logo

порлумон

БОЗ ДУ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ СЕМЕНТ БУНЁД МЕГАРДАД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, гузашт, якчанд созишнома ба тасвиб расид.

Файзуллозода Лочин, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, зимни тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Кока - Кола Ичечек А.С.» оид ба сохтмон ва истифодабарии  корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботӣ» иброз дошт, ки сармоягузор дар шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли ғайримашруботиро бо тамғаи «Кока-Кола» сохта, ба истифода медиҳад. Дар давраи аввали амалишавии лоиҳа ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 30 миллион доллар ва дар давраи дуюм 20 миллион долларро ташкил медиҳад. Бо оғоз  гаштани фаъолият дар он зиёда аз 120 ҷойи кори доимӣ ва 500 ҷойи кори ғайримустақим ташкил мешавад. Иқтидори солонаи он 100 миллион литр-тонна буда, тибқи дурнамо дар давоми панҷ сол аз тарафи корхона ба буҷети кишвар аз ҳисоби пардохтҳои андоз беш аз 20 миллион доллар ворид мегардад.
Файзуллозода Лочин зимни ба тасвиб расидани Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Huaxin Cement Co., LTD»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба сохтмони хатҳои дуюм ва сеюми лоиҳавии корхонаҳои истеҳсоли семент дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» гуфт, ки сармоягузор дар минтақаҳои зикршуда сохтмони ду корхонаи истеҳсоли сементро бо ҷалби 250 миллион доллар, аз ҷумла дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иқтидори истеҳсолии 1 миллион тонна ва дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара бо иқтидори истеҳсолии 1,2 миллион тонна дар як сол сохта, ба истифода медиҳад. Муҳлати татбиқи лоиҳаҳо 1,5 - 2 солро дарбар гирифта, тибқи нақша то охири соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Дар натиҷа беш аз ҳазор нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва музди муносиб таъмин мешавад.
Назар ба гуфтаи Сафаралӣ Гулов, вакили порлумон, бо амалӣ гардидани лоиҳаҳо иқтидори истеҳсоли семент дар кишвар боз ду миллион тонна афзуда, имкони содироти маҳсулотро ба хориҷи кишвар фароҳам меорад.
Акбар Ғуломов, директори ҶММ «Хуаксин Ғаюр семент» иброз дошт, ки дар сохтмони ин ду корхона 300 нафар мутахассис кор мекунад, ки 50 дарсади он аз Хитой буда, баъди ба кор даромадани корхонаҳо 90 дарсади коргарон мутахассисони маҳаллӣ хоҳанд буд.
Бино ба иттилои ӯ, корхонаи мазкур соли гузашта 130 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид кардааст.
Саҳмияи ҶММ «Хуаксин  Ғаюр семент» дар бунёди корхонаҳои Бобоҷон Ғафуров 30 дарсад ва минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 45 дарсад мебошад.
Шодмон Шокиров, муовини якуми директори Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ба тасвиб расидани Мактуб-созишномаи  грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор» гуфт, ки он аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ба маблағи 2,5 миллион доллар ба имзо расид. Мақсади лоиҳа дар оянда баланд бардоштани малакаи низоми омори Тоҷикистон ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок омода ва паҳн намудани маълумоти муътамад ва замонавии оморӣ мебошад.
Сафаралӣ Наҷмиддинов, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» гуфт, ки лоиҳаи  мазкур ба ҳифзи иҷтимоии нафақавӣ нигаронда шуда, ба мақсади мутобиқ намудани низоми таъйиноти нафақа дар ҷумҳурӣ ба принсипҳои асосии суғуртавӣ таҳия шудааст.
Хориҷ кардани коэффитсиенти собиқаи суғуртавӣ имкон медиҳад, ки андозаи нафақаи шаҳрвандон аз рӯи ҳаҷми сармояи шартии нафақавии ташаккулёфта ҳисоб ва таъмин карда шавад. Андозаи нафақавии суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ вобаста ба гурӯҳи маъюбӣ ва дараҷаи аз даст додани қобилияти корӣ гурӯҳбандӣ шуд.
Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки 350 ҳазор нафақахӯр, ки аксари онҳо то соли 1994 ба нафақа баромадаанд, ҳамагӣ то 200 сомонӣ мегиранд. Синни онҳо аз ҳафтод гузаштааст. Барои зиёд кардани нафақаи онҳо бояд чораҳои зарурӣ андешид.
Ҳамчунин Созишномаи кафолати байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа» ба тасвиб расид.  Назар ба гуфтаи Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия, ба ин мақсад 4,9 миллион доллар ҷудо шудааст.
Дар ҷаласа ҳамчунин Созишномаи кафолати байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе» аз тарафи вакилон тасдиқ гардид. Ба ин мақсад аз ҷониби бонки мазкур 8,1 миллион доллар ҷудо мегардад, ки 3,6 миллион доллари он  грант мебошад.
Ҳамчунин, ба қонунҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» ва Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2015    №: 33    Мутолиа карданд: 642

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед