logo

иҷтимоиёт

АСОСИ ПОЙДОРИИ ҶОМЕА

Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи эълон намудани соли 2015 – Соли оила аз 3 феврали соли равон таҳти № 352 - ро, ки ҳадафи он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими хонавода ва танзими муносибатҳои оиладорист, сокинони кишвар якдилона ҷонибдорӣ менамоянд.
 Дар ин бобат Файзулло Наҷмиддинов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Файзобод чунин изҳор намуд:
- Дар Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла сухан андар боби оила ва мақоми он дар ҷомеа рафта, таҳти фармони № 352 - и Президенти ҷумҳурӣ соли 2015 - Соли оила эълон гардид. Ин иқдоми наҷиб ва олист.
Оила асоси пойдории давлат ва ҷамъият аст. Дар таърихи башар инсоният баҳри рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддин тӯли қарнҳо ҷаҳду талошҳои зиёд варзида, марҳила ба марҳила ба беҳдошти рафтору ахлоқ, бунёди одоби оила ва оиладорӣ, маърифату фарҳанги ҳамзистӣ замина гузошт, ки пайваста ташаккул ёфта, пеш меравад. Яке аз бунёдгузорони одоби баланди барпо намудани оила ва одоби оиладорӣ ниёгони некноми мо маҳсуб меёбанд. Эҳтироми зан – модар барои ҳар инсони бошараф мояи ифтихор ва қарзи ҷавонмардӣ маҳсуб меёбад.
Муҳаққиқон ба хулосае омадаанд, ки тамоми пешравиҳои олам ба солимии оила сахт марбут аст. Пизишкон бар он ақидаанд, ки маҳз вазъи ҳаёти оилавӣ боиси дарозумрии инсон шуда метавонад. Оилаи солим маскани тавлид, тарбия ва нашъунамои насли оянда ва ҳаёти ҷовидонист. Инсони комил танҳо дар оилаи солим ва муҳити солим ба камол мерасад. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Оилаи солим як омили муҳими пойдории давлат аст ва маҳз фарзандони соҳибмаълумот, бомаърифат ва оқилу зирак ба қадри падару модар, миллат ва Ватани азизашон расида, номбардорони сазовори давлати соҳибистиқлоли хеш мегарданд». Дар ҷомеаи мо оила ҳамчун асоси ҷомеа маҳсуб ёфта, аз тарафи давлат ҳимоя ва дастгирӣ меёбад. Таҳти ҳимояи давлат қарор доштани оила чунин маъно дорад, ки давлат ба масъалаҳои ҳуқуқиву иҷтимоии марбут ба солимӣ ва пойдории оила таваҷҷуҳ зоҳир сохта, ғамхорӣ ба модару кӯдак, таъмини шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи фарзандон, кафолати иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ва пиронсолӣ, хизматрасониҳои зарурии тиббӣ ва ғайраро ба уҳда мегирад.
Имрӯз, мутаассифона, никоҳи барвақтӣ ё бо хешу таборони наздик рушд меёбад, ки оқибати нек ба бор нахоҳад овард. Агар ба таърихи ҳаёти миллатамон назар намоем, мебинем, ки ниёгони некноми мо - орёиҳои бузург, маданияти баланду фарҳанги бой дошта, оиларо ҷузъи муҳимтарин ва рукни асосии ҷомеа ҳисобида, ба оила барпо кардани хешони наздик роҳ намедоданд. Баъд аз пайдоиши ислом, вобаста ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фаҳмишҳои тангназаронаи қабилаҳои араб ақди никоҳ бастан байни хешони наздик то андозае роиҷ гашта, бадбахтона рӯз аз рӯз дар ҷомеа доман паҳн мекунад.

Э. НАЗАРОВ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2015    №: 33    Мутолиа карданд: 1478

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед