logo

ҳуқуқ

ОИЛАИ СОЛИМ - КАФОЛАТИ ҶОМЕАИ СОЛИМ

Раҳмоналӣ ИСМОИЛЗОДА,
муовини раиси суди ноҳияи
Шоҳмансури шаҳри Душанбе     

Аз Паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, ки Ҳукумати кишвар ҳамеша ба мавқеи зан дар ҷомеа эҳтироми зиёд қоил аст. Бешубҳа нақши занон дар бунёди ҷомеаи солим чашмрас буда, саодати рӯзгори хушу осуда низ бо номи онҳо пайванди амиқ дорад.

Вале, бо вуҷуди тадбирҳои судманд дар заминаи бунёди ҷомеаи солим, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои бонувону ҷавонон дар ин самт мушкилоти ҳалталаб, аз қабили пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, бинобар омода набудани онҳо ба зиндагии мустақилона, зиёд шудани никоҳи хешовандони наздик, ки боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида, шумораашон сол ба сол зиёд шуда истодааст, ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад.
Дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат бо ироаи далелҳои муътамад ин мушкили ҷомеаро матраҳ намуд, ки ҷомеаи судяҳоро дар канор нагузошт ва мо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор медиҳем. Зеро имрӯз дар судҳои ҷумҳурӣ баҳсҳои оилавӣ оид ба бекор кардани ақди никоҳ, рӯёндани алимент, муқаррар намудани падарӣ, тақсими молу амволи муштараки зану шавҳар ниҳоят зиёд шуда истодаанд. Таҷрибаи судӣ нишон дод, ки имрӯз дар ҷомеаи мо маҷбуран ба шавҳар додани духтарон, дар баъзе ҳолатҳо духтарони мактабхон, аз тарафи падару модарон ҷой дорад. Онҳо фикри фарзандонро дар бораи розӣ будан ё набудан ба никоҳи хешутаборӣ намепурсанд ва ё аслан ба эътибор намегиранд. Мисли ин ки фарзандон ҳуқуқи чунин пешниҳод ва бо кӣ издивоҷ карданро надошта бошанд. Ҳамин тавр, тақдири минбаъдаи муносибати оиладории фарзандон бе розигӣ ва хоҳиши онҳо амалӣ гардида, мақсади асосии волидон бегона нашудани молу амволашон аст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи моддаи 12 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бастани ақди никоҳ розигии марду зани издивоҷкунанда ва синни никоҳӣ доштани онҳо шарт ва зарур мебошад. Яке аз шартҳои муҳими никоҳ дар он аст, ки вай бояд ихтиёрӣ, бо майлу хоҳиш ва иродаи никоҳшавандагон баста шавад. Мувофиқи муқаррароти қонунгузории амалкунандаи оила вайрон намудани шарти никоҳ, маҷбур кардан барои ба никоҳ даромадан боиси беэътибор ҳисоб гардидани никоҳ мегардад. Дар ин маврид метавон мисолҳои зиёде манзури хонандагон гардонд, вале мо бо овардани як мисол иктифо мекунем.
Шаҳрванд А. ба суди ноҳияи Шоҳмансур бо даъво нисбат ба шаҳрванд В. дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ва рӯёндани алимент муроҷиат намуда буд. Номбурда даъвояшро бо он асоснок кардааст, ки ӯ бо ҷавобгар В. соли 2012 оила барпо намуда, никоҳашонро ба қайди давлатӣ гирифта, аз зиндагии якҷояашон соҳиби як фарзанди маъюб гардидаанд. Аз рӯзҳои аввал муносибати оиладориашон хуб набуда, байнашон якдигарфаҳмӣ ва ҳурмату эҳтиром умуман вуҷуд надоштааст. Ҷавобгар В. бо ҳар баҳона шабҳо ба хона дер меомадаасту ӯро беасос дашном дода, латукӯб мекардааст. Аз рафторҳои дағалонаи ҷавобгар зан хаста шуда, аз хонаи шавҳар баромада, ба назди волидонаш баргаштааст.
Дар аризаи даъвоӣ, ҳамзамон омадааст, ки онҳо, яъне рӯзи аз хонаи шавҳар баромада рафтани зан, муносибати оилавиашонро пурра қатъ кардаанд. Муддати зиёда аз як сол аст, ки бо ҷавобгар якҷоя зиндагӣ накарда, хоҷагии умумӣ пеш намебурдаанд. Оилаи онҳо пурра барҳам хӯрда, имконияти барқарор карданаш набудааст. Ҷавобгар В. ҷойи кор ва фаъолияти муайян дошта бошад ҳам, аз ихтиёран ба фарзандаш расондани ёрии моддӣ саркашӣ мекардааст. Бинобар ин, аз суд хоҳиш намудааст, ки никоҳи байни онҳо, бе додани муҳлати оштишавӣ, бекор карда шуда, аз ҳисоби ҷавобгар ба фоидаи ӯ барои таъмини кӯдаки хурдсолаш алимент рӯёнда шавад.
Дар ҷараёни мурофиаи судӣ муайян шуд, ки даъвогару ҷавобгар ҳар ду холабача мебошанд.
Онҳо аз хурдӣ бо ҳам дӯстӣ ва рафтуомади наздик дошта, мақсади бо ҳам оила барпо намуданро аслан дар сар надоштаанд. Вале модарони онҳо, яъне апаву хоҳар бе розигии фарзандон байни худ маслиҳати тӯйи арӯсиву домодиро карда, ин маросимро гузарондаанд.
Апаву хоҳар ба хотири мустаҳкамтар шудани муносибати хешутабории худ то маросими тӯй якчанд маротиба ба духтар ва писар таъкид намудаанд, ки дар сурати ба гуфтаашон гӯш надодан онҳоро “оқ” карда, шири додаи худро намебахшанд ва аз хона меронанд. Ин суханонро модари писар вақте ба забон меовард, нағз медонист, ки фарзандаш духтари дӯстдошта дорад. Онҳо аҳду паймон бастаанд, ки хонадор мешаванд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, модар хости дили худро кард ва ба қавле муродаш ҳосил шуд.
Баъд аз он ки тӯй барпо гардиду даъвогарро, яъне ҷияни худро ҷавобгарон келин карда, ба хонаашон бурданд, кор тамоман ранги дигар гирифт. Аз байн вақти зиёд нагузашта, соҳибони келин муносибат ва рафтори худро нисбат ба ӯ тағйир доданд. Ба вай на ҳамчун фарзанд, балки чун хизматгор менигаристанд. Ба зиндагии оилавиаш дахолат карда, хабарҳои бардурӯғ паҳн менамуданд. Гӯё келин ҳурмату эҳтироми онҳоро ба ҷо намеорад, корҳои хонаро ба анҷом нарасонда, бо дигарон тавассути телефон дурудароз суҳбат менамояд. Дар пеши писар аз рӯзгору рафтори келин қисса карда, онҳоро ҷанг меандохтаанд. Баъд аз ин ҷавобгар ҳамсари худро латукӯб намуда, бо ҳамин роҳ гӯё асабҳояшро ором мекардааст.
Оқибат оилаи ин ду ҷавон вайрон шуда, ҷавобгар талоқи даъвогарро додааст. Суд ҳарчанд кӯшиш намуд, ки бо роҳи додани маслиҳатҳои муфиди ҳуқуқӣ пойдевори оиларо мустаҳкам намояд, вале муваффақ нагардид. Оила, ки аз бунёдаш носолим буд, барқарор нашуд, никоҳ бекор гашт. Суд муайян намуд, ки асосҳои бекор гаштани оилаи ҷавонон ин бидуни розигӣ, майлу хоҳиши никоҳшавандагон бастани никоҳ, маҷбур кардани модарон барои бастани ақди никоҳ, дахолати волидайн ва хоҳари ҷавобгар ба муносибати оиладории зану шавҳар, тарбияи сусти волидайн, набудани меҳру муҳаббати оиладорӣ, надоштани дониш оид ба муносибатҳои оиладорӣ, бе санҷидани якдигар оила барпо кардан аст.
Бо овардани ин мисол гуфтанием, ки никоҳ танҳо бо роҳи қонунӣ ба расмият даровардани издивоҷи духтару писар нест, он бояд бо муҳаббат, розигии бевоситаи тарафҳо ва майлу хоҳиши онҳо барпо гашта, дар назди қонун, давлат ва ҷомеа барои тақдири насли оянда, солимӣ, хушбахтӣ ва мустаҳкамии оила масъулиятшинос будан аст.
Итминон дорем, ки дар партави ҳидояти Сарвари давлат оид ба бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар ин самт таваҷҷуҳ ба он меафзояд ва ҳамагон бо камоли масъулият дар рафъи чунин носозгориҳо саҳме аз худ боқӣ мегузоранд. Гузашта аз ин, умедворем, ки тасвиби Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани соли 2015 “Соли оила”, ки ҳадаф аз он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои хонаводагист, такони ҷиддие барои бунёди оилаҳои солим ва дар маҷмӯъ ҷомеаи солим хоҳад буд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2015    №: 29    Мутолиа карданд: 5203

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед