logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 феврали соли 2015, шаҳри Душанбе

Муҳтарам аъзои Шӯро!
Муҳтарам Шарикони рушд!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Дар доираи рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои миллии рушд натиҷаҳои ҳисоботи фосилавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 муаррифӣ шуданд ва ҳоло мехоҳам назари худро доир ба масъалаҳои баррасишуда иброз намоям.
Сараввал бояд хотиррасон намоям, ки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олии мо - баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон дар доираи Эъломияи Рушди Ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст.
Натиҷагирии фосилавии Стратегияи миллии рушд нишон медиҳад, ки мо барои расидан ба ин мақсад ба дастовардҳои назаррас ноил шудаем.
Дар давоми ҳашт соли охир тамоюли мусбати рушди иқтисодӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, тараққиёти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва тамоми манотиқи кишвар таъмин гардид.
Дар ин давра суръати рушди миёнасолонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то ба 7 фоиз расида, сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 53 фоизи соли 2007 то ба 32 фоиз дар соли 2014 коҳиш дода шуд ва сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб беҳтар гардид.
Умуман, дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 бо азму талоши Ҳукумат, шарикони рушд ва заҳмати софдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон бисёр масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ пурра ё қисман ҳал карда шуданд.
Дар баробари ин, бо сабаби вақт ва захираҳои зиёдро талаб кардани ҳалли баъзе масъалаҳо ва мавҷудияти монеаҳои муайян дар ин самт, инчунин вобаста ба вазъи зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон дар роҳи пешрафти кишвар ҳоло ҳам як қатор мушкилот боқӣ мондаанд.
Аз ҷумла, буҳрони молиявии ҷаҳонии солҳои 2008-2009 ва тағйирёбии ҷиддии вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон дар соли 2014, махсусан ноустувории нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, тағйир ёфтани вазъи иқтисоди шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ва бамаротиб зиёд гардидани фишорҳои қурбӣ ба пули миллӣ барои пурра иҷро гардидани тадбирҳо ва нишондиҳандаҳои ҳуҷҷатҳои стратегӣ монеъ гардиданд.
Сарфи назар аз таҳдиду хатарҳои афзояндаи глобаливу минтақавӣ, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст.
Аз ин рӯ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати ҷамъбасти натиҷабахши Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013–2015 ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ, ки муҳлаташон дар соли 2015 ба охир мерасад, аз тамоми имконияту иқтидорҳо самаранок истифода намуда, ҳисоботи ҷамъбастии онҳоро то охири соли ҷорӣ таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар ҳамчун мақсади ниҳоии мо барои давраи минбаъдаи рушд низ боқӣ мемонад.
Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат изҳор намудам, ки ҷиҳати таҳкими заминаҳои рушди босуботу дарозмуддат мо дар стратегияву барномаҳои давлатӣ барои давраи то соли 2030 масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии истифодаи дороиҳои миллӣ, махсусан неруи инсонӣ ва воситаҳои асосӣ, инчунин тақвияти институтсионалии рушди кишварро ҳамчун самтҳои афзалиятнок мешуморем.
Дар робита ба ин, супориш дода мешавад, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шарикони рушд ҳангоми таҳияи стратегияву барномаҳои давлатӣ самтҳои афзалиятноки зикршударо ба инобат гирифта, ба масъалаи баланд бардоштани се нишондиҳандаи асосӣ - самаранокӣ, диверсификатсия ва рақобатпазирии иқтидору захираҳои мавҷуда ва дигар дороиҳои миллӣ дар сатҳи тамоми соҳаҳо ва минтақаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.
Зеро таҳлили таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки барои ноил шудан ба рушди босуботи иқтисодӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, афзоиши содирот ва коҳиш додани воридот танҳо диверсификатсияи содирот кифоя набуда, бояд самаранокӣ ва сатҳи диверсификатсияи тамоми иқтидору захираҳои мавҷуда дар ҳамбастагӣ баланд бардошта шавад.
Дар стратегияи оянда татбиқи се ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар тақвият дода мешаванд.
Дар баробари ин, дар стратегияи навбатӣ масъалаҳои таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва самаранокии низоми молиявӣ, рушди неруи инсонӣ ва сиёсати устувори иҷтимоӣ аз тариқи сифатан баланд бардоштани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ, гуногуншакл намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ дар заминаи коркарди ашёи хом ва дигар захираҳои ватанӣ ва ислоҳоти институтсионалӣ дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар бахши рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки минбаъдаи рушди кишвар муайян карда шаванд.
Аз ин хотир, Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо вазорату идораҳои марбута, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷалби коршиносони баландихтисос, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд то охири соли ҷорӣ лоиҳаи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва лоиҳаи Стратегияи миёнамуҳлати рушдро таҳия намуда, барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Вобаста ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки тамоми стратегияву барномаҳои соҳавиву минтақавӣ дар асоси афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва бо таҳлилҳои асоснок, инчунин дурнамои нишондиҳандаҳои воқеӣ ва чорабиниҳои мушаххас таҳия ва пешниҳод карда шаванд.
Илова бар ин, ба масъалаҳои баланд бардоштани самаранокӣ ва сарфаҷӯии энергетикии иқтисодиёт, беҳтар намудани дастрасии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба захираҳои молиявӣ ва рушди инфрасохтори истеҳсолии бахши кишоварзӣ, рушди туризм, пурзӯр намудани ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини инкишофи баробари минтақаҳои кишвар ҳамчун самтҳои минбаъдаи рушди иқтисодиёти миллӣ аҳамияти хоса дода шавад.
Инчунин, фаъолияти бахшҳои воқеии иқтисодиёти кишвар бо истифода аз технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ бояд такмил дода, истеҳсоли маҳсулоти ватании рақобатпазири дорои ҳиссаи зиёди арзиши изофа бо ҷалби бештари соҳибкорону сармоягузорон таъмин карда шавад.
Ин раванд бояд бо дарназардошти муайян намудани бартариятҳои мавҷудаву имконпазири иқтисоди миллӣ ва самтҳои таъминкунандаи рушд ташаккул ёбад. Дар баробари ин, ҷиҳати таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти кишвар ва бартараф намудани осебпазирии он дар стратегияи минбаъда таҳияи механизму фишангҳои самараноки иқтисодӣ, ки иқтисодиёти кишварро аз таъсири омилҳои ҳассоси беруна эмин медоранд, ниҳоят муҳим мебошад.
Ҳаводиси охири дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба вуқӯъ пайваста бори дигар ин ҳақиқатро собит месозанд, ки ҷаҳони муосир ниҳоят тағйирёбанда буда, барои нигоҳ доштани мавқеи устувор дар он Ҳукумати мамлакат бояд сиёсати иқтисодиву иҷтимоии кишварро бо дарназардошти таъсири омилҳои беруна татбиқ намояд.
Имкониятҳои фарохи кишвар, аз қабили шароити мусоид барои рушди кишоварзӣ ва истеҳсоли молҳои саноатӣ, инфрасохтори рушдёбанда, мавҷудияти ашёи хому кадрҳои соҳибистеъдод дар соҳаҳои мухталиф, муътадилии сиёсӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон барои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар давраи минбаъда заминаи боэътимод хоҳанд буд.
Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат мунтазам талош хоҳад кард, ки новобаста аз ҳолати ноустувори иқтисодиёти ҷаҳони муосир ва заиф гардидани механизмҳои идоракунӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва низоми молиявии он, суботи иқтисодиро дар кишвар таъмин намуда, ҷиҳати беҳдошти зиндагии мардуми кишвар, афзоиши табақаи миёнаи аҳолӣ ва рушди соҳибкорӣ шароити боз ҳам мусоидтар фароҳам созад.
Аз ин лиҳоз, итминони комил дорем, ки саҳми мақомоту сохтори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва мардуми кишвар дар ҳаллу фасли масоили вобаста ба таъмини татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои муайянгардида минбаъд низ афзуда, иштироки онҳо дар раванди таъмини рушд ва ҳамзамон баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат пайваста фаъол мегардад.
Бовар дорам, ки дар раванди амалисозии стратегияҳои мавҷудаи рушд ва таҳияи ҳуҷҷати навбатии стратегӣ, ки самт ва афзалиятҳои рушдро барои ояндаи дарозмуҳлат муайян менамоянд, нақши шарикони рушди Тоҷикистон назаррас хоҳад буд.
Зеро дар баробари чораҷӯии Ҳукумати мамлакат барои татбиқи самараноки афзалиятҳои номбурда ва ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ дастгириҳои назарраси молиявӣ ва техникии шарикони рушд ниҳоят зарур мебошанд.
Муҳтарам аъзои Шӯро!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз мо тасмим гирифтем, ки дар доираи ҷаласаи Шӯро ҳамчунин Форуми рушди Тоҷикистонро доир намоем. Форуми рушдро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода раисӣ менамоянд.
Силсилаи вазифаҳои дарозмуддати дар назди мо гузошташуда дарки амиқ ва дақиқи амалӣ сохтани тадбирҳои ҷомеаи ҷаҳонро дар роҳи гузариш ба рушди устувор талаб менамояд.
Мо итминони комил дорем, ки вохӯрии имрӯза дар ин самт саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш хоҳад кард, ки ҳамкориро бо шарикони рушд дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ таҳким бахшад.
Мо умедвор ҳастем, ки Форуми рушд ҳамчун идомабахши ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои миллии рушд тамоми паҳлӯҳои сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ, ҷараёни татбиқи афзалиятҳои миллии кишвар ва мушкилоти мавҷударо дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ баррасӣ карда, ҷиҳати таъмин намудани рушди иқтисодӣ тавсияҳои амалӣ омода месозад.
Дар Форуми рушд ташаббусу пешниҳодҳо вобаста ба самтҳои афзалиятноки Ҳукумати кишвар баррасӣ мегарданд ва аз ҷониби масъулин оид ба ҳалли онҳо чораҷӯӣ карда мешавад.
Бинобар ин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки нақшаи чорабиниҳоро вобаста ба ҳалли масъалаҳои дар чорабиниҳои имрӯза пешниҳодшуда таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.
Бо ҳамин, кори ҷаласаи Шӯрои миллии рушдро анҷом бахшида, ҷиҳати самараноку натиҷабахш идома ёфтани Форуми рушди Тоҷикистон ба ҳамаи иштирокчиён муваффақият орзу менамоям.
Сарбаланду саломат бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2015    №: 30    Мутолиа карданд: 883

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед