logo

номаҳо

Мақола мавриди баррасӣ қарор гирифт

Дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 10 феврали соли 2009, №21 (21528) Н. Худойбахшов мақолаи ҷолиберо зери унвони «Кӯлоб: корхонаҳо пуриқтидору самараи кор ночиз» ба табъ расонидааст.
Дар мақола муаллиф атрофи масъалаҳои мубрами соҳа изҳори ақида кардааст. Дар ҳақиқат ҳоло дар фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр камбудиҳо мавҷуданд. Вале мақомоти марбута аз онҳо огоҳ мебошанд. Он гуна ки худи Н. Худойбахшов аз гуфтаҳои вакилон иқтибос меорад, паҳлӯҳои алоҳидаи ин масъала зери санҷиши пайвастаи гурӯҳҳои вакилӣ, комиссияҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатии шаҳр қарор доранд ва дар машваратҳои назди раиси шаҳру иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳр мунтазам мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Вобаста ба масъалаҳои муҳокимашуда нақшаи чорабиниҳо таҳия ва бо қарори мақомоти номбурда ба тасвиб мерасанд. Ин чорабиниҳо зери назорати доимии мутасаддиён буда, ба тадриҷ амалӣ мешаванд.
Бо вуҷуди ин, мақола дар ҳузури раиси шаҳр бо иштироки соҳибмулкону масъулони корхонаҳо рӯзи 24 феврали соли 2008   мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт ва ба онҳо баҳри ислоҳи вазъият дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Боварӣ дорем, ки онҳо аз мақолаи Н. Худойбахшов хулосаҳои даркорӣ бароварда, ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, рушди минбаъдаи соҳаи саноат кӯшиши бештаре ба харҷ медиҳанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар навбати худ барои таъмини устувору бемайлони тараққиёти соҳа тамоми чораю тадбирҳои заруриро андешидаву амалӣ хоҳад кард.

Ҳ. АБДУЛЛОЕВ,
раиси  шаҳри  Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 565

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед