Солҳои 80-уми асри XX дар давраи ҳукмронии шоҳ Ҳусейн дар Урдун ҷонибдорони «Бародарони мусулмон» фаъол гардида, соли 2011 якчанд пешниҳодро ҷиҳати ислоҳи низоми сиёсии кишвар, аз ҷумла сарвазири кишвар аз ҷониби порлумон таъйин карда шавад, на ин ки шоҳ интихоб намояд, вакилони маҷлиси болоиро на шоҳ, балки халқ интихоб кунад, ироа карданд. Дар Сурия «Бародарони мусулмон» аз солҳои 70 - уми асри гузашта ташвиқоти зиддиҳукуматӣ мебурданд.
Онҳо аз вазъи иқтисодӣ, сиёсии кишвар изҳори норизоӣ доштанд. Ифротгароён худро танзимкунандагони қонунҳои шариати исломӣ шумурда, кӯшиши муттаҳид кардани давлатҳои исломиро менамуданд.
Дар Федератсияи Русия бо қарори Суди Олӣ, аз 14 феврали соли 2003 «Бародарони мусулмон» ҳамчун созмони террористӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар ҳудуди ин кишвар мамнуъ эълон гашт. Зеро масъалаи меҳварии фаъолияташро идеяи назариётчӣ ва пешвоёни он Ҳасан - ал - Банн ва Сайид Қутба ташкил медоданд.
«Ҷамоати таблиғ» ташкилоти динӣ буда, соли 1926 дар Ҳиндустон созмон ёфтааст. Асосгузори он Мавлон Муҳаммад Илёс буд. Ҳадафи асосиаш ворид кардани тағйироти маънавӣ дар ислом ба воситаи аъзо, бо роҳи даъвати мусулмонон, новобаста аз вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, бо мақсади наздик кардани онҳо ба амалҳои динии ислом мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 «Ҷамоати таблиғ» - ро ифротӣ эътироф карда, фаъолияти онро манъ намуданд. Соли 2009 дар Русия низ ин ҳаракат экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияташ дар ҳудуди кишвар манъ гашт.
Соли 2013 Агентии кор бо дини Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавзӯи «Ҷамоати таблиғ» - ҳаракати деструктивии динӣ» конфронси илмӣ - амалӣ баргузор намуд. Тибқи андешаи таҳлилгарон идеологияи ин ҳаракат ба ҳадафҳои ваҳҳобия монанд буда, ягон фикри тоза дар бораи боварӣ ва эътиқод надорад.
Ҳизби таҳрир соли 1953 дар Байтулмуқаддас таъсис ёфт. Асосгузори он Тақиуддин Набаҳонӣ (1908 - 1977) мебошад. Ӯ зодаи Фаластин буда, таълими ибтидоиро дар деҳаи худ гирифтааст. Баъдан ба донишгоҳи «Алазҳар» - и Қоҳира дохил мешавад. Баъди хатми донишгоҳ ба Фаластин баргашта, ба ҳайси муаллим ва қозӣ кор мекунад. Мавсуф соли 1953 ҳизби худро таъсис дода, пурра роҳбарии он, нашри китоб, ҷузвияҳоро, ки манбаи асосии фарҳангӣ ва идеологии ҳизб мебошанд, ба дӯш мегирад. Тибқи маълумоти «The Heritage Foundation», Ҳизби таҳрир дар 40 кишвари олам фаъолият карда, дар ҳар як мамлакат 5 - 10 ҳазор аъзои фидоии худро доштааст. Дар Аврупо теъдоди зиёди шуъбаҳояш дар Англия мебошанд, ки шумораи аъзояш аз 9,5 то 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Баъди марги Набаҳонӣ роҳбарии ҳизбро фаластинии дигар -Абдулқадим Заллум ба уҳда мегирад. Мувофиқи маълумоти матбуоту варақаҳои ҳизб, пас аз вафоти Заллум, дар соли 2003, шахсе бо номи Шайх Ато Абурушта раиси нави ҳизб интихоб гаштааст. Ҳизби мазкур аввал дар кишварҳои арабӣ ва сипас дар баъзе кишварҳои мусулмоннишин ва Аврупо шуъбаҳои худро кушода, хусусияти байналмилалӣ касб намудааст. Ҳадафи ниҳоии ҳизб муттаҳид кардани тамоми мардуми мусулмон дар доираи як давлат ё худ хилофати ягона, ки онро бояд халифа идора кунад, мебошад.
Агар дар бораи фаъолияти ин ҳизб дар кишварҳои Осиёи Миёна ибрози назар кунем, дармеёбем, ки нуфузи ҳизби мазкур дар Ӯзбекистон нисбат ба дигар давлатҳои минтақа зиёдтар будааст. Таблиғгар ва поягузори Ҳизби таҳрир дар Ӯзбекистон шаҳрванди Урдун Салоҳиддин буд. Ӯ тавонистааст, ки соли 1995 фаъолияти худро дар ин кишвар оғоз бахшад. Ба таври ошкоро паҳн намудани нашрия ва маводи чопшудаи ҳизби мазкур дар масҷидҳои шаҳрҳои Тошканд ва Қӯқанд, хусусан миёни ҷавонон, далели ин гуфтаҳост.
Дар Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби таҳрир манъ аст. Аммо таҳти таъсири таҳрифкорони ӯзбекистонӣ ин ҳизб тавонистааст, ки аз миёни ҷавонон ва афроди гуногуни гумроҳшудаи кишвари мо аъзои худро пайдо кунад. Бояд гуфт, ки аввалан қисми зиёди аъзои асосии ин ҳизбро дар Тоҷикистон сокинони вилояти Суғд ташкил медоданд. Баъдан тавассути истифода аз онҳо роҳбарони ҳизб тавонистанд, ки идеологияи худро дар дигар минтақаҳои кишвар паҳн карда, аз ҳисоби нафарони бетаҷрибаву каммаърифат пайравонашонро зиёд кунанд. 
Ҳамин тавр, аз маълумоти пешкашшуда метавон натиҷа бардошт, ки ин ҳаракату ташкилотҳо аз оғози пайдоиш худро ҳамчун созмонҳои динӣ - сиёсии дар пояи шариати исломӣ таъсисёфта эътироф менамуданд. Мақсади асосии худро бошад, барои таъсир расондан ба мусулмонон барои баргашт ба исломи давраи Паёмбар (с) ва паҳн кардани шариати исломӣ дар тамоми олами инсонӣ равона доштаанд. Идеологҳои ин ташкилоту ҳаракатҳо аҳком ва қоидаҳои шариатро тибқи фаҳмиши худ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода, исломро, ки дини покиву ростӣ, сулҳу салоҳ, бародарию баробарист, ҳамчун як дини тунду оштинопазир ва инкоркунандаи ҳамаи арзишҳои башарӣ нишон медиҳанд, ки ин бадтарин амали зишти назархоҳони ифротгаро маҳсуб меёбад.
Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки оё идеологияи ин ташкилоту ҳаракатҳо воқеан ба шариати исломӣ мувофиқат мекунад ё худ назархоҳони онҳо исломро танҳо ҳамчун сарманшаи идеявӣ баҳри амалисозии барномаи сиёсии худ мавриди истифода қарор додаанд? Ҷавоби дуруст ин аст, ки идеологияи ин ташкилотҳо комилан исломӣ нест. Идеологияи онҳо таҳрифкорона ва хурофотӣ буда, ҳадафи асосиашон ворид кардани бенизомӣ миёни мардуми мамолики исломӣ мебошад.
Имрӯз ҳар як фарди солимфикри ҷомеа, хусусан ҷавонони содиқи кишвар, бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надода, ба доми гурӯҳҳои ифротгаро наафтанд. Фаромӯш набояд кард, ки ин ҳаракату ташкилотҳо ҷонибдори исломи ноб набуда, ба сафи онҳо пайвастан танҳо бадбахтӣ меорад. Бинобар ин, ба хотири ҳифзи марзу буми муқаддаси Ватан, якпорчагии он, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, фазои осоишта ва сулҳу субот тамоми қишрҳои ҷомеа, хусусан ҷавонон бояд ба идеологияи таассубангези ин ҳаракатҳо дода нашуда, аз ақли солим ва маърифати комил кор бигиранд ва дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

Бобоҷон САМИЕВ,
 доктори илмҳои фалсафа, профессор,
Шоҳназар БЕРДИЕВ,
 номзади илмҳои фалсафа, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.02.2015    №: 25    Мутолиа карданд: 774

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед