logo

ҳуқуқ

ҲУҶҶАТИ СОЗАНДА ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ

Шариф ҚУРБОНЗОДА,
прокурори вилояти Суғд,
генерал - майори адлия

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ба ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани иқтидори иқтисодии кишвар ва некӯаҳволии мардум равона гардидааст.

Дар ин раванд, новобаста аз таъсири манфии ҷараёнҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, рушди иқтисоди мамлакат дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин гаштааст. Ин ҷост, ки бар асари андешидани чораҳои судманд уҳдадориҳои давлат бобати пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кумакпулиҳо ба аҳолӣ, маблағгузории соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардиданд.
Бо мақсади таъмини зиндагии осудаи шаҳрвандон Сарвари давлат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастуру супоришҳои мушаххас дод, ки баҳри таъмини назорати волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ фаъолияти худро пурзӯртар намоянд. Мақомоти прокуратураи вилояти Суғд баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат тадбирҳои дахлдор андешид. Пеш аз ҳама, ба иҷрои қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии фавти модару кӯдак, табобату нигоҳубини беморон, таъмини шаҳрвандон бо маводи доруворӣ дар муассисаҳои табобатии вилоят таваҷҷуҳ намуд.
Дар рафти санҷишҳо ҳолатҳои ғайриқонунӣ ситондани маблағҳо, дуруст истифода набурдани таҷҳизоти тиббӣ, бархилофи талаботи қонун ба иҷора додани бинову ҳуҷраҳои алоҳида ба муассисаҳои тиббии ғайридавлатӣ ошкор гардида, 14 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Аз ҷумла, барои иҷрои номатлуби вазифаҳои касбӣ, ки боиси фавти беморон гардидааст, нисбат ба мудири шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи шаҳри Истаравшан У. Шукуров ва духтурони беморхонаи №1-и Хуҷанд Р. Бурҳонов ва Ш. Раҳматов, духтури беморхонаи вилоятӣ И. Холматов, табибони беморхонаи ноҳияи Ашт Ш. Қосимова, Г. Абдуллоева ва Г. Орифова парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуданд.
Дар Паём зикр гардид, ки бо вуҷуди дастгирӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон дар ин самт мушкилиҳои ҳалталаб ҳанӯз ҳам зиёданд. Аз ҷумла, вайроншавии оилаҳои ҷавон, ки танҳо соли гузашта 9 ҳазорро ташкил додааст, ташвишовар боқӣ мемонад. Ҳамзамон, ҳолатҳои бастани никоҳи хешовандон боиси таваллуди 13 ҳазор кӯдаки маъюб гардидааст, ки нигаронкунанда мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, солимгардонии оила, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ бо Фармони Президенти мамлакат соли 2015 “Соли оила” эълон гардид ва ин иқдом аз ҷониби аҳли ҷомеа дастгирӣ ёфт.
Таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба иҷрои даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ зери назорати доимии мақомоти прокуратура қарор гирифта, дар ҷараёни санҷишҳо ҳолатҳои дағалона вайрон намудани муқаррароти қонунгузориҳо ошкор гардиданд.  Зимни назорати прокурорӣ 46,6 миллион сомонӣ маблағи андозу пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет рӯёнда шуда, бақияи қарзи андоз 7,1 миллион сомонӣ коҳиш ёфта, 33 ҷиноят ошкор шуд, ки 14 адади он оид ба пинҳон намудани 16,8 миллион сомонӣ маблағи андозҳо мебошад.
Зиёда аз ин, ба суд 7 аризаи даъвоии прокурори вилоят ба маблағи 16,3 миллион сомонӣ оид ба рӯёндани қарзи андозҳо пешниҳод гашт, ки 3 - тои он ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ баррасӣ ва қонеъ гардонда шуд.
Қасдан пинҳон кардани андозҳо дар ҶСП “Шарқ”-и шаҳри Конибодом ба маблағи 4,3 миллион сомонӣ, ҶДММ “Аҳмадзода 67”- и шаҳри Хуҷанд 2,6 миллион сомонӣ, ҶДММ “Мадиёр”- и ноҳияи Ашт 2,2 миллион сомонӣ, ҶДММ “Илҳом К”- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1,2 миллион сомонӣ, ҶДММ “Фатҳи Хуҷанд” 1,1 миллион сомонӣ ва ҶДММ “Эстер”- и ноҳияи Спитамен 1,2 миллион сомонӣ ошкор гашт. Аз рӯи ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд ва маблағҳо ба буҷет интиқол ёфтанд. Гузашта аз ин, ҳолатҳои вайрон намудани муқаррароти қонунгузорӣ марбут ба ҳифзи моликияти давлатӣ ва пардохти музди меҳнат низ ошкор карда шуданд.
Аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилояти Суғд оид ба тасарруфи маблағҳои давлатӣ 38 ва ғайридавлатӣ 42 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш гардид. Чунончи, раиси филиали “Амонатбонк” дар ноҳияи Ғончӣ Б. Рафиев 1,7 миллион сомонӣ, шахсони мансабдори филиали “Амонатбонк” дар ноҳияи Ашт 592,9 ҳазор сомонӣ, директори ҶДММ “Биносоз - Т” Н. Ашӯров 18,4 ҳазор сомонӣ, директори ҶДММ  “Бинокор  Шаҳристон”  С. Ятимов  32,8 ҳазор  сомонӣ,  директори  литсеи  касбии  № 20 ноҳияи Шаҳристон О. Давлатов 24,8 ҳазор сомонӣ, директори литсеи касбии № 36 - и шаҳри Панҷакент Э. Сироҷиддинов 49,3 ҳазор сомонӣ маблағҳои давлатро тасарруф намудаанд.
Дар рафти тафтишоти пешакӣ аз 15,3 миллион сомонӣ зарари аз ин ҷиноятҳо расида, 4,9 миллион сомонӣ барқарор карда шуд. Гузашта аз ин, бо санадҳои эътиноӣ 43,4 миллион сомонӣ музди меҳнати кормандони соҳаҳои барқ, хоҷагии об ва маориф, ки дар муҳлати муайяншуда дода нашуда буданд, пардохт гардиданд. Вобаста ба пардохт накардани музди меҳнат ва риоя нагардидани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ 26 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шуд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди босуботи соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода, бо ин мақсад соли равон 3 миллиард сомонӣ ҷудо намудааст. Дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар шароити имрӯза хеле муҳим мебошад. Зеро аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад. Новобаста аз ин, дар ҷомеа ҳолатҳои ба номи поки омӯзгор доғ овардани ашхоси алоҳидаи мансабдор ҷой дорад.
Дар ҷараёни санҷишҳои прокурорӣ ошкор гардид, ки директори мактаби № 31- и шаҳри Хуҷанд Ш. Ғаффоров 62,2 ҳазор сомонӣ маблағҳои волидонро тасарруф намуда, мудири шуъбаи маориф Б. Турсунов ғайриқонунӣ ба дигар мақомоти давлатии ноҳияи Ашт 38 компютери муассисаҳои таълимиро додааст. Ғайр аз ин, директори мактаби № 3 - и шаҳри Исфара Н. Назирова, директори литсеи касбии № 36 - и шаҳри Панҷакент Э. Сироҷиддинов ва котиби комиссияи имтиҳонотии мактаби № 75- и шаҳри Исфара Н. Ҳошимова бо роҳи сохтакорӣ шаҳодатномаҳо дар бораи хатми мактаб, диплом ва шаҳодатномаи ронандагиро бар ивази маблағҳои муайян ба шаҳрвандон додаанд, ки нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шуданд.
Кормандони прокуратураи вилоят баҳри таъмини иҷрои қонунгузорӣ дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд 499 вохӯрӣ, суҳбату мулоқот доир намуда, ҳамзамон якчанд санҷиш гузаронданд. Дар натиҷа 277 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд, нисбат ба 40 нафар падару модар барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардиданд.
Сарвари давлат дар Паём таъкид кард, ки дар баробари таълим ба масъалаҳои тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад. Аз ин лиҳоз, дастури Президенти кишвар оид ба дар назди Дастгоҳи иҷроия таъсис додани воҳиди нави сохторӣ баҳри ба роҳ мондани назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” фаъолияти мақомоти дахлдорро дар ин самт ҳамоҳанг месозад, ки ин бевосита ба баланд бардоштани ҳисси масъулияти волидон ва муассисаҳои дахлдор мусоидат мекунад. Инчунин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди таъсиси институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз ҷониби Президенти кишвар бамаврид буда, ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, пешгирии савдои онҳо, зуроварӣ нисбат ба ноболиғон равона гардида, ба баланд бардоштани шароити зарурӣ баҳри таъмини оилаи солим ва кӯдаки солим мусоидат мекунад.
Дар Паём зикр гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Вале, терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакатро вазифадор кард, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Мубориза бар зидди ин ҷиноятҳо зери назорати доимии роҳбарияти прокуратураи вилоят қарор дошта, дар давраи соли 2014 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 212 ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор карда, 611,8 килограмм воситаҳои нашъаовари навъи гуногунро мусодира намуданд.
Дар соли сипаригардида дар вилоят 173 ҷинояти экстремистию террористӣ ошкор гардида, вобаста ба онҳо 43 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 123 нафар оғоз карда шуд. Шаҳрвандоне, ки даст ба ҷиноятҳои экстремистию террористӣ задаанд, аъзои ҷамоати “Ҷабҳат-ун-нусра”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҳаракати исломии Туркистон”, “Давлат-ул-ислом” ва “Ансоруллоҳ” мебошанд. Алҳол бо ҷурми содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта 102 айбдоршаванда дар кофтуков қарор дорад.
Аъзои ҳаракатҳои номбурда ин қабил ҷиноятҳоро асосан дар заминаи андешаҳои ифротгароёнаи динӣ, паст будани маърифати динӣ, тарғиби бартарии онҳо аз нигоҳи муносибаташон ба равияҳои гуногуни дини мубини ислом содир намудаанд. Аз ин лиҳоз, прокуратураи вилояти Суғд бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят оид ба мубориза алайҳи ин гуна ҷиноятҳо, сабабу шароитҳои содиршавии онҳоро мунтазам таҳлил ва ҷамъбаст намуда, тадбирҳои судманд меандешад. Дар ин замина, дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ 9 нафар ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуда, ба амалҳои ғайриқонунии худ оид ба аъзои иттиҳодияҳои ифротгаро будан иқрор гашта, бо мақомоти тафтишотӣ ҳамкорӣ намуданд. Нисбат ба онҳо бо асосҳои ғайрисафедкунанда оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шуд.
Ҷиҳати пешгирӣ намудани зуҳуроти ифротгароиву террористӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Юсуф Раҳмонов ба ҳамаи прокуророни поёнӣ дастур дода, талаб намуд, ки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бештар барои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ин равияи хатарнок равона карда шавад. Ҳамзамон, прокуратураи вилоят масъалаи риояи қатъии қонунгузориро дар мубориза бар зидди ин зуҳурот самти муҳим ва афзалиятноки фаъолияти худ эътироф намуда, якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба пешгирӣ намудани онҳо тадбирҳои муассир андешид. Мо сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба равияҳои хатарноки ифротгароиро мавриди омӯзиш қарор додем ва баррасии натиҷаҳои он дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар назар аст.
Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими созанда дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи ҷомеа буда, баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ба мақсади рушди иқтисодиву иҷтимоии давлат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардидааст. Прокуратураи вилояти Суғд минбаъд низ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки аз Паём ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, фаъолияти худро ба роҳ мемонад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2015    №: 32    Мутолиа карданд: 824

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед