logo

ҳуқуқ

ҲАДАФИ АСОСӢ- ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРӢ

Аҳли ҷомеаи судяҳои ҷумҳурӣ нишондодҳои Паёми навбатии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, дастури кори хеш қарор доданд. Сарвари давлат дар Паём мақом ва нақши ҳокимияти судиро махсус зикр намуда, таъкид кард, ки тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад. Чунки фаъолияти суд ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пайванди ногусастанӣ дорад. Ин баҳои Президенти кишвари мо - судяҳоро уҳдадор менамояд, ки нисбат ба кори худ масъулиятшинос буда, дар ҳалли баҳсҳои судӣ қарорҳои одилона ва қонунӣ қабул намоем.
Сарвари давлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф сохт, ки доир ба мустаҳкам намудани мустақилияти ҳокимияти судӣ марҳала ба марҳала, давра ба давра чорабиниҳоро вобаста ба беҳтар кардани шароити кории судяҳо, бо техникаи наву ҳозиразамон таҷҳизондани биноҳои суд, беҳдошти ҳолати иҷтимоии судяҳо, баланд бардоштани музди меҳнати онҳо тадбирҳои амалӣ андешад. Дар тақвияти гуфтаҳои боло, зикр карданием, ки 5-уми январи соли ҷорӣ бо Фармони Президент Барномаи нави ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 тасдиқ гардид. Татбиқи барномаи мазкур барои боз ҳам устувор шудани сохтори мақомоти судӣ ва пешрафту пурсамар гардондани фаъолияти судҳо, таҳкими ҳамкории мақомоти судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Як нуктаро бояд таъкид намоям, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар ҳамин Паём бори нахуст ҳамкории зичи мақомоти судиро бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид намуд ва бешубҳа, ин дастури бамаврид ва саривақтии Сарвари давлат буда, мақомоти дахлдорро  вазифадор  месозад,  ки ба фаъолияти худ аз диди нав, аз паҳлуи дигар нигоҳ кунанд ва дар роҳи пурзӯр намудани мубориза ба муқобили қонуншиканиҳо дар танҳоӣ неву якҷо саъю талош намоянд.
Ба тасвиб расидани Фармони Президенти мамлакат дар бораи эълон намудани соли 2015 «Соли оила», ки ҳадаф аз он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои хонаводагист, шоистаи дастгирии тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Мо, судяҳо ва кормандони суди шаҳри Ваҳдат талошҳои доимии Сарвари давлатро дар роҳи мустаҳкам намудани оилаи солим ба хубӣ дарк менамоем. Зеро таҷрибаи суди шаҳри Ваҳдат бармало нишон медиҳад, ки теъдоди бекор кардани ақди никоҳ дар байни сокинони шаҳр сол ба сол рӯ ба афзоиш дорад. Ҳамасола роҳбарияти суд ба ин масъалаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, бекоршавии ақди никоҳро таҳлил ва ҷамъбаст намуда, ба унвони ташкилоту корхона ва шахсони мансабдор ҷиҳати пешгирии вайроншавии оилаҳо пешниҳод ирсол менамояд. Ҳамзамон, судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи суди шаҳри Ваҳдат, мувофиқи барномаи махсус, дар ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ маърӯзаҳои ҳуқуқӣ намуда, бо аҳолии деҳот, кормандони ташкилоту корхонаҳо вохӯрӣ, мизҳои гирд ва дигар намуди чорабиниҳо мегузаронанд. Дар натиҷаи тадбирҳои саривақтии андешида маҳз соли гузашта 309 оила вайрон нашуда, ҳоло дар хонадони онҳо хандаи тифлакони солим баланд садо медиҳад.
Мо - судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи суди шаҳри Ваҳдат бо хубӣ дарк мекунем, ки ҳанӯз ҳам дар ин самт аз тамоми имкониятҳо истифода набурдаем. Аз ин ҷиҳат, пас аз дар матбуот чоп шудани Паём роҳбарияти суд нақшаи чорабиниҳоро ҳам доир ба омӯзиши он ва ҳам беҳтару самараноктар ба роҳ мондани фаъолияти суд таҳия намуд. Судя ва кормандони суд вазифадор шуданд, ки бо дарки масъулияти баланди касбӣ ҷиҳати амалисозии адолати судӣ, таъмини волоияти қонун, гузашта аз ин, дар роҳи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, солимии оила тадбирҳои муассир андешида, парвандаҳоро дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ ва санадҳои судии одилонаву қонунӣ қабул намоянд.

Маҳмад РАҲМОНЗОДА,
муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2015    №: 34    Мутолиа карданд: 615

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд

Тоҷикистон. Барои табобати Осия Зулфонова аз Олмон табиб оварданд

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Беларус ба бозор мебарояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед