logo

маориф

ҲАДАФИ БУЗУРГ

Тавре хабар дода будем, Меҳрубон Тӯраев, хонандаи синфи 11- и гимназия - интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва ПВ», дар даври ниҳоии олимпиадаи байналмилалӣ, ки 11 - 17 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор гашт, аз фанни технологияҳои иттилоотӣ ва барномасозӣ медали тилло ба даст овард.

Дар олимпиада 58 даста (393 хонанда) аз 16 кишвар ширкат варзиданд. Тоҷикистонро дар он 35 нафар намояндагӣ кард ва муваффақияти бузург – медали тилло маҳз насиби Меҳрубон Тӯраев гардид. Ӯ дар ин олимпиада маротибаи сеюм аст, ки ғолиб меояд. Албатта, то расидан ба ин зинаи дониш пайваста талош варзид, ҷустуҷӯ кард ва омӯхт. Ба пешрафти Меҳрубон агар аз як ҷониб устодону муаллимони гимназия – интернат саҳмгузор бошанд, аз сӯйи дигар ёриву дастгирии хатмкардаи ҳамин даргоҳ Беҳрӯз Афзалӣ низ нақши муайян дорад. Беҳрӯз бо ӯ дар яке аз олимпиадаҳо вохӯрда буд. Чун воқиф гашт, ки Меҳрубон хеле ҷавони зираку доност, дарҳол ёрии худро пешниҳод намуд. Соле пеш ҳангоми иштирок дар олимпиадаи ҷаҳонии фанҳои математикаву физика дар шаҳри Тайван ҳамагӣ се хол нарасид, ки ӯ ғолиб ояд. Мағлубият ӯро водор сохт, то бештар саъю кӯшиш намояд. Дар он ҷо бо Николай Колинин аз Русия шинос шуда, тамоми нозукиҳои барномасозии компютериро тариқи интернет аз ӯ омӯхт. Ин буд, ки комёбиҳои пай дар пай насибаш гашт. Алҳол донишгоҳҳои техникии Қазоқистону Британия ва Назарбоеви Қазоқистон ба ӯ баҳри таҳсил дархост фиристодаанд. Аммо Меҳрубон Тӯраев ҳадафро бузург гузоштааст. Ӯ мехоҳад дар Донишгоҳи Массачусетси Амрико (яке аз донишгоҳҳои пурқувваттарини дунё дар соҳаи таълими технологияҳо) таҳсил намояд. Яке аз бартариҳои донишгоҳ ин аст, ки дар он беш аз 70 дорандаи ҷоизаи Нобел кору фаъолият менамояд. Қисми зиёди мутахассисони варзидаву сардорони ширкатҳои маъруф, ки дар самти иттилооту иртибот пешравиҳои босуръат доранд, маҳз ҳатмкунандагони ҳамин донишгоҳанд.
- Барои таҳсил дар чунин донишгоҳҳо мебояд сарпараст пайдо кард. Ва барои дарёфти сарпараст мо бояд нишон дода бошем, ки сазовори бовариву дастгирӣ ҳастем. Сазовор буданро шогирдон танҳо тавассути пирӯзӣ дар олимпиадаҳо исбот карда метавонанд. Агар дар олимпиадаи ҷаҳонӣ ғолиб оянд, он гоҳ имкони дарёфти соҳибкорони саховатманд чанд маротиба беш мегардад, - мегӯяд Абдуфаттоҳ Ҳотамов, директори гимназия - интернат. Ногуфта намонад, ки тамоми хароҷоти рафту омад ва зистро барои иштирок дар олимпиадаҳо муассисаи мо ба зиммаи худ гирифтааст. - Гарчанд гимназия хусусӣ бошад ҳам,- мегӯяд А. Ҳотамов, - ягон нафар хонандаи қобилиятнок бинобар пардохта натавонистани маблағи пешбинишудаи ҳаққи таҳсил аз гимназия хориҷ карда намешавад. Феълан дониши хатмкунандагони мо ба сатҳи талаботи олимпиадаҳои ҷаҳонӣ мувофиқат намекунад. Барои гузаштан аз тамоми зинаҳои муқарраршуда донишу фаҳмиши васеъ ва донистани забони англисӣ ниҳоят муҳим мебошад. Аз ин лиҳоз, мо баҳри тамдид намудани муҳлати таҳсили нафарони хоҳишманд ба Вазорати маориф ва илми кишвар муроҷиат кардем. Имсол низ ният дорем, ки ин масъаларо пеш гузорем. Зеро онҳое, ки дар чунин олимпиадаҳо аз фанҳои математика, физика, химия, информатика ҷойҳои намоёнро мегиранд, синфҳои 12 ва ҳатто 13 - 14 - ро хатм намудаанд. Яъне то бистсолагӣ имкони дар олимпиадаҳо ширкат варзиданро доранд. Аммо, ҳамаи ҳатмкардаҳои Тоҷикистон 17 – 18 сол доранд. Аз ин рӯ, рақобат бо онҳо ниҳоят мушкил аст. Агар хонандагони мо низ 12 - 13 сол таҳсил мекарданд, натиҷа чандин маротиба беҳтар мебуд. Ва Меҳрубон Тӯраев мисоли равшани ин гуфтаҳост.
Директори гимназия - интернат Меҳрубон Тӯраевро хонандаи намунавӣ, хушахлоқу хоксор муаррифӣ намуда, иброз дошт, ки ӯ донандаи хуби дигар фанҳо низ мебошад. Баъд аз дарс ба хонандагони синфҳои поёнӣ маҳфилҳои гуногун доир менамояд. Дар рейтинги интернетии барномасозҳои беҳтарини ҷаҳон дар ҷойи хуб қарор дорад ва ин дастоварди ягонаи муассиса нест. Ба гуфтаи А. Ҳотамов, қариб тамоми хонандагони мактаб ба омӯзиши фанҳои дақиқ шавқу рағбат доранд ва ба туфайли дастрасии адабиёти гуногун ва интернет фанҳои риёзӣ, кимиё, физика ва информатикаро ба хубӣ аз худ мекунанд. Чун ҳадафи таъсиси гимназия – интернат маҳз ҷалби наврасону ҷавонони болаёқат ва дар ин замина таъмини таълими босифат ба онҳост, метавон гуфт, ки мо ба мақсади пешгузоштаи худ расидем. Шояд ҳамин бошад, ки наздики 70 дарсади хатмкардагони муассиса берун аз Тоҷикистон дар донишгоҳу донишкадаҳои маъруфи Англия, Амрико, Швейтсария, Австрия, Олмон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Украина, Беларус, Русия таҳсилро давом дода истодаанд. Хаққи таҳсил, зист ва ҳатто роҳкиро бо маблағгузории сарпарастон ё аз ҳисоби ҳукумати ҳамон кишвар пардохта мешавад. Ва боиси хушнудист, ки шогирдони мо бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, обрӯйи давлату миллатро дучанд мегардонанд.
Бояд иқрор шуд, ки кӯдакони қобилиятнок дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ҳастанд. Вале бо сабабҳои муайян иштироккунандагони асосии олимпиадаҳои берун аз кишвар асосан хонандагони гимназияву литсейҳо мебошанд. Гарчанд дар гимназия - интернат хонандагон 8 - 9 соат дар як рӯз дарс хонанд ҳам, он кофӣ нест, зеро дар кишварҳои мутараққии ҷаҳон толибилмон 12 - 14 соат дар мактаб буда, ба чанд намуди таълиму машғулиятҳо фаро гирифта мешаванд. Ва як «сирри» пешравии онҳо ҳамин омил маҳсуб меёбад. Ҳар қадаре, ки кӯдак заҳмат кашад, натиҷа ҳамон қадар беҳтар мегардад. Бинобар ин аз хурдӣ омӯзондан ва одат кунондан ба меҳнати ихтиёрии зеҳнӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Умуман, дилхоҳ натиҷа танҳо тавассути заҳмати бовиҷдонона ва муттасил даст медиҳад ва инро шогирдони гимназия - интернат ба хубӣ дарк кардаанд. Ҳамзамон фароҳам овардани муҳити озоди эчодӣ, ҳурмату эҳтироми устоду шогирд дар ин ҷода нақши созгор доранд. Тамоми хонандагон аллакай аз синфи панҷ медонанд, ки барои ба натиҷае расидан меҳнати зиёд лозим, зеро дар мактаб роҳи дигари пайдо кардани обрӯйю эътибор вуҷуд надорад. Ин ҷо дороии падару модару зӯри бозу дуюмдараҷа маҳсуб меёбанд. Дар мадди аввал танҳо дониш аст ва онро танҳо бо роҳи заҳмату омӯзиши пайваста метавон ба даст овард.
Меҳрубон Тӯраев барои ноил шудан ба ин комёбиҳо аз дастгириву сахтгириҳои устодон, бахусус Абдуфаттоҳ Ҳотамов миннатдорӣ изҳор менамояд. Мо дар навбати худ ба ӯ фатҳи қуллаҳои нопаймударо таманно дорем.

P.S.
Солҳои охир дастгириву тақдими туҳфаҳо ба варзишгарону ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишӣ ба ҳукми анъана даромада. Дар ин самт Фармони Президенти ҷумҳурӣ низ ба тасвиб расид. Манзур аз гуфтаҳои мо ин аст, ки акнун вақте фаро расида, ки дастовардҳои илмиву фанноварӣ низ боиси қадрдонӣ гарданд. Ва ин гуна ҷавонони боистеъдод, ки бешубҳа дар тамоми манотиқи мамлакат вомехӯранд, имкони пешравии бештареро пайдо намоянд. Тавре маълум аст, пешрафту тараққиёти давлатҳои абарқудрат маҳз тавассути дониши дунявӣ, ақл ва неруи зеҳнӣ даст додааст. Моро мебояд аз ин таҷрибаи онҳо баҳра бардошта, ҷиҳати рушди тамоми соҳаҳои мамлакат саъю талош варзем ва барои ҷавонони дар ҳақиқат ҳам арзанда роҳи пешрафт кушоем.
Шаҳнози ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.02.2015    №: 26-27    Мутолиа карданд: 761

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед