logo

муҳоҷират

Муҳоҷирони шаҳри Турсунзода мадад мехоҳанд

Ниёгонамон аз давраҳои қадим аз як мавзеи барои зиндагиашон сангину нобоб ба дигар минтақаҳо кӯч баста, рӯзгорашонро обод мекарданд. Ё офатҳои табиӣ ва воқеоти дигар онҳоро маҷбур месохт, ки тарки ҷову макон намоянд. Ва бо мурури вақт дар ҷои барояшон ноошно реша давонда, дашту воҳаҳоро обод менамуданд. Муҳоҷират имрӯз ҳам амри воқеист. Ҳукумати кишвар хонаводаҳоро аз минтақаҳои камзамин ва шароити зисташон нобоби кӯҳистон ба дашту воҳаҳо раҳнамун сохта, ба онҳо имкон медиҳад,ки дар макони нав соҳиби хонаву дари обод гарданд.
Аз ҷумла Ҳукумати ҷумҳурӣ 31 январи соли 2006 «Дар бораи кӯчондани 1000 оила муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба шаҳри Турсунзода» қарор ба тасвиб расонд ва мувофиқи он 10 вазорату кумитаро муваззаф сохт, ки дар амалисозиаш саҳм гузоранд. Инчунин дар он  зикр шуда буд, ки кӯчидани хонаводаҳо то охири соли 2006 ба анҷом расонида, Бонки давлатии амонатгузории ҷумҳурӣ «Амонатбонк» қарзи имтиёзнокро барои муҳоҷирон ба расмият дарорад ва бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ истифодаи мақсадноки маблағҳои ба муҳоҷирон ҷудошударо таъмин намояд. Вазоратҳои энергетика ва саноат, тандурустӣ, нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ вазифадор гардида буданд, ки дар гузаронидани хати барқ, алоқа ва сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ дар доираи маблағҳои ба ин мақсад дар соли 2006 пешбинишуда тадбирҳои зарурӣ андешанд. Вазорати маориф ҳам дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва вазорату идораҳои дахлдор ӯҳдадор шуда буданд, ки корҳои сохтмони муассисаҳои таҳсилоти умумиро барои фарзандони муҳоҷирон аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида ба анҷом расонанд.
То имрӯз аз қабули қарори Ҳукумати мамлакат беш аз се сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат вобаста ба иҷрои он чӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд? Муҳоҷирон чӣ ҳолу аҳвол доранд?
Барои ба ин ва дигар саволҳо ҷавоб гирифтан, озими шаҳри Турсунзода шудам. Бовар доштам, ки рӯзгори хонаводаҳо то андозае сару сомон ёфтааст ва онҳо ба макони нав одат кардаанд. Хонаи ободу дару дарвоза доранд…
Рабеъ Шарифӣ, котиби матбуоти раиси шаҳр, чун хоҳиши ҳамсӯҳбат шудани маро бо муҳоҷирон шунид, шод гардид. Моҳистон Азизова, раиси деҳоти «Навобод», роҳбалади мо шуд. Дар ҷамоати онҳо муҳоҷирон дар ду мавзеъ –назди деҳаи Қизил юл ва деҳаи Галаботур сукунат доранд. Дар деҳаи Қизил юл барои муҳоҷирон 25 гектар замин ҷудо шудааст. Ин ҷо 211 хонавода -123 хонавода аз ноҳияи Данғара ва 88 оила аз шаҳри Кӯлоб, соҳиби 8 -сотихӣ замин шудааст. Ҳоло 52 оила сукунат дорад. Манзили 79 хонавода қомат афрохта, боқимондаҳо нимсохтанд. Оби нӯшиданиро ҳафтае ду маротиба бо мошин меоранд.
Муҳоҷирони аввалин аз ин мавзеъ моҳҳои ноябр-декабри соли 2006 дидан карда, дигарон охири моҳи марти соли 2007 омадаанд.
Ҷумъахон Каримов, раиси маҳалла (аз шаҳри Кӯлоб), шикоят кард, ки аз оби ҷӯйбор танқисӣ мекашанд. «Порсол то моҳи май ҷӯй сероб буд. Моҳҳои минбаъда об хеле кам шуду ниҳолҳои шинондаам хушк гардиданд. Имсол боз ниҳол шинондам, лекин ба сабз шуданашон чандон бовар надорам».
Чоҳи амудӣ дар масофаи 3,5 километр тайёр аст. То сарҳади деҳа лӯлаҳои обгузар хобонда шудаанд, вале ҳоло аз сохтани резервуар (ҳавзи об) дарак нест. Чор кӯчаро сангфарш карда, кашидани хати барқро ба сомон нарасондаанд.
1 сентябри соли 2008 мактаб дари худро ба рӯи хонандаҳо боз намуд. Дабистон дорои 320 ҷойи нишаст буда, алҳол дар он 444 хонанда таҳсил дорад. 63 хонанда аз ҳисоби муҳоҷирон. Сохтмони чор синфхона ва толори варзишӣ нотамом мондааст. Ҳавлии мактаб танҳо аз ҷониби пеш панҷара дораду халос.
6 ноябри соли гузашта маркази саломатӣ ба истифода дода шуд, алҳол 8 нафар корманди тиб ба мардум хизмат мерасонад.
Дар деҳаи Галаботури ин ҷамоат 319 муҳоҷир аз ноҳияҳои Шӯроободу (88 оила) Восеъ (231 оила) ба қайд гирифта шудааст. Вазъият дар ин ҷо боиси нигаронист. Оби нӯшиданӣ, роҳу мактаб нест.
«Моҳҳои аввал дар байни як-ду рӯз мошин оби нӯшиданӣ меовард. Баъдтар якҳафтапас шуд. Панҷ-шаш моҳ мешавад, ки умуман рӯи мошинро намебинем», -мегӯянд муҳоҷирон. Мушкилкушояшон оби канал аст. Наргис Комилова ва Баргигул Саидова шикоят карданд, ки кӯдаконашон ба бемориҳои хоришак ва домана гирифтор шуда, дар беморхона хобанд. Духтурон бемор шудани бачаҳоро аз оби ифлос донистаанд. Сохтмони мактаб акнун шурӯъ шуда, рехтани таҳкурсиаш идома дорад. 26 нафар хонанда масофаи 1,5 километрро тай карда,ба мактаби рақами 26 меравад. Дар ин ҷо як қатор симчӯб шинонда то маркази саломатӣ барқ овардаанд. Сокинон аз ин хат ба хонаҳои худ сим кашидаанд.
Моҳистон Азизова суханони занҳоро тақвият дода гуфт, ки намояндаҳои вазоратҳоро танҳо ҳангоми баргузории ситод дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода мебинем. Дигар ягон корманди вазоратро надидаем, ки як бор омада аҳволи мардумро пурсад. Бинанд, ки муҳоҷирон чӣ мушкилот доранд ва роҳҳои ҳалли ин проблемаҳоро ҷустуҷӯ намоянд. Мо ин ҷо бо мардум танҳо мондаем.
Муҳоҷирони дигар дар наздикии деҳаҳои Бойқишлоқ, Тегирмон ва Пахтабойи деҳоти «10 –солагии Истиқлолият» маскан гузидаанд. Бо Умаралӣ Кенҷаев, раиси деҳот, бо вазъи зиндагии хонаводаҳо ошно гардидем. Муҳоҷирон аз ноҳияҳои Мӯъминободу Ховалинг (133 оила), ба мавзеи Бойқишлоқ,  ки аз шаҳри Турсунзода дар масофаи 25 километр қарор дорад, тирамоҳи соли 2006 омада, манзилсозиро баҳори соли 2007 оғоз намудаанд. Ҳоло дар ин макон ҳамагӣ 7 хонавода зиндагӣ мекунад. Барқро худашон аз деҳа гирифтаанд. То ҳол дар 17 гектар замини барои муҳоҷирон ҷудогардида ягон симчӯби хати барқ дида намешавад. Роҳ ва оби нӯшиданӣ надоранд. Тобистон ҳам аз оби ҷӯйбор танқисӣ мекашанд.
Зиёвиддин Ҳасанов ва Саидшо Назрумшоев дар оилаҳои худ чор-панҷнафарӣ бошанд ҳам, қатори панҷ хонаводаи дигар бекоранд. Бунёди мактаб акнун оғоз шуда, алҳол бачаҳояшон дар мактаби деҳаи Бойқишлоқ таҳсил доранд. Ягона чизе, ки дили муҳоҷиронро ба оянда каме гарм мекунад, ин маркази саломатист. Панҷ моҳ мешавад, ки онҳо аз хизмати духтурон бархурдоранд.
Дар деҳаи Тегирмон аз се ноҳия –Фархор, Темурмалик ва Мӯъминобод ҷамъулҷамъ 141 хонавода замин гирифтааст.
Муҳиддин Шамсов, раиси маҳалла, дар сӯҳбат гуфт, ки аз сабаби беобӣ (дар оила 6 нафаранд) сохтмони хонааш нотамом мондааст. Аз набудани шароит баъзе хонаводаҳо дар маркази шаҳри Турсунзода иҷоранишинанд. Аз хати барқу оби нӯшиданӣ ва роҳ нақше ба назар намерасад.Тобистон ба оби ҷӯйбор ҳам зор мешудаанд. Дар айни замон дар ин мавзеъ ҳамагӣ 6 оила маскун аст.
«Онҳое, ки то имрӯз ба бунёди манзил оғоз накардаанд, то моро набинанд, хона насозанд», -гуфтааст Мӯъминов, сардори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Темурмалик. «Дар кадом асос гуфтааст, ба мо рӯшан нест», -изҳори нигаронӣ намуд М.Шамсов. Ва афзуд, ки «ваъдаҳо дар оғози муҳоҷират хеле калон буд, хати барқу роҳ месозем,об таъмин мешавад, маблағҳои дарозмуддат медиҳем, вале ҳолро худ мебинед. Соли сеюм аст, ки аҳвол чунин аст. Ҳатто ҳамон 8 килограмм тухми гандуми ваъдагиро барои кишт надодаанд.Ин супориш аз ҷониби Руқия Қурбонова, муовини сарвазири ҷумҳурӣ, шуда буд, вале Шарофиддин Раҳимқулов, сардори хоҷагӣ, онро иҷро накард. Се бор ба ӯ муроҷиат намудем, вале… Аз 25-сотихӣ замини киштукор ба ҳар хонавода ҳам, ки порсол мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ваъда карда буд, хабаре нест. Мо аз маркази шаҳр сӣ километр дурем.Барои ҳар бор рафта омадан имкон надорем. Албатта, бо чунин вазъу муносибат ҳалли мушкилот имсол ҳам зери савол мемонад».
Дар шафати деҳаи Пахтабой ба 197 хонавода аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ замин додаанд. Вале Аминҷон Ғафуров, раиси маҳалла, гуфт, ки ғайр аз ноҳияи онҳо 7 хонавода аз ноҳияҳои дигар: Шӯрообод (2), Кӯлоб (1), Восеъ (1) ва шаҳри Қӯрғонтеппа (3) соҳиби замин шудааст. Тақсимоти қитъаҳо 21 майи соли 2007 сурат гирифтааст.То имрӯз аз 100 хонавода 50 оила манзилҳояшро сохта, ними дигараш деворҳоро бардошта, 60 оила таҳкурсӣ рехтааст. 37 қитъаи замин холист. Ҳоло ҳамагӣ 20 хонавода зиндагӣ дошта, интизори онанд, ки дигарон ҳам бо онҳо мепайванданд.
Аз шаш кӯча дутоаш сангфарш аст. Хати оби нӯшиданӣ вуҷуд надорад. Канал беоб аст. Дар аввали деҳа як хати барқ кашидаанд …Бунёди таҳкурсии мактаб идома дошта, муҳоҷирон дар он кор мекунанд. Дар назар аст, ки мактаб то оғози соли нави хониш ба истифода дода шавад. Алҳол бачаҳо дар мактаби деҳаи ҳамсоя таҳсил доранд. Аммо аз маркази саломатӣ на ном асту на нишон.
Ба мардум барои кишту кор 25-сотихӣ замин додаанд. Онҳо аз ин ғамхорӣ шоданд, вале шарт гузоштаанд, ки ҳар хонавода дар охири мавсим ба хоҷагӣ 650-килограммӣ гандум супорад. Ба назари онҳо ин талабот воқеӣ нест.
Қисми зиёди муҳоҷирон кӯчи худро овардан мехоҳанд, аммо бо сабаби надоштани маблағ ин мақсадро амалӣ карда наметавонанд. Муҳоҷир   Маҳмадӣ Қазоқов иброз намуд, ки дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ваъда дода буданд, ки онҳоро бо мошин таъмин менамоянд, аммо чанд бор муроҷиат карда ноумед шудаанд. «Ман шахсан ба се мошин ҳазор сомониӣ дода кӯч овардам. Дигарҳо аз бемаблағӣ ҳайрон мондаанд. Ғайр аз ин ҷойи кор ваъда карда буданд».
Ҳолати кунунии муҳоҷиронро метавон бо як калима – нигаронкунанда унвон кард. Чуноне аён гардид, ягон вазорату идораи масъули ҷумҳурӣ то имрӯз кори бар зимма доштаи худро пурра ба сомон нарасондааст. Ҳатто оби нӯшиданӣ мушкилоти доғи рӯз боқӣ мондааст. То имрӯз ҳар хонаводаи муҳоҷир аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ба андозаи 2,5 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок гирифтааст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода низ ҳиммат карда, ба 11 нафар оилаи бесаробон ду ҳазор сомониӣ ва 9 нафари хоҷатманд ба маблағи 1600 сомонӣ ёрии моддӣ расондааст. 60 нафар дар сохторҳои гуногуни шаҳр соҳиби кор шудааст. Умуман, ҳама муҳоҷирон ба дастгирии моддӣ ва ғамхориҳои дигар ниёз доранд,вале иқдоми дигаре сурат нагирифтааст.
Дар айни ҳол дар панҷ мавзеъ ҷамъулҷамъ 145 хонавода манзилу маъво обод кардааст. Сохтмони 383 хона анҷом ёфта, 292 оила девор бардоштааст, аммо дар 110 қитъаи замин коре сурат нагирифтааст.
20 декабри соли 2008 дар шаҳри Турсунзода таҳти раёсати Руқия Қурбонова, муовини сарвазири ҷумҳурӣ, ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Ҷаласа қарор кард, ки вазорату идораҳои дахлдор баҳри татбиқи вазифаҳои бар зимма гирифтаашон чораҳои амалӣ андешанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои расонидани ёрии моддӣ ба муҳоҷирон дар анҷоми сохтмони хонаҳои истиқоматиашон чораҷӯӣ намоянд. Инчунин дар қарор зикр шуда буд, ки дар мӯҳлати як ҳафта ҷиҳати муайян намудани шумораи оилаҳое, ки то имрӯз сохтмони хонаҳои истиқоматиашонро оғоз накардаанд, дар ҳайати кормандони шӯъбаҳои шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сохтмон ва меъмории Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ва намояндагони шаҳру ноҳияҳои интиқоли муҳоҷирон гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад. Гурӯҳи корӣ дар мӯҳлати як моҳ шумораи чунин муҳоҷиронро муайян намуда, ҷиҳати аз рӯйхат хориҷ намудани онҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои дахлдор супориш ирсол намояд.
То имрӯз марбут ба ин масъала гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, вале ягон кори амалие анҷом наёфтааст. Дар оғози моҳи март, дар ҳар куҷое ки будем, муҳоҷирон мадад мехостанд ва ҳам талаб доштанд, ки ба имдодашон расанд.

Убайдуллои МУРОД,
хабарнигори “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1155

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед