logo

маориф

НАЗАРЕ БА ВАЗЪИ ИЛМҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ

Абдураҳмон МАҲМАДОВ,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессори
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Президенти кишвар дар Паёми соли 2014 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуда буд, ки: «Дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад…». Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, инчунин изҳор дошт, ки мактабу маориф омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб азхуд кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд. Ҳамзамон, сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад».

Ҳамин тавр, аз Паём то Паём ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими кишварамон ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат қарор дошта, барои беҳтару хубтар намудани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардум корҳои зиёде ба анҷом расонда мешаванд. Соли равон низ дар Паёми худ Президенти кишвар вобаста ба масъалаи мактабу маориф як қатор ниҳодҳои давлатиро вазифадор намуд, ки: «Ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».
Махсусан, ин масъала бештар ба Вазорати маориф ва илм, институтҳои илмиву таҳқиқотии Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмӣ ва кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нигаронда шудааст, ки аз фаъолияти дурусти онҳо ояндаи ҷомеа вобастагии калон дорад.
Дарвоқеъ, Президенти кишвар дар Паёми навбатӣ, чун пештара, муҳтавои асосии соҳаи илму маорифро бо сатҳу сифат ва усули таълим вобаста дониста, онро ҳамчун омили муҳимтарини пешрафти ҷомеа муаррифӣ намуд. Бояд зикр сохт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани соҳибистиқлолӣ то имрӯз ба илму маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои пешрафти соҳа корҳои зиёдеро ба анҷом расондааст. Аз ҷумла, Ҳукумат сохтмони иншооти мактабу маориф, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо ашёи хониш ва дигар технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро дар меҳвари фаъолият қарор дода, барои баланд шудани сифати таълиму тарбия роҳҳои гуногуни алтернативӣ ва шакли таълими кредитиро роҳандозӣ намуда, маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки миллӣ мешуморад.
Дар баробари ин, таваҷҷуҳи Президенти кишвар дар Паёми навбатӣ ба кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷалб карда шуд. Ин масъалаи муҳим ва рӯзмарраест, ки аз тарзи дуруст дарк намудани он таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстии мо вобаста мебошад.
Воқеан, илмҳои ҷомеашиносӣ фанҳое мебошанд, ки инсонро дар доираи маънавиёту ахлоқ, маданият ва фаъолияти ҷамъиятӣ сафарбар менамоянд. Вобаста ба объект, фан ва методологияи омӯзиш аксар вақт онҳо дар асоси меъёри фаннӣ ва методӣ бо илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ қиёс меёбанд. Самтҳои ин илмҳо хеле гуногун буда, доираи васеи фанҳоро дарбар мегиранд. Дар байни онҳо фанҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, сотсиология, этика, эстетика, мантиқ, фарҳангшиносӣ, педагогика, психология, таърих, диншиносӣ ва этнография барои сокинони кишвар дар тавсеаи ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ мавқеи баланд дошта, масъулияти олимону омӯзгорони фанҳои ҷамъятшиносиро дар назди ҷомеа ва давлат дучанд менамояд.
Бояд гуфт, ки вазъи таълими фанҳои ҷамъиятӣ имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус ба талабот ҷавоб дода наметавонад. Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин масъала як зумра қонуну қарор ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор қабул намудааст. Махсусан, қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31 декабри соли 2008 «Дар бораи тасдиқи Тадбирҳои дастгирии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 - 2015» такони ҷиддие буд, ки таваҷҷуҳи мутахассисону олимони соҳавиро ба худ ҷалб намуд. Аммо раванди амалӣ гардондани тараққиёти илмҳои ҷомеашиносӣ ба монеаҳои гуногун, аз ҷумла ба шакли нави таълими кредитӣ рӯ ба рӯ гардид, ки дар самти таълиму тарбияи ин фанҳо баъзе масъалаҳои ҷиддии идеологӣ ба миён омаданд.
Ҳатто тибқи иҷрои Протоколи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 32-13, аз 27 сентябри соли 2010, дар Вазорати маориф Шӯрои ҳамоҳангсозии таълими фанҳои иҷтимоӣ - ҷамъиятшиносӣ низ таъсис дода шуда буд. Шӯро оид ба ҳар як фан аз зумраи олимони варзидаи мактабҳои олӣ ва Академияи илмҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, оид ба нақша ва барномаҳои нави таълимии ин фанҳо кори босамареро ба анҷом расонд. Дар ин ҷаласа, гурӯҳҳои корӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ баҳри таҳияи нақшаҳои нави таълимӣ таъсис дода шуда буданд, вале ин ҳам натиҷаи дилхоҳ надод. Ба замми ин, соатҳои таълимӣ бидуни хулосаҳои гурӯҳҳои босалоҳияти корӣ бетағйир монда, ҳатто фанҳои психология, педагогика, этика (ахлоқ), эстетика, мантиқ ва диншиносӣ дар аксари тахассусҳо аз нақшаҳои таълимӣ берун монданд.
Имрӯзҳо дар аксари макотиби олии мамлакат фанҳои ҷамъиятшиносӣ қариб ба фанҳои беэътибор табдил ёфта, бо ҳар баҳона сол ба сол миқдори соатҳо, санҷишу имтиҳонҳои ин фанҳо ба маротиб ихтисор карда мешаванд. Фанҳои ҷамъиятшиносӣ, ки ҳамеша заминаи идеологии давлат, тарбиятгари ифтихори ватандориву ягонагии миллии ҷавононанд, дар 10 соли охир таълим додани онҳо ду - се маротиба кам гашта, дар айни ҳол сатҳ ва дараҷаашон дар ҳаҷми умумии таълимӣ хеле маҳдуд гардидааст.
 Баъзе аз ин фанҳо дар бисёр мактабҳои олии ҷумҳурӣ тамоман омӯзонда намешаванд. Аз ҷумла, таърихи дин ва ё диншиносӣ. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки масъалаи таълиму тарбияи диншиносӣ ва динӣ дар кишвар ба меъёрҳои имрӯза ва стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест. Камбудии асосӣ ин камфаъолиятии худи ҷомеашиносон, набудани китобҳои дарсӣ ва методикаи нави таълимӣ дар ин самт аст. Бо назардошти ин, имрӯз зарурияти ислоҳи барномаҳои диншиносӣ ва таълими динӣ дар ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимӣ дар кишвар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ба миён омадааст.
Бинобар ин, дар партави Паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамоем, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба воситаи ба роҳ мондани барномаҳои таълимию маърифатӣ ба раванди ислоҳу муосирсозии шуури динии ҷомеа мусоидат ва чораандешӣ намояд. Бахусус, бо мақсади пешгирӣ кардани гароиши насли ҷавони кишвар ба ҳизбу ҳаракатҳои динии ғайриқонунӣ ва мазҳабу равияҳои иртиҷоӣ ва баланд бардоштани маърифати динии шаҳрвандон бояд яке аз масъалаҳои муҳими стратегии таълиму тарбия дар соҳаи маориф ба назар гирифта шавад . Умуман, масъалаи ташкили таълими фанни диншиносӣ бояд ҳамчун ҷузъи таркибии соҳаи таълиму тарбия дар муассисаҳои соҳаи маориф ба назар гирифта шавад. Дар баробари ин, омӯзгорони фанни диншиносӣ дар мактабҳои олӣ бояд муфтӣ, қозӣ, намояндаи дин, мулло ва ё хатмкардагони донишгоҳҳои исломӣ набошанд, баръакс барои таълими ин фан мутахассисоне сафарбар шаванд, ки аз илмҳои дунявӣ бархӯрдоранд.
Яке аз масъалаҳои дигари мавриди баҳси мавзӯъ ин аст: таълими дин ва низоми таҳсилоти давлатӣ бояд дар як системаи муайяне дохил карда шавад, ки ба манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар таъсири манфӣ расонда натавонад. Ба андешаи мо, мушкилоти асосӣ дар таълими диниву диншиносӣ дар ҷумҳурӣ дар он аст, ки аксарияти мутахассисони ин соҳа на устувории динӣ доранду на атеисти асил мебошанд. Аз ин рӯ, таълими диншиносиро бештар ба исломшиносӣ омехта намуда, барои таълим ва омӯзиши он монеа эҷод менамоянд. Масалан, дар замони шӯравӣ, новобаста аз он, ки фанни «Атеизми илмӣ» ҷаҳонбинии материалистиро ташвиқу тарғиб менамуд, он дар ҳамаи мактабҳои олии ҷумҳурӣ таълим дода мешуд ва дар дохили ин фан таърихи динҳоро меомӯхтанд.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз ташкили таълиму тарбия ва эҷоди заминаи тафаккури ақлонии мантиқӣ ҳамчун қисми муҳими сиёсати соҳаи илму маориф ба шумор меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои ҳалли ин масъалаҳо бештар мавқеъгирии муайяне бо назардошти мутахассисони сиёсатшинос ва диншинос дошта бошем. Таълими диншиносӣ ва таърихи динҳо ҷаҳонбинии ҷавонон ва сатҳи маърифати диншиносии онҳоро боло бурда, худшиносиашонро тақвият бахшида, заминаи таҳаммулгароиро устувор мегардонад. Дар ин робита метавон гуфт, ки таълими дурусти диншиносӣ яке аз камхарҷтарин роҳи пешгирӣ аз таъсири экстремизму терроризм ва зиддиятҳои мазҳабӣ мебошад.
Ҳамин тавр, вобаста ба баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон, эҳтироми суннату арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои умумибашарӣ, пешгирӣ кардани гароиши наврасону ҷавонон ба равияҳои бегона ва тарғиби ҳаёти солим, пешниҳод менамоем, ки дар назди муассисаҳои илмӣ - таҳқиқотӣ Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва машваратӣ ҷиҳати пешгирии равандҳои сиёсишавии ислом дар шароити муосир таъсис дода шавад. Зеро, то замоне, ки равандҳои сиёсишавии ислом рушду ташаккул меёбанд, динро иддае аз ҳангоматалабон дар муқобили сиёсати давлатӣ қарор хоҳанд дод. Дар чунин ҳолат муборизаи сиёсӣ бо ғаризаҳои сиёсии динӣ омехта гардида, дар майдони сиёсат нобоварӣ ва эътиқоди гурӯҳӣ вориди бозиҳои сиёсӣ гашта, фитнаҳои зиёде афзоиш хоҳанд ёфт. Ҳатто имрӯз дар баъзе аз кишварҳои исломӣ раванди сиёсикунонии ислом ба ҷое расидааст, ки мардум тамоми камбудиву норасоиҳои кишварашонро ба дин вобаста медонанд. Дуруст дарк намудани ин масъала, пеш аз ҳама, ба таълиму тарбия вобастагӣ дорад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2015    №: 29    Мутолиа карданд: 1633

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед